Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукуматҳое, ки фикр мекунанд мухолифи ҷиддӣ надоранд, бояд аз чӣ тарсанд?


Тазоҳуроти тоҷирони норозии бозори "Корвон". Моҳи сентябри 2012

Раҷаби Мирзо,

рӯзноманигор ва таҳлилгар

Бознашр аз веблоги "Рӯзи нав"

“Дар Тоҷикистон ҳар нооромие сар занад, аз бозор пеш меояд”

Рӯзи 23-юми августи соли 2012 шаҳрдори пешини Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бори аввалу охир дар таърихи Тоҷикистон ҳамчун як шахси расмии давлат бо фаъолони шабакаи иҷтимоии Фейсбук мулоқот кард. Сӯҳбату баҳсҳои гарме сурат гирифт. Пешопеши ин вохӯрӣ матлаби баҳсбарангези инҷониб бо номи “Бар падаратон лаънат!” дар нашрияи “СССР” чоп шуд, ки ҳолатҳои бозор ва афзоиши нархҳоро пеш аз иди Рамазон, ки ба ҳамон шабу рӯз мувофиқ омада буд, баррасӣ мекард.

Убайдуллоев гуфт, “агар Раҷаби Мирзо ба ин мулоқот омада бошад, ман ҳамроҳаш баҳс хоҳам кард”, чун дар матлаб чанд ишорае ба фаъолияти шаҳрдорӣ дар робита ба афзоиши нархҳо ҷо дошт.

Вақте навбати суханронӣ ба ман расид, сӯҳбатро аз мӯҳтавои ҳамин матлаб оғоз кардам:

“То ин замон фикр мекардам, ки, агар дар Тоҷикистон нооромие шавад, шояд бо сабаби ноҳаққиҳо дар таъмини адолати судӣ, бадрафтории сохторҳои низомӣ бо шаҳрвандон ва масъалаҳое мисли ин пеш биёянд. Аммо як рӯз пеш аз ид хулосаи ман дигар шуд: Худое нахоста, ҳар нооромие пеш биёяд, аз бозорҳост...”

Баъд дар шарҳи иддаои худ мисолҳо овардам. Сардори Раёсати корҳои дохилии пойтахт он замон Бузмаков буд, ки ҳоло насабашро ба Аламшозода иваз кардаву дар курсии муовинии вазир мешинад. Ӯ хост, чанд маълумоти пешовардаи маро, аз ҷумла гаронтар аз арзиши муқарраркардаи шаҳрдорӣ фурӯхтани гӯшт дурӯғ барорад. Гуфт, “ин мардум нозуканд ва гӯшти хубтарро, ки арзиши қимматтар дорад, харидорӣ мекунанду баъд даъво пеш меоранд”.

Дар посух гуфтам: “Маҳмадсаид Убайдуллоевич, аввалан, дар қарори шаҳрдорӣ ишора ба гӯшти хубу нохуб набуд, баъдан, оё ман ба як шахси аз ҳад пулдор монандам, ки гӯшти арзону хубро монда, мераваму гӯшти олитарро бо нархи гаронтар мехарам?”

Баъд боз ҳам мавзӯи сӯҳбатро ба ин нукта бурдам, ки ба ҳукумат маълумоти воқеӣ намерасад, ин дар ҳоле ки бозорҳои Тоҷикистон аз дурӯғу фитна пур шудаанд ва Худое накарда, нооромие дар мамлакат шавад, аз ҳамин ҷо сар мезанад...

Аз байн ҳамагӣ 12 рӯз гузашт. Бегоҳи 5-уми сентябри ҳамон сол бозори калонтарини Тоҷикистон – “Корвон” оташ гирифт. Хисороти мардум аз ҳад зиёд буд. Чун ин бори аввал ҳам набуд, ки ин бозор оташ мегирифт ва савдогарон доим зарари зиёд медиданд, аммо аз ҷониби ҳукумат ё роҳбарияти бозор имтиёзе ба онҳо дода намешуд, аз субҳи барвақти рӯзи дигар онҳо ба кӯча рехтанд. Одамон хеле зиёд буданд. Ин гуна гирдиҳамоиро Тоҷикистон дар солҳои ахир танҳо пас аз боздошти Ҷамшед Сиёев (маъруф ба роҳбари “Мӯҳрабизнес”) дида буд. Мардум анқариб ба маркази шаҳр расиданд. Танҳо онҳо вақте нисбатан ором шуданд, ки Маҳмадсаид Убайдуллоев ба пешвозашон баромад, дар наздашон болои мошин бо баландгӯяк суханронӣ кард ва ваъда дод, ки бозор дар мӯҳлати кӯтоҳтарин аз нав сохта мешавад, ба савдогарон баъзе имтиёзҳо хоҳанд дод, ба тоҷирони қарздор аз бонкҳо дар машварат бо раҳбарони бонкҳои тиҷоратӣ кӯшиш мекунанд сабукиҳое дода шавад. Мардум ба ӯ бовар кард...

Шояд ҳамон таъкидҳои ман дар мулоқот бо фейсбукиҳо ба хотири шаҳрдори собиқ омад, ё ҳар чизи дигаре, ки ба зудӣ ману генерал Абдулло Ҳабибовро, ки вакили шаҳрӣ буд, ба гурӯҳи кории сохтмону ҷобаҷосозии бозори “Корвон” ҳамроҳ намуд. Воқеан ҳам, қисмати оташгирифтаи бозор дар як моҳ аз нав бунёд гардид, мардумро ҷо ба ҷо кардем. Аммо гурӯҳи кории мо то 1.5 сол дар ин бозор фаъолият дошт, хеле масъалаҳои бӯҳронии ҷодошта дар ин бозор ҳалли худро пайдо карданд. Пас аз анҷоми корҳо раҳбарияти бозор ба ману генерал Ҳабибов хеле изҳори сипосу миннатдорӣ ҳам намуданд...

Баъди ин ҳам, бо дархости шаҳрдорӣ то соли 2016 ҳамроҳи Абдулло Ҳабибов дар бахши омӯзишу танзими бозорҳои хӯроквории Душанбе, хоса “Деҳқон” фаъолият доштем. Ин бозор гуфтан мумкин аст, ки таъминоти ғизоии пурраи мамлакатро, аз ҷумла вобаста ба меваву сабзавот ба зимма дорад. Шабу рӯзҳои зиёд, махсусан пешопеши идҳо дар бозор будем. Ҳамарӯза сабт мекардем, ки аз куҷо, кай, чӣ қадар ва чӣ намуди маҳсулот ворид шудаву ба куҷо меравад. Кадом шабу рӯз воридоти чӣ намуди маҳсулот аз кадом минтақа кам ва аз кадом ноҳия зиёд мешавад. Як гурӯҳи калони пуртаъсири миёнаравҳоро, ки дар бозор нишаста, “аз ҳаво пул кор мекарданд” ва боиси аз ҳад зиёд шудани таносуби нархҳо мегарданд, ошкор намудем ва дар ҳамоҳангӣ бо сохторҳои масъул онҳоро аз байн бурдем.

Ба нуқтаҳои аслие, ки меваву сабзавот ворид мешаванд, мерафтем. Медонистем, ки нарх дар он ҷо чӣ қадар аст ва вақте ба бозор ворид мешавад, ба чӣ арзиш фурӯхта мешавад. Зимнан, то он вақт бенизомии хос дар бозорҳо то ҷое аз байн рафт. Афзоиши нархҳо низ пешопеши идҳо то ҳадди имкон пешгирӣ мешуд. Ҳамарӯза маълумоти муфассал ба шаҳрдор пешниҳод мегардид...

Хулоса, набзи асосӣ ва хислати бозор барои мо хеле равшан шуд. Ҳатто дар бораи монополистҳои калону хурд, ки ин ё он намуди маҳсулот, меваву сабзавотро ворид намуда, нархро таъин мекарданд, то ҷои зарурӣ маълумот доштем...

“Баҳори араб” ҳам аз бозор сар шуд

Ҳангомаи чанд рӯзи ахир ва ба бозор рехтани мардуму харидани орду равғани беҳисоб бори дигар исбот мекунад, ки бозорҳо ҳамоно нуқтаи осебпазир барои ҷомеаҳое мисли Тоҷикистонанд. Коршиносони наздик ба Кремл, мисле, ки воқеиятҳои кишварҳои мисли моро хеле хуб омӯхтаанд, ки чанд соли ахир таъкид мекунанд: “Дар ин гуна кишварҳо ба воситаи барномаҳои сиёсӣ чизеро тағйир додан имкон надорад. Танҳо лоиҳаҳои иҷтимоӣ самараноканд”.

Ин бардошт воқеияти худро дар мисоли кишварҳои автократие чун Тунис, ки “баҳори араб” аз ҳамон ҷо оғоз гирифт, исботи худро ёфт. Агар ёдатон бошад, дар Тунис нооромиҳои аввал пас аз он шурӯъ шуданд, ки як донишҷӯ, ки ҳамзамон пас аз дарсҳо дар бозор савдо мекард, ба нишони эътироз аз ноадолатиҳо дар ҷои савдоаш ва муносибати нодуруст ба ӯву одамоне мисли ӯ худро оташ зад. Мардуми дар назар мисли мо “ором”-и ин кишвар ба кӯча рехт ва баъд сар шуд...

Дар Тоҷикистон, тавре мисол аз “мӯҳрабизнес” овардам, агар чанд соли ахири пас аз ҷанги шаҳрвандӣ ба кӯча рехтанд, маҳз сабабу омилҳои моддӣ – иҷтимоӣ дошт: вақте хонаашонро тахриб карданд, вақте пулашонро аз бонкҳо гирифта натавонистанд...

Чанд бор таҳдиди худсӯзии одамон дар байни мардум, ки пас аз қарори ба қавли онҳо ноадолатонаи судҳо маҷбур шуданд, пешгирӣ гардид.

Шояд 10 сол пеш буд, ки дар Хоруғ бо сабаби ё ноадолатии додгоҳ ё муносибати нодурусти масъулон бо шаҳрвандон идораи суд ва милисаро, агар хато накунам, сӯзониданӣ шуданд ва пас аз он гирдиҳамоиҳои давомдор сурат гирифт.

Ҳодисаи ахирин соли 2017 буд, ки ба қасди худкушии аз рӯи хабарҳо ронандаи “таксии 3 сомонӣ” дар назди бинои шаҳрдории Душанбе иттифоқ афтод ва то чанд вақт дар сархатти хабарҳо ҳам буд. Он замон мегуфтанд ӯ аз қарори шаҳрдори нав вобаста ба манъи “таксиҳои сесомонӣ” норозӣ шуда, ин корро кардааст...

Ҳодисаи нисбатан пуровозаву доманаи вусъаташ зиёдтар 10-уми январи соли 2009 иттифоқ афтод. Ёдатон бошад, бегоҳи он зимистони хунук овозаи “заминҷунбии гӯшношунид” одамонро ба кӯчаҳо бурд. Дар бораи ташаббускорони ин овоза назарҳои гуногун гуфта шуданд: ширкатҳои мобилӣ пул кор карданд, салафиҳо ташкил намуданд (чун як рӯз пешаш Суди олии Тоҷикистон онҳоро мамнӯъ эълон намуд)...

Ҳафтаи баъди ин овоза матлабе ҳам навиштам ва таъкид кардам, ки агар ин бесарусомонӣ аз ҷониби кишвари абарқудрате барномарезӣ шуда буду овозаро дигархелтар мекарданд, оё чӣ иттифоқе пеш меомад? Масалан, агар мегуфтанд, ки ягона ҷои аз “заминҷумбии гӯшношунид” бехатар, назди Қасри Президенти собиқ аст, ки ҳоло ҳукумат онро тахриб карданист, ё пеши бинои порлумон.

Мардум ҷамъ мешуду баъд мубтакирон шиор мезаданд: “Ҳукумат истеъфо!”

Оре, агар ин ҳама “лоиҳаҳои моддӣ – иҷтимоӣ” пешкори пуртаъсире медоштанд, ҳар кор шуданаш имкон дошт. Агар ҳодисаҳои хунини баҳманмоҳи соли 1990-ро ҳам ба хотир биёрем, аз чӣ шурӯъ шуда буд? Аз овозаи ба арманиҳои дар заминҷунбӣ бехонамондаи Арманистон додани хона дар Душанбе, ки мардум, хоса зиёиёнаш солҳо мушкили бехонагӣ доштанд...

Вале ба назар мерасад, ки, агар ин овозаҳо созмондодашуда дар хориҷи кишвар бошанд ҳам, мисли солҳои 90 бархӯрди ҷиддӣ карданӣ нестанд. Ҳадафашон танҳо як ҳушдор ба ҳукумат аст, ки бо онҳо кадом баҳси анҷомнадода дораду худро аз ҳад зиёд “роҳат” (комфорт) ҳис мекунад. Вагарна ҳодисаи фирори 25 маҳбус дар августи соли 2010 аз “зиндони №1” низ, ки мегуфтанд изи хориҷӣ дорад, вазъро хеле муташанниҷ гардонид. Матбуоти рус ҳамон вақт таъкидҳое монанд ба ин кард: “вақте маҳбусони ҷиддӣ аз зиндони ҳамагӣ чандсад метр дуртар аз хонаи Президент Раҳмон фирор мекунанд...”

Ин гуна таъкидҳоро дар доираҳои ҷиддӣ ба маънои ҳушдор ҳам фаҳмида буданд...

“Коронавирус”-и пас аз интихобот

Гоҳ - гоҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ имрӯзҳо ишора ба он мекунанд, ки пас аз интихоботи порлумонии ба қавли ҳукумат “орому осуда” анҷомшудаи имсол пеш омадани овозаҳо дар бораи камёфт шудани орду равған ва ба бозору дӯконҳо сарозер шудани мардум бесабаб нест. Аммо инро чандон омили ҷиддӣ ҳисоб намекунанд ва ҷиддӣ баррасӣ ҳам намекунанд. Зеро сахт ба ин боваранд, ки ҳукумат ҳоло чунин мухолифи ҷиддӣ надорад. Манзурашон, албатта гурӯҳҳои шаклгирифтаи сиёсист, ки воқеият дорад.

Бо ин вуҷуд гуфтан имкон надорад, ки элитаи ҳукмрони Тоҷикистон аз ин овозаҳо ба ташвиш наомад. Ба ҳар сурат, бори аввал буд, ки шабакаҳои ТВ ва радиои ҳукуматӣ дар баробари як мушкили мардум паҳлуи онҳо қарор бигиранд, сӯҳбату гузоришҳои бешумор таҳия намоянд.

Дар ҳақиқат, таърих исбот намудааст, ки ҳукумат набояд ҳич гоҳ худро аз ҳад “роҳат” ҳис кунад. Мухолифони ҷиддӣ дар ҷомеа барои ҳамин даркоранд, то тавозунро ба вуҷуд биёранду ҳукуматро гоҳ-гоҳ аз иқдомҳои ноҷояш ҳушдор диҳанд. Ҳатто, агар ин гурӯҳҳо боис ба табдили ҳукумат гарданд, чун баромада аз муҳити дохиланд, барои давлат хатари зиёде дошта наметавонанд. Хатарноку ваҳимтар вақте аст, ки ин гуна иқдомҳои хатарнок аз берун идора шаванд ва сарришта ҳам дар дасти бегонагон бошад.

Фарзи мисол, оё кадом ҳукумат иқтидор дошту дорад, ки барои рифоҳи мардумаш мисли Қаззофӣ дар Либия шароит фароҳам биёрад? Аммо барои тақрибан аз байн рафтани ин давлат ҳамагӣ чанд рӯз даркор шуд? “Таппончаи тиллоӣ” ба Қаззофӣ кумак накард ва ахиран аз даруни як лӯла берун кардаву ваҳшиёна қатл карданд. Қаззофиеро, ки 40 сол дар сари қудрат буд ва дар дохил нерӯи ҷиддии сиёсии мухолифашро намедиду худро аз ҳад роҳат ҳис мекард...

Ин як ҷузъи муҳим дар сиёсатҳост. Ба илова, сари хеле аз ҳукуматҳоро бехабарии онҳо ҳам хӯрдааст. Барои Қурмонбек Боқиев, ки дар пайи як инқилоб ва сарнагунии режими Акаев ба қудрат расида буд, ба ғайр аз эҳсоси “роҳат”-и зиёд дар ҳукумат ва омодагӣ ба тайёр кардани писараш Максим ҳамчун ворис, ҳамчунин бехабарии аз ҳад зиёд ҳам сабаб гардид, ки баъди 5 соли ҳукумат худро базӯр аз кишвар берун оварад. Дар мусоҳибаҳояш баъдан гуфт, то лаҳзаи охир бовар дошт, ки “дар Бағдод оромист”. Ба ташвиш замоне омад, ки овози тирро дар поёни утоқи кориаш дар Қасри сафеди Бишкек шунид ва пас аз зораи бисёре тавассути телефон аз Назарбоеву Лукашенко тавонист худро аз кишвар берун кунад.

Мазмун, ҳукуматҳои аз ҳад “роҳат” маълумоти воқеӣ ҳам дар бораи рухдодҳои дохил надоранд. Ин сабабҳои ба худ хос дорад ва аз вижагиҳои ҳукуматҳои автократу диктаторӣ бармеояд.

Зиёд таъкид шудааст, ки ҳукумати автократу диктаторӣ хос ба раҳбарони заиф аст. Зеро онҳо тавони қудрат дар як кишвари демократиро надоранд. Як пешвои қавӣ дар шароити на осони демократӣ, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар он таъсири амиқ дорад, ба хубӣ ҳукуматро идора мекунад. Мардум ҳам ба ин гуна пешвоҳо эътимод доранд.

Бубинед, ҳамин Раҷаб Таййиб Эрдуғон, ки дар як кишвари нисбатан демократии Туркия раҳбар аст, давлаташро ба чӣ танишҳои дохиливу хориҷӣ рӯ ба рӯ менамояд. Зеро бовар дорад, ки мардум аз ӯ дифоъ хоҳанд кард. Чанд сол пеш, агар чунин бовар намедошту шабона мардумро ба кӯчаҳо даъват намекард, Худо медонист, ки ба сараш кадом рӯзи сиёҳ меомад. Туркҳо баромаданд ва аз пешвои худ пуштибонӣ намуданд. Ҳарчанд дар бораи “дасти дарози” ӯву оилааш дар умури давлатдориву тиҷорат вақтҳои охир баъзан сару садо паҳн мешавад, маълум аст, ки ҳоло “лимити бовар” -ро аз даст надодааст.

Аз ҳама муҳимаш, ӯ гурӯҳҳои тавозунофар дораду худро дар курсӣ сахт роҳат эҳсос намекунад...

Бовар кунед, “роҳати ҳукумат” заволи давлатҳоро наздиктар мебарад....

Аз Идора. Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.

Шарҳҳоро бинед (17)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG