Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Генерал эътироф кард, ки "дар Ванҷ хунукназарӣ кардаанд" ВИДЕО, САДО


Лаҳзаҳои ҷустуҷӯи Ҳукмишоҳ Саидов
Лаҳзаҳои ҷустуҷӯи Ҳукмишоҳ Саидов

Раҳбарони идораи ҳолатҳои фавқулода дар вилояти Бадахшон ва ноҳияи Ванҷ ба далели "хунукназарӣ" ҳангоми берун овардани ҷасади Ҳукмишоҳ Саидов аз зери тарма ба ҷавобгарии интизомӣ кашидаанд. Ин сокини 21-солаи ҷамоати Язгуломи ноҳияи Ванҷ рӯзи 15-уми январи имсол дар роҳ ба сӯи шикор зери тарма монд ва танҳо баъди ёздаҳ рӯз аз зери барф берун оварда шуд.

Ҷустуҷӯи ҷасади як нафар дар ҷамоати Шинди шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд ҳанӯз идома дорад

"Чаро кормандони МЧС ба назди мо намеоянд?"

Амиршоҳ Саидов, падари Ҳукмишоҳ, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки бо белу каланд писарашро ҷустуҷӯ карданд. Вай аз он шиква кард, ки маъмурони наҷот ба кумак наомаданд, дар ҳоле ки тарма сад метр тӯл ва тақрибан бист метр баландӣ дошт.

"Ҳатто намак пошидем, ки барф зудтар об шавад. Чаро кормандони МЧС ба назди мо намеоянд? Фақат як рӯз як масъули МЧС омад ва бо ҳамин каси дигареро аз ин ниҳод надидем", - гуфта буд ӯ.

Генерал Рустам Назарзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, эътироф кард, ки "дар баъзе ҳолат хунукназарии наҷотдиҳандагон сабаби тӯл кашидани ҷустуҷӯи ҷасадҳо дар зери тарма шудааст."

Гузориши видеоиро дар ин ҷо тамошо кунед:

"Аснои фаромадани тарма дар Ванҷ хунукназарӣ ҷой дошт"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:58 0:00

"Дигар такрор намешавад"

Рустам Назарзода
Рустам Назарзода

Назарзода рӯзи 7-уми феврал дар нишасти хабарӣ аз ҳодисаи тармафароӣ дар ноҳияи Ванҷи вилояти Бадахшон ёдоварӣ кард. "Радиои Озодӣ дар ин бора гузориш дод. Комиссияи санҷишӣ муайян кард, ки воқеан наҷотдиҳандагони мо дар вилоят ба камбуд роҳ доданд. Роҳбарияти кумита масъулони бахши мо дар вилояти Бадахшон ва ноҳияи Ванҷро ба ҷавобгарии интизомӣ кашиданд. Минбаъд чунин ҳодиса такрор намешавад", - афзуд ӯ.

Ба қавли генерал Назарзода, аз аввали имсол дар минтақаҳои Тоҷикистон 125 ҳолати тармафароӣ сабт шудааст, ки дар натиҷаи он 8 нафар ҷон бохта, ҷустуҷӯи ҷасади як нафар дар ҷамоати Шинди шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд ҳанӯз идома дорад.

Генерал Назарзода: Дигар ин кор такрор намешавад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:25 0:00
Линки мустақим


Ӯ гуфт, "кормандони мо дар ҷустуҷӯи нафароне, ки дар зери тарма мондаанд, иштирок карданд. Аз техникаҳое, ки мо аз кишварҳои дигар ва барномаҳо дарёфт карда будем, истифода мешавад. Чи хеле гуфтем, дар як ҳолат кормандони мо хунукназарӣ карда ва вазифаи худро пурра иҷро нанамуданд."

Осебпазирии Тоҷикистон аз тармаву сел

Тоҷикистон ҳар сол дар фасли зимистон шоҳиди барфрезии шадид ва тармафароӣ ва дар аввали баҳору тобистон шоҳиди омадани сел мешавад. Офатҳои табиӣ солҳои охир боис ба ҳалокат ва бе хонаву дар мондани даҳҳо нафар шудааст.

Дар натиҷаи тармафароӣ дар соли 2017 тақрибан сӣ нафар ҷони худро аз даст дода буданд. Дар ин гуна ҳодисаҳо сокинон бештар аз маъмурони наҷот гиребонгир мешаванд, ки ё барои кумак дер расида ва ё барои наҷоти одамон таҷҳизоти зарурӣ надоштаанд.

XS
SM
MD
LG