Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"То кай хонандагони тоҷик рӯзи худро бо тоза кардани оғил гузаронанд?"


Саттор Сатторов
Саттор Сатторов

Саттор Сатторов, блогнависи тоҷик

Ёд дорам, як хонанда ба “линейка” ё сафкашии пагоҳирӯзии мактаб дер монд ва сабабашро ба муаллима чунин шарҳ дод: “Модарам гуфт, то оғилро тоза накунӣ, ба мактаб намеравӣ.”

Мо мардуме ҳастем, ки қисми зиёди аҳолии қобили кориамон бо “орзуҳои амрикоӣ” (хона, мошин ва бунёди оила) ва зери номи нохушоянди “гастарбайтер” ё мардикор дар берун аз кишвар заҳмат мекашанд.

Дунболи орзуҳои амрикоӣ, мо нохудогоҳ ба чоҳи бузургу беохире бо номи рӯзгор меуфтем. Урфу одат, шеваи зиндагӣ ва нигоҳу ҷаҳонбиниамон моро водор мекунад, ки хонаи калон ва дар паҳлуи он як оғили аз он ҳам бузургтар бунёд кунем. Чаро?

Зеро мардуми мо дигар ба бонк бовар надоранд, бахши соҳибкорӣ дар кишвар наметавонад “нафаси озод бикашад”, раванди капитализм идома дорад. Ҷомеа ба таври сунъӣ ба истеъмолкунандаи бренди хориҷӣ табдил ёфтааст ва бисёр чизҳои дигаре ҳаст, ки ҳар нафарро маҷбур мекунад, барои зинда мондан ва мустақилона пеш бурдани зиндагии худ мубориза барад. Дар ин шароит аксарият талош мекунанд сармояи худро дар шакли чорво дар оғил нигоҳ доранд.

Ҳангоми амалӣ кардани орзуи дигари худ, яъне харидани мошин ҳам мардуми мо сарфа мекунанд (Бояд муҳаррик камхарҷ бошад, ҳадди ақал хароҷоти худро пӯшонад, бояд то шаҳр мусофирони дигарро ҳам гирифту ақаллан пули газро кор кард). Мо мардуме ҳастем, ки маъмулан мошинҳо аз соҳибонашон бузургсолтаранд.

Дар масъалаи бунёди оила. Дар 20 соли ахир шуруъ аз калонсолон то бархе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ бештар ба издивоҷ бо духтарон аз оилаҳои сарватманд ва ё наздик ба қишри мансабдори кишварро машварат медиҳанд. Бо ин роҳ ба бовари онҳо, таъмини рӯзгори хонаводаҳои калонро мешавад сабуктар кард.

Чӣ тавр бояд бо ин стереотип ё боварҳои қолабӣ мубориза бурд? Бо чӣ роҳ мешавад бори гарони таъмини зиндагии хонаводаҳои бузургро сабук кард? Мо набояд дунболи ғоя ё идеяҳое биравем, ки дар кадом гӯшаи дунё, дар он сӯйи Уқёнус ё кишвари пешрафтае амалӣ шудаанд.

Мо сармояи зиёди инсонӣ дорем. Онҳо зиндагии камбағалонае доранд. Мо ба роботикунонии кишвар ё бунёди корхонаву фабрикаҳое, ки дар он ба ҷойи инсон мошину техника кор мекунанд, зарурат надорем. Мо бояд аз хурд оғоз кунем, аз як кори хурде, ки натиҷаи бузурге дар пай хоҳад дошт.

Дар навбати аввал мо бояд чарогоҳҳоро, ки аз 4 миллион гектар иборат буда, миёни монополистҳои фермерӣ тақсим карда шудаанд, миллӣ ё давлатӣ кунем. Бояд идораҳои масъул ба кабудизоркунии онҳо ва таъмини истифодаи озоду баробарашон дар миёни аҳолӣ вазифадор шаванд.

Дар деҳаҳо бояд дубора сохтани фермаҳои хурдро таблиғ кунем. Фермаҳои саҳомиро. Бигзор ҳар деҳа фермаи худро дошта бошад ва он аз ҷониби чорводорони саҳом таъмин шавад. Ба оилаҳое, ки чорвои худро ба ихтиёри чунин хоҷагиҳо мегузоранд, ба вазни маҳсулнокии корашон бояд ширу пашм ва маҳсулоти дигар ва умуман фоида дода шавад.

Ба шумориши воқеъбинона бигзор оилаҳо вазифадор шаванд, ки тадриҷан ин маҳсулотро ба саҳмияҳо табдил диҳанд ва фермаро ба ширкате, ки фаъолияташ ба воситаи саҳмияҳо танзим шавад.

Дар он сурат мо чӣ ба даст меорем?

  • Ҷойҳои нави корӣ. Ҳоло доштани ҷойи кор дар наздикии хона муд аст. Ин тақрибан мисли кори фосилавӣ аст.
  • Дониши экологӣ ва тозагӣ дар маҳалҳо. Дар деҳаҳо дигар бӯйи ғализи саргин ба машом намерасад, оби ҷӯйҳо пок мешавад ва дигар дар фасли сармо гӯсолаи навзодро ба хотири он ки хунук назанад, дар хона нигоҳ намедоранд.
  • Мизони кори кӯдаконро дар кишвар поин мебарем. Мактаббачаи тоҷик пеш аз рафтан ба дарс дигар оғил тоза намекунад ва пас аз дарс ҳам ба ҷойи китобхонӣ ба алафдаравӣ намешитобад ва машғули варзиш мешавад.
  • Сарфаҳои азимеро ба буҷаи оилаҳо ворид мекунем. Дигар ҳар кас дар алоҳидагӣ барои худ оғил ё работи калони чорво намесозад ва бефикрона хӯроки зиёди чорво харидаву барои зимистон захира намекунад.
  • Ҳар оила маводу маҳсулоти сертификатшуда ва аз назорату санҷиши техникӣ ва санитарию биологӣ гузаштаро истеъмол мекунад.

Аммо равиши кори чунин фермаҳо достони дигар аст ва барои ман навиштани нақшаи тиҷоратӣ ё бизнес-плани он мушкил нахоҳад буд.

Аз Идора. Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.

XS
SM
MD
LG