Моҷарои оилавӣ байни ду тоҷики муқими Амрико сабаби сарсонии ҳамсар дар Тоҷикистон шудааст.
Умриниссо Холоваи 62-сола, зодаи Тоҷикистон ва шаҳрванди Амрикост. Бисту нӯҳ соли зиндагии ӯ ва ҳамсараш, ки писари амааш низ ҳаст, дар Амрико гузаштааст. Панҷ фарзанд доранд. Шавҳараш Баҳром Бердиев соли 1993 дар Донишгоҳи Бирмингеми Амрико таҳсил карда, баъдан корманди ин донишгоҳ шудааст ва ҳамсару фарзандонашро ҳам ба назди худ бурдааст. Ба гуфтаи Умринисо Холова то соли 2024 онҳо зиндагии хубу ороме доштанд.
Умринисо Холова: “Соли 2024 3-уми октябр ман нохост фаҳмидам. Дар кор будам, бегоҳӣ соати панҷуним хона омадам, ки шавҳари ман як аксро равон кардааст, ба ман не ба духтарам. Ба фарзандҳо гуфт, ки ман зан гирифтам, хона намеоям. Шавҳари ман Бердиев Баҳром, вай ҳам зодаи Шаҳритуси Тоҷикистон аст. Мо 42 сол мешавад зиндагӣ мекунем. Дар зиндагии мо ягон мушкилӣ набуд. Ягон бор маро ту гуфтагӣ набуд. Ман рости гапро мегӯям”.
Умринисо мегӯяд, баъди ин хабар борҳо талош кардааст, бо ҳамсараш мулоқот кунад, аммо ӯ ҳатто тамоси телефониро напазируфтааст. Мегӯяд, ба суроғи шавҳараш, ки аз соли 2018 дар яке аз донишгоҳҳои тиббии Дубай кор мекунад, рафт то баҳси хонаводагиро ҳал кунанд, вале шавҳараш ӯро фиреб доду дидор накард. Пас аз ин, тасмим гирифт, ки ҷудо мешавад, аммо ба мушкилоти дигар рӯ ба рӯ шуд.
Умринисо Холова: “Рафтам бинам, сейфи давлатӣ доштем, ҳардуямон калид доштем, паспорти мо, тамоми санадҳо ҳамонҷо меистод. Бинам хоная документаш нест. Ҳарду харида будем, пулашро дода тамом кардем. Хонаи Амрико, 500 ҳазор доллар додем, тамом кардем. Шаҳодатномаи ман, ақди никоҳ, паспорти тоҷикии ман, паспорти тоҷикии фарзандҳо, тилловорию алмосҳо ба маблағи зиёда аз 30 ҳазор доллар барои арӯсии духтараму келинҳо гирифта будем. Ҳама санадҳое буд, гирифтааст, ягон чиз нест”.
Умринисо Холова, иддао дорад, ки ҳамсараш ҳамчунин тамоми пулҳои ӯро аз ҳисобаш дар бонк низ пинҳонӣ гирифтааст.
Умринисо Холова: “Ҳисобҳоро мебинам. Пулро аз ҷойи кори 25-солаи ман рост ба бонк мерафт. Ман аз вай ягон хароҷот накардам, дар 25 сол. Медонистам, ки ҷамъ мешавад барои оянда, барои фарзандон. Баъд бинам пулҳои ман нест. Ҳамагӣ 17 ҳазор доллар дар як ҳисоб. Нигоҳ кунам, се ҳисоб ба номи худаш, ҳамаи пулҳо нест. Зиёда аз 1 миллиону 375 ҳазор доллар. Ин фақат пулҳои кор кардаи ман буд”.
Аммо мавқеи шавҳари зан - Баҳром Бердиев дар мавриди даъвоҳои ҳамсараш маълум нест. Радиои Озодӣ, талоши зиёд кард, ки бо шавҳари зан сӯҳбат кунад, аммо ӯ ба номаҳо дар имейл ва вотсап посух надод. Зангҳои батакрор дар паёмрасони вотсапро посух надода, қатъ кард. Вале ба гуфтаи ҳамсараш, Баҳром ба фарзандонаш гуфтааст, ки модаратон аз ман ба рӯзноманигорон шикоят бурдааст.
Умринисо Холова мегӯяд, ки ба мақомоти амрикоӣ муроҷиат кард, то аз ҳамсараш ҷудо шавад, вале ба ӯ гуфтаанд, ки ақди никоҳ дар Тоҷикистон баста шудааст, бояд рафта, он ҷо ин ақдро беэътибор кунад. Зан мегӯяд, ба Тоҷикистон омада хабардор шуд, ки 5 хонаеро, ки дар Душанбе ва Шаҳритус харида буданд, ки ду хона ба номи ӯ буд, шавҳараш бо асноди қалбакӣ фурӯхтааст ва волидони ҳамсараш ба боқии хонаҳо ӯро раҳ намедиҳанд. Аммо Чинихол Холова, модари шавҳараш назари дигар дорад: “Мо дар Шаҳритус хона доштем. Ислом омад омад хонданӣ. Инҳо, ки шароиташ набуд, мо ун хонаро фурӯхтем. Хонара фурӯхтем, хоҳари келин ҳамонҷо буд. Баҳром ҳам худаш буд, ҳамонҷо буд. Мо дувоздаҳум сол фурӯхтем, нав омада, кашокаш мекунад. Мо як хато кардем, ки гуфтем, хонаро ба номи Холова Умринисо кунем, ки бачаҳояш омада бишинанд”.
Чинихол Холова даъвоҳои дигари Умринисо Холоваро беасос медонад. Аммо Умринисо мегӯяд, ки агар даъвоҳояш беасос ҳаст, чаро шавҳараш намеояд, то онҳо расман ҷудо шаванд ва боқии баҳсҳоро ба гунаи қонунӣ ҳал кунанд. Ба гуфтаи Умринисо, ӯ ба мақомоти гуногуни Тоҷикистон, додситонӣ, мақомоти корҳои дохилӣ ва додгоҳу ниҳодҳои дигар муроҷиат кардааст, аммо ба муроҷиатҳояш посухе нагирифта, шаш моҳ боз дар Тоҷикистон овора аст. Бидуни санадҳояш, ки шавҳараш онҳоро пинҳон кардааст, коре карда наметавонад. Ахиран барои ёрӣ ба Сафорати Амрико дар Тоҷикистон низ муроҷиат кардааст. Мегӯяд, бо расонаӣ кардани баҳсаш мехоҳад, раҳбарияти давлат ва ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ба мушкилаш расидагӣ кунанд, то тезтар ба Амрико баргардад, зеро як писараш гирифтори саратон аст ва ба нигоҳубин ниёз дорад.