Дар остонаи зарбулаҷали Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, ба Русия барои қатъи ҷанг дар Украина, Вашингтон дар пайи нафастанг кардани иқтисоди Русия аст ва барои ин кор ҳадафи наве ёфтааст. Он ҳам нафти фурӯшии Русия ба Чин.
Ҳаҷми нафте, ки Чин аз Русия мехарад, як монеаи аслӣ дар музокироти Амрикову Чин дар бораи тиҷорати дуҷониба аст, ки дар шаҳри Стокҳолм идома дорад ва ду тараф саъй доранд, ихтилофҳои зиёдеро барои пешгирӣ аз боҷҳои танбеҳӣ рафъ кунанд.
Бо афзоиши ноумедии Трамп аз президенти Русия Владимир Путин ба далели бетаваҷҷуҳии ӯ ба талошҳои гузашта барои барқарории сулҳ дар Украина, Вашингтон умедвор аст, бо маҳрум сохтани Маскав аз миллиардҳо доллар даромад аз нафт абзори фишори бештар ба даст дорад.
Деннис Вилдер, ки дар аҳди Ҷорҷ Буш, мушовири аршади ӯ дар масъалаҳои Чин буд, ба Радиои Озодӣ гуфт: “Давлати Амрико ба ин дарк расидааст, ки фурӯши нафти Русия ба Чин чӣ қадар аҳамият дорад. Бе фурӯши ин нафт метавон гуфт, ки иқтисоди Русия эҳтимол бештар аз ин шоҳиди суқути иқтисодаш мешуд.”
Посухи Чин
Аммо мойил кардани Чин барои қабули талаботи Амрико сахт будааст, чун мақомоти Чин дар ҷараёни мулоқот гуфтаанд, ки хариди нафт аз Русияро кам намекунанд. Дар вокуниш ба ин мавзуъ Скотт Бессент, вазири молияи Амрико, эҳтимоли ҷорӣ кардани боҷи 100 дарсадӣ барои Чинро матраҳ кардааст.
Вазорати корҳои хориҷии Чин ҳафтаи гузашта дар вокунише ба таҳдиди таърифаҳои бештар дар шабакаи иҷтимоии Х навишт, Чин ҳамвора таъмини хеш бо нафту газро барои манофеи миллиаш тазмин хоҳад кард. Ба гуфтаи вазорат, маҷбур кардану фишор ба ҷое намерасад.
Мақомоти собиқ ва таҳлилгарони бозори нафту газ, ки бо Радиои Озодӣ суҳбат карданд, гуфтанд, Чин ба эҳтимоли ғолиб хариди нафтро аз Русия бас намекунад. Аммо мегӯянд, онҳо шояд Чин ба нишони ҳусни ният барои муддате хариди нафти русиро камтар кунад, то созиши тиҷоратӣ ҳосил шавад ва роҳ барои дидори раҳбарони ду кишвар Си Ҷинпин ва Доналд Трамп дар моҳи октябр боз гардад.
Вале мойил кардани Чин ба коҳиши хариди нафти Русия ба музокироти печидаи Амрикову Чин вобаста аст, ки дар Шветсия идома дорад ва бояд то рӯзи 12-уми август бо созише ба поён расад.
Бар иловаи талаби коҳиши хариди нафт аз Русия, Амрико аз Чин хостааст, ки хариди нафтро аз Эрон батамом қатъ кунад, ки зери таҳримҳои Амрико аст. Эрон 90 дар сади нафти содиротиашро ба Чин мефурӯшад ва ба гуфтаи таҳлилгарон панҷяки нафти Чинро Русия таъмин мекунад.