Хабари нав

"Борони доллар". Боздошти раҳбарони ду ширкати азим бо гумони фасод

Коллаж. Нурлан Жакупов, раиси Бунёди "Самрук Хазина" ва Темир Отиншиев, раиси Роҳи Оҳани Қазоқистон
Коллаж. Нурлан Жакупов, раиси Бунёди "Самрук Хазина" ва Темир Отиншиев, раиси Роҳи Оҳани Қазоқистон

Дар рӯзе, ки ду ширкати азими Қазоқистон аз боздошти роҳбаронашон бо иттиҳоми фасоди молӣ ба ларза омаданд, аз айвон (балкон)-и як маҷмааи бошукӯҳи истиқоматӣ дар пойтахти он кишвар бастаҳои бузурги доллар ба замин рехтанд.

Ин ҳодисаҳо 12-уми ноябр рух дода, фазои расонаии Қазоқистонро гарм карданд. Ҷузъиёт ҳанӯз дақиқ нест. Миёни "борони доллар" ва боздоштҳо низ пайванди рӯшане вуҷуд надорад. Қосимҷомарт Тоқаев, раисҷумҳури Қазоқистон, рӯзи 13-уми ноябр дар ҷаласаи изтирории Шӯрои Амнияти кишвараш фасодро нуқтаи осебпазири ширкатҳои давлатӣ номид.м

Наворҳое дар интернет паҳн шуданд, ки гуё дар беруни маҷмааи бошукӯҳи истиқоматии “Атлант” дар маркази Остона ҷомадону бастаҳои пулро нишон медоданд
Наворҳое дар интернет паҳн шуданд, ки гуё дар беруни маҷмааи бошукӯҳи истиқоматии “Атлант” дар маркази Остона ҷомадону бастаҳои пулро нишон медоданд

Касе болотар аз қонун нест?

Ду нафаре, ки боздошт шуданд, чеҳраҳои муҳим ва роҳбарони ду ниҳоди пурнуфузи давлатии Қазоқистон ҳастанд.

Яке аз онҳо, Нурлан Жакупов, раиси Бунёд ё Фонди "Самрук-Хазина" аст. Ин бунёди давлатӣ дар гузориши худ дар соли 2021 эълом карда буд, ки "тақрибан тамоми дороиҳои стратегӣ"-и ширкатҳои бузурги Қазоқистонро зери назорат дорад. Чизе, ки ба ҳудуди 40 дарсад аз Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилии ин кишвар баробар аст. Маҷмӯи дороиҳои он дар поёни соли 2025 ба тақрибан 87,5 миллиард доллар расид.

Елжас Отиншиев роҳбари ширкати давлатии Роҳи Оҳани Қазоқистон аст. Ин ширкат барои пешниҳоди ибтидоии то 20 дарсад аз саҳмияҳояш дар бозори саҳоми Лондон, Ҳонконг ва Қазоқистон омодагӣ медид.

Ҳарду мансабдор пас аз кори муваффақ дар ширкатҳои бузурги ғарбӣ, дар давраи президентии Қосимҷомарт Тоқаев ба мақомҳои баланд таъйин шудаанд. Тоқаев боздошти онҳоро “нишонаи бисёр ҷиддии фасоди густарда дар ширкатҳои давлатӣ” номид ва гуфт, ин қазия бояд ҳамчун бахше аз талошҳои фарогир барои таъмини баробарӣ дар назди қонун, бавижа пас аз ислоҳи Қонуни асосӣ, арзёбӣ шавад.

Мунтақидон мегӯянд, тағйирот ба Қонуни асосии Қазоқистон беш аз ҳар чизи дигар ба таҳкими пояҳои ҳукумати Тоқаев хидмат мекунад. Дар пайи ин дигаргунӣ, моҳи августи имсол интихоботе баргузор шуд, ки як ҳизби навтаъсис (ҳадафаш пешбурди барномаҳои сиёсии Тоқаев) соҳиби 70 дарсади оро шуд ва нозирони байнулмилалӣ онро башиддат танқид карданд.

Қосимҷомарт Тоқаев
Қосимҷомарт Тоқаев

Тоқаев рӯзи 13-уми ноябр бо оҳанги тунд зидди фасод гап зад. Вай бо ишора ба сабти беш аз 3100 мавриди фасоди молӣ бо зарари тақрибан 560 миллион доллар дар солҳои 2023-2025, исрор варзид, ки ҳеч мақомдоре, новобаста аз мансаб ва пайвандаш, набояд аз қонун боло бошад.

“Албатта, ҳеч гуна фарқ миёни “худиҳо”, “на он қадар худиҳо” ва бахусус “бегонаҳо” нахоҳад буд. Дар Қонуни асосии мо баробарии ҳамаи шаҳрвандон дар назди қонун таъкид шудааст ва мо масъулем, ки ин талаботро иҷро кунем,” – изҳор дошт раисиҷумҳури Қазоқистон.

“Самрук-Хазина”, ки соли 2008 дар замони ҳукумати Нурсултон Назарбоев, раисҷумҳури пешини Қазоқистон, таъсис ёфтааст, дар муомилаҳои бузурги давлатӣ бо ширкатҳои хориҷӣ ва қарздиҳандагони байналмилалӣ нақши муҳим дорад. Чанд ширкати тобеи он, аз ҷумла “Қазатомпром”, ширкати бузурги нафтии “ҚазМунайГаз” ва ширкати ҳавопаймоии “Эйр Остона” аллакай саҳмияҳои худро дар бозори саҳом ба фурӯш гузоштаанд.

Интизор мерафт, ки пулҳо аз фурӯши ибтидоии саҳмияҳои ширкати Роҳи Оҳани Қазоқистон барои навсозии роҳҳои оҳан ва густариши иқтидори ҳамлу нақл дар саросари ин кишвар, аз ҷумла дар масири Долони Миёна ё Транскаспий, ки Чинро бо Аврупо мепайвандад, равона шаванд. Ҳоло рӯшан нест, ки ин раванд тибқи нақша пеш хоҳад рафт ё не.

Расул Рисмамбетов
Расул Рисмамбетов

Расул Рисмамбетов, таҳлилгари иқтисодӣ, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, баъзе аз сармоягузорони эҳтимолӣ хабари боздоштҳоро ба шарте оромона қабул хоҳанд кард, ки ҳисобот ё гузориши молии ширкат дурусту боварбахш бошад.

"Фурӯши ибтидоии саҳмияҳои Идораи Роҳи Оҳанро метавон ба таъхир андохт, вале бештар бо сабабҳои молиявӣ, на обрӯю эътибор. Агар муайян гардад, ки гап дар бораи ришва меравад, на дуздии мустақими пул аз тарҳҳо, вокуниши сармоягузорон бетарафона хоҳад буд. Сармоягузороне, ки пештар вориди бозори Қазоқистон шудаанд, мегӯянд, “муҳим ин аст, ки гузоришҳои молӣ тақаллубӣ набошанд,” - таъкид кард Рисмамбетов.

Қосимҷомарт Тоқаев, раисҷумҳури Қазоқистон, гуфт, ахиран баъзе аз созишномаву қарордодҳо бозбинӣ шудаанд, зеро ба назари ӯ “онҳо иштибоҳӣ имзо шуда буданд”. Вай ҷузъиёт надод.

“Қуттии сиёҳ”

Досим Сатпаев
Досим Сатпаев

Досим Сатпаев, таҳлилгари сиёсӣ, мегӯяд, Бунёди давлатии "Самрук-Хазина" муддати дароз мисли "қуттии сиёҳ" кор кардааст ва иваз кардани роҳбарон мушкилотро аз реша ҳал намекунад.

“Агар сухани як усторо аз латифаи қадимӣ гӯем, дар ин ҷо на танҳо крани об бояд таъмир шавад, балки тамоми низоми Бунёд тағйир ёбад,” – афзуд Сатпаев ва суол гузошт, ки чаро "Самрук-Хазина" натавонист он муассисае шавад, ки ҳангоми таъсисаш аз рӯйи ширкати давлатии сармоягузории Сингапур, Temasek Holdings, пешбинӣ шуда буд.

Олжас Худойбергенов
Олжас Худойбергенов

Иқтисоддон Олжас Худойбергенов, мушовири пешини иқтисодии Тоқаев, боздошти раҳбари Идораи Роҳи Оҳанро дар Қазоқистон фурсате барои мубориза бо фасоди решадор донист. Ӯ шабакаҳои эҳтимолии фасодро дар дохили ширкат чунин тавсиф кард: "Овозаҳо ҳастанд, ки дар он ҷо як мафияи комил кор мекунад. Мафияе, ки қодир аст ба иҷрои дастурҳо халалдор расонад ва ҳатто қатори мусофирбарро аз роҳ берун кунад, то роҳбари содиқ дар пайи ҷанҷоли баъди он аз вазифа сабукдӯш шавад."

Ин боздоштҳо баҳсҳоро дар бораи зарурати ислоҳ ё пароканда кардани "Самрук-Хазина" аз нав доғ кардаанд. Тоқаев нақшаи мушаххасе пешниҳод накарда, аз ҳукумат ва ниҳодҳои назоратӣ хостааст, то 24-уми ноябр пешниҳодҳои худро барои коҳиши фасод ва беҳтар кардани кори ширкатҳои бахши нимадавлатӣ пешниҳод намоянд.

“Борон”-и пул

Дар рӯзе, ки Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон аз боздоштҳо хабар дод, наворҳое дар интернет паҳн шуданд, ки гуё дар беруни маҷмааи бошукӯҳи истиқоматии “Атлант” дар маркази Остона ҷомадону бастаҳои пулро нишон медоданд.

Ин бино дар наздикии ширкати Роҳи Оҳан ва “Самрук-Хазина” ҷойгир аст. Мақомот то ҳол тасдиқ накардаанд, ки оё ин ҳодиса ба боздоштҳо пайванд дорад ё не ва ҳамчунин тасдиқ накардаанд, ки пулҳо аслӣ буданд ё тақаллубӣ.

Баъзе аз блогерҳо иддао карданд, ки яке аз мансабдорони боздоштшуда дар ҳамин бино мезист ва ҳангоми расидани маъмурони амниятӣ ҳашт ҷомадон ва халтаи пур аз пули 100-долларӣ аз боло ба поён партофта шудаанд. Расонаҳои маҳаллӣ ва шарҳнависон дар интернет тахмин мезананд, ки ин пулҳо аз 15 то 40 миллион доллар ҳастанд, аммо расман ягон рақам эълон нашудааст.

Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон ба дархости Радиои Озодӣ дар бораи он ки оё “борони доллар” ба боздошти ду мансабдори гумонзад ба фасод иртибот дорад ё не ва тақдири ин пулҳо чӣ шуд, посух надод.

​
XS
SM
MD
LG