Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Ба қотили модарам 9 сол доданд”. Шикоят аз ҳукми додгоҳи Хатлон


Саврӣ Ҷурахоноваи 47-сола чор моҳ пеш дар хонааш кушта шуд.
Саврӣ Ҷурахоноваи 47-сола чор моҳ пеш дар хонааш кушта шуд.

Наздикони як зани кушташуда дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аз ҷазое, ки додгоҳ барои қотили ӯ додааст, розӣ нестанд.

Саврӣ Ҷурахоноваи 47-сола чор моҳ пеш дар хонааш кушта шуд. Ба нақли духтари зан, ӯро шавҳараш, яъне падарандари духтар ба қатл расонд. Аз марги зан аввал хоҳарашро огоҳ карданд. Гуландом Ғаюрова, хоҳари зани кушташуда мегӯяд, ҷасади ӯро аз сардхона гирифтанд.

“Соати 3-и шаб ба мо занг заданд, ки омада аз МОРГ (сардхона) ҷасадро гиред. Мо ҳайрон шудем, ки чӣ гап аст. Рафтем, ки дар селофан печонда мондагӣ ҳаст. Ҳамаҷояш, мисле бо корд задагӣ буд,”—гуфт ӯ.

Саврӣ Ҷӯрахонова ва Аъзам Худойбердиев 13 сол ҳамсари ҳамдигар будаанд. Барои ҳарду ин издивоҷи дуввум буда, ҳарду ҳам аз ҳамсарони аввалӣ фарзанд доштаанд. Наздикони зан мегӯянд, зиндагии ӯ бо ҷангу ҷанҷол ҳамроҳ буд, аммо вазъ баъди он бадтар шуд, ки духтари занро бо писари ин мард аз ҳамсари дигараш оиладор карданд.

Шаҳриниссо, духтари зани кушташуда гуфт, зиндагии ӯ бо писари ин мард шаш моҳ давом кард ва онҳо ҷудо шуданд.

“Баъди ҷудо шудани мо ҷангу даъво сар шуд. Пеш аз куштанаш омадам якуним моҳ дар хонааш истодам. Очаам мегуфт, хонаат нарав, ки маро мекушад. Ин чанд бор қасди куштан доштааст. Дар хона будам, як бор гулӯяшро зер кард, дар болояш курпаҳоро чапа кард, ки мекушамат,”—гуфт Шаҳриниссо.

Видеоро инҷо бинед:

Наздикони зани кушташуда аз муҷозоти шавҳари қотилаш норозӣ будаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:41 0:00

Мард дар додгоҳ гуфтааст, ки ҳамсарашро буғӣ карда куштааст. Ба нақли ҳамсояҳо баъд аз ин ҳодиса ӯ худаш ба пулис рафта, ба ҷинояташ иқрор шудааст. Вай барои одамкушӣ 9 сол зиндонӣ шуд. Назари ин мард ва наздиконаш ба ҳукм ва ин қазия маълум нест. Аммо ягона духтари зани кушташуда мегӯяд, аз ҳукм розӣ нест.

Ба гуфтаи ӯ, модараш то замони марг чандин бор аз бадрафтории шавҳар ба мақомот шикоят бурдаву таҳдид шуда буд, аммо касе ба додаш нарасид ва ин ҳолат, ба гуфтаи ӯ, зимни эълони ҳукм ба инобат гирифта нашудааст.

“Отаву бача очаамро заданд, пеш карданд. Очаам рафта, ариза кард, ҳатто модарам рафта духтур гузашт, ҳама ҳуҷҷатҳоро гирифта ба шӯъба бурд, аммо ҳеҷ чорае дида нашуд,”—гуфт ӯ.

Гуландом Ғаюрова, хоҳари зани кушташуда мегӯяд, шоҳиди шикояти хоҳараш аз бадрафториҳои ин мард буд, вале мақомот ҳеч чорае надиданд.

Мақомоти Кумитаи кор бо занон мегӯянд, дар як соли ахир мавридҳои зӯроварӣ ва ҷинояткорӣ алайҳи занон дар кишвар зиёд шудааст. Бино ба иттилои ин ниҳод, дар нимсолаи аввал нисбати занон ва духтарони ноболиғ беш аз 900 ҷиноят содир шудааст. Дақиқ нест, ки чанд ҳолати он ба куштори занон вобастааст, аммо мақомоти интизомӣ пайваста аз марги занон бо дасти шавҳаронашон дар пайи муноқишаҳои оилавӣ гузориш медиҳанд.

Ба назари таҳлилгарон, агар садои занони озордида сари вақт шунида ва ба мушкили онҳо расидагӣ мешуд, шояд кор бо фоҷеа анҷом намеёфт.

Дилафрӯз Самадова, раҳбари созмони ҷамъиятии “Ҳимояи ҷомеа тибқи қонун” (“Pro Bono De Jure”) мегӯяд, “дар ин ҳолати вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва шӯъбаҳои вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳру ноҳияҳо, дар он мебошад, ки ҳангоми муроҷиати зан бо шикоят ва ариза оид ба зӯроварӣ ба чунин аризаҳо диққати махсус диҳанд ва ин аризаҳо санҷида шаванд ва нисбат ба зӯровар чораҳои муҳофизатӣ раво дида шавад.”

Ба гуфтаи таҳлилгарон, дар бисёр маврид бе ҷазо мондани омилони зӯроварӣ дар оила ё бо ҷаримаи ночиз озод шудани онҳо сабаби такрори хушунат ва бо фоҷеа анҷом ёфтани он мешавад.

Дар як гузориши ҳукумат ба СММ гуфта шудааст, ки тарҳи нави Кодекси ҷиноӣ омода шудааст ва он барои хушунат ва латукӯби зан ҷазои ҷиноӣ пешбинӣ мекунад. Аммо ҳомиёни ҳуқуқ ва созмонҳои кор бо занон аз таъхир дар қабули ин санад нигаронӣ мекунанд. Баҳс чанд сол аст идома дорад.

Кумитаи маҳви табъизи занон дар Созмони Милал дар гузориши соли 2024 Тоҷикистонро барои ин танқид кард ва гуфт, ҳарчанд зӯроварӣ ба зан дар хонавода мушкили ҷиддӣ мемонад, ҳамоно ин зуҳурот тибқи қонун ҷиноят эълон нашудааст. Бо қабули ин қонун ва сари вақт ба ҷавобгарӣ кашидани хушунатгарон, ба гуфтаи ҳуқуқдонҳо, метавон аз пайомади бади ҷанҷолҳои оилавӣ ва хушунат пешгирӣ кард.

Наздикони зани кушташуда дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҳам мегӯянд, бояд сари вақт ба доди занони хушунатдида расид, чун “дигар намешавад мурдаро зинда кард.”

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG