Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳ олими тоҷикро дар вазифааш барқарор кард. ВИДЕО


Аз таҳсил баргашт ва кордиҳандаро водор кард, ӯро ба мақомаш барқарор кунад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:48 0:00

Гузориши видеоӣ дар ин ҷо бинед

Ду донишманди ҷавони тоҷик ба додгоҳ шикоят карданд, ки роҳбарияти Пажӯҳишгоҳи геология ва сохтмони ба зилзила тобовар баъд аз дифои рисолаи илмиашон дар Чин онҳоро дубора ба кор қабул намекунанд. Додгоҳ аз яке аз ин ҷавонон пуштибонӣ кард, аммо роҳбарият мегӯянд, санади илмии ин донишманд дар Тоҷикистон тасдиқ нашудааст ва иҷрои қарори додгоҳ ғайриимкон аст.

Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе даъвои Ҷаъфар Аминов, кормандони пешини Пажӯҳишгоҳи геология ва сохтмони ба зилзила тобовари Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро барои дар ҷойи кор барқарор шуданаш қонеъ кард.

Ҷамшед Аминов, бародар ва намояндаи Ҷаъфар Аминов дар мурофиаи додгоҳӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, тибқи қарори додгоҳ бародараш дар ҷойи кор бояд барқарор шуда, маоши дар ин муддат нагирифтааш пардохт шавад. Ба қавли ӯ, онҳо ҳамчунин талаб карда буданд, ки пажӯҳишгоҳ ба унвони ҷуброни маънавӣ 40 ҳазор сомонӣ бидҳад.

Аммо додгоҳ тасмим гирифтааст, пажӯҳишгоҳ бояд танҳо ду ҳазор сомонӣ ҷуброн пардохт кунад, аммо, ба эътиқоди Аминов қарори додгоҳ дар ин замина барои ҷомеаи тоҷик, аз ҷумла, барои донишмандони ҷавон аҳамияти бештар дорад.

Ҷамшед Аминов гуфт, “ба андешаи ман, муҳим ин буд, ки мо ҷуръат карда, ин қазияро то ба додгоҳ бурдем. Пирӯзӣ дар додгоҳ натанҳо барои даъвогар Ҷавҳар Аминов, балки ба ҳамаи ҷавонон, олимони ҷавон имкон медиҳад, ки дар оянда дар сурати поймол гаштани ҳуқуқашон ба мақомоти дахлдор, аз ҷумла, ба додгоҳ муроҷиат кунанд”.

Аммо роҳбарияти Пажӯҳишгоҳи геология, сохтмони ба заминҷубӣ тобовар ин қарори додгоҳро намепазиранд. Пӯлод Аминзода, мудири пажӯҳишгоҳ дар суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ рӯзи 8-уми июл гуфт, ҳанӯз ҳалномаи додгоҳро дар даст надорад, аммо, ба гуфтаи вай, иҷрои қарор ғайриимкон аст. Вай гуфт, ки баъд аз гирифтани ҳалномаи додгоҳ аз рӯйи қарор ба зинаи болоии додгоҳ шикоят хоҳад бурд.

“Ин ҷавонон ҳуҷҷате дар бораи тасдиқи дифои унвони илмиашон дар Чин дар даст надоранд. Онҳо ба Чин рафтанд ва тамоми таҳсилашон қалбакӣ буд, коғазҳое оварданд, ки вайро ҳеч кас эътироф накарда истодаанд. Дар Тоҷикистон комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаст, вале аз соли 2016 ҳеч касе аз онҳо барои тасдиқи ҳуҷҷатҳои илмиашон ба он ҷо муроҷиат накардааст”, -- афзуд ӯ.

Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон низ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бо қазияи донишмандони ҷавон ошно аст, аммо, ба гуфтаи вай, онҳо танҳо як мушкил доранд – тасдиқи ҳуҷҷати дифои рисолаи илмии худ дар Тоҷикистон.

Ҷамшед Аминов мегӯяд, бо пешниҳоди Пажӯҳишгоҳи геология ва сохтмони ба заминҷубӣ тобовар барои боло бурдани тахассус ба Чин сафар карда, дар он ҷо панҷ сол таҳсил карданд ва рисолаҳои илмии худро дифоъ намуданд.

Зимнан, худи Ҷамшед Аминов низ ба Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур барои барқарор шуданаш дар ҷойи корӣ дар Пажӯишгоҳи геология ва сохтмони ба заминҷуби тобовар муроҷиат карда буд. Додгоҳ ин шикоятро ба фоидаи пажӯҳишгоҳ ҳал кардааст. Аммо то ҳол Ҷамшед Аминов наметавонад нусхаи ҳалномаро ба даст бигирад ва аз он бо додгоҳи шаҳрӣ шикоят барад.

Ба гуфтаи Ҷамшед Аминов, ҳангоми қироати қарори додгоҳ нисбат ба шикояти бародараш Ҷаъфар, қозии парванда ба роҳбарияти пажӯҳишгоҳ ба беэътиноӣ ба сарнавишти донишмандони ҷавон таъкид кардааст. Гуфта шудааст, ки тарбияи донишмандони ҷавон дар меҳвари таваҷҷӯҳи мақомоти олии кишвар аст ва роҳбарияти пажӯҳишгоҳ набояд ба сарнавишти онҳо чунин беэътиноӣ кунад.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (13)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG