Дар пайи гарон шудани нархи нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ давоми ду ҳафтаи ахир нархи гази моеъ ва бензину солярка Тоҷикистон гарон шудааст.
Кормандон ё соҳибони нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ афзоиши нархро тасдиқ намуданд, вале нахостанд, дар ин бора ҷузъиёт диҳанд. Мақомот ҳам дар ин бора шарҳе надодаанд.
Ронандагон аз таъсири болоравии арзиши сӯзишворӣ изҳори нигаронӣ карданд. Комил Ҳайбуллоев, ронанда аз Душанбе мегӯяд, дар як ҳафта нархи ҳар литр сӯзишвории дизелӣ ё солярка тақрибан 60 дирам гарон шуд.
Дар баробари сӯзишвории дизелӣ, муштариёни бензин ва гази моеъ низ гуфтанд, ки болоравии нархи ин ду навъ маводи сӯхтро эҳсос намудаанд. Ва гароншавӣ ҳамчунон идома дорад.
Шамсуддин Ташрифов, сокини Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, "нархи газ чоруним сомонӣ буд, то 5 сомониву 30 дирам баромад. Солярка 9 сомониву 80 дирам буд, ҳозир 11 сомониву 20 дирам шудааст. Бензин ҳам 9 сомониву чанд дирам буд, беш аз 10 сомонӣ шудааст."
Видеоро инҷо бинед:
Ҳаргуна тағйирот дар нархи маводи сӯхт бахусус газу бензин ба ҷайби мардуми Тоҷикистон бетаъсир намемонад.
Кормандони баъзе аз нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ гуфтанд, поин ё боло рафтани нарх аз онҳо бастагӣ надорад, балки ин раванд аз бозори берунӣ вобаста аст. Яке аз онҳо бе зикри номаш дар суҳбат ба Радиои Озодӣ афзоиши нархи сӯзишвориро оқибати ноамниҳо дар Эрон номид.
Мақомоти Тоҷикистон то ҳол дар бораи пайомадҳои низои беш аз якмоҳа дар Халиҷи Форс ба иқтисоди кишвар расман чизе нагуфтаанд.
Нооромиҳо дар Эрон ва чанде аз кишварҳои дигари арабӣ, ки аз манобеи асосии содиркунандаи нафт ба ҳисоб мераванд, арзиши сӯзишвориро дар бозори ҷаҳонӣ тағйир дода, чунин вазъ ба назари иқтисоддон Ҳоҷимуҳаммад Умаров ба бозори Тоҷикистон бетаъсир нахоҳад монд.
Болоравии нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон дар ҳоле иттифоқ меафтад, ки ахиран ҳукумат барои ворид кардани маҳсулоти нафтӣ ва газ молиёт ё андози нав ҷорӣ кард.
Бар асоси қарори ҳукумат, ки Радиои Озодӣ 17-уми апрел бо он шинос шуд, минбаъд аз ҳар тонна бензин, сӯзишвории дизелӣ ва газ 30 евро пардохти экологӣ ситонида мешавад. Феълан ҳангоми ворид кардан ба Тоҷикистон аз ҳар тонна маҳсулоти нафтӣ 70 евро андози аксиз ситонида мешавад. Ба ин тартиб акнун аз ҳар тонна маҳсулоти нафтӣ 100 евро молиёт ё андоз мегиранд.
Бозори сӯзишвории Тоҷикистон пойбанди бозори берунӣ буда, ба иттилои расмӣ, соли 2025 дар ҳаҷми 1 миллиону 212 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ба кишвар ворид карда шудааст.
Тоҷикистон қариб ҳамаи сӯзишвории мавриди ниёзашро аз Русия ва Қазоқистон мехарад.