Баъд аз гузориши Радиои Озодӣ, мақомот дар шаҳри Ваҳдат монеи вайрон кардани манзили сокинон дар кӯчаи Наврӯз шудаанд. Соҳибони ҳафт хона дар инҷо рӯзи 21-уми июн шикоят доштанд, ки ширкати бинокории “Муҳиддин Суруш” бе ризояти онҳо ва пешниҳоди ҷуброн бо трактору булдозер ҷойи зисташонро вайрон мекунад. То кунун ду хона тахриб карда шудааст.
Сокинон рӯзи 24-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки намояндагони ҳукумат баъд аз зуҳри ҷумъа ба назди онҳо омада, “аз тахриби панҷ манзили дигар пешгирӣ карданд”. Маълум нест, ин қарор доимист ё танҳо фурсатест барои музокироти байни ширкати бинокор ва соҳибони ҳавлиҳо.
Яке аз онҳое, ки хонааш вайрон карда шудааст, рӯзи душанбе гуфт, “намояндагони ҳукумат пурсиданд, ки розӣ будед, хонасоз манзилҳоятонро чаппа кунад? Мо ҳама дар ҷавоб гуфтем, ки розӣ нестем.”
Ин ҳамсуҳбати мо афзуд, “агар навор саривақт пахш намешуд, мумкин буд, манзилҳои дигарро ҳам вайрон мекарданд. Пас аз суҳбати намояндаҳои ҳукумати Ваҳдат то имрӯз касе наомадааст.”
Ба иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, ширкати бинокории “Муҳиддин Суруш” низ трактору булдозерҳояшро аз хонаҳои баҳсӣ берун баровардааст. Вале талоши мо барои гирифтани шарҳи намояндагони ширкат дар чаҳор рӯзи охир бенатиҷа буд.
Дар бораи “Муҳиддин Суруш” маълумоти кофӣ дар даст нест. Қарор аст, ин ширкат дар ҷойи ҳавлиҳо дар кӯчаи Наврӯзи шаҳри Ваҳдат бинои баландошёна бисозад, аммо мардум мегӯянд, ба онҳо на ҷуброни зарурӣ дода шуда ва на арзиши хонаашон пардохт шудааст.
Дар пойтахти Тоҷикистон ва шаҳрҳои дигар баҳсҳои вобаста аз манзили наву кӯҳна зиёд аст. Ҳар чанд вақт сокинон шикоят мекунанд, ки ширкатҳои бинокор манзилашонро тахриб карда ҷуброни ночиз пешниҳод мекунанд. Меъморон мегӯянд ягона роҳ ин аст, ки ширкати сохтмонӣ ва соҳибони манзил бар асоси нархи бозор ба тавофуқ расанд.
Масъалаи таъмини сокинон бо манзил аз мушкили рақами аввал дар Тоҷикистон дониста мешавад. Нархи як метри мураббаи хона дар бисёртабақаҳои шаҳри Душанбе аз 400 то 1800 долларро ташкил медиҳад. Коршиносон мегӯянд, агар онро ба даромади аҳолӣ муқоиса кунем, "фарқ байни замину осмон хоҳад буд" ва зоҳиран баҳсҳо барои хона ҳам беасос нест.