Дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон камаш бист нафар бо гумони пайравӣ аз "Салафия" (ҷараёни тозапайдо ва мамнӯи динӣ дар Тоҷикистон) дастгир карда шудаанд.
Мусоҳибони огоҳи Радиои Озодӣ бо шарти фош нашудани ном гуфтанд, ки боздоштҳо дар як ҳафтаи охир аз сӯйи маъмурони милисаи Қубодиён ва шаҳри Бохтар сурат гирифт. Дар идораи корҳои дохилии ин ду минтақа хабарро шарҳ надоданд.
Як манбаи наздик ба ҳукумати ноҳияи Қубодиён рӯзи 24-уми феврал ба Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки чанд сокини ҷамоати Вопканд боздошт ва бархе раҳо шудаанд.
Ин ҳамсуҳбати мо бо шарти фош нашудани номаш гуфт, шумораи дақиқи боздоштшудаҳоро намедонад, "аммо ҳудуди 10-12 кас феълан дар боздошт ҳастанд". Вай дар бораи иттиҳоми зидди дастгиршудаҳо маълумот надод.
Як вакили мудофеъ, ки волидони боздоштшудаҳо барои ёрии ҳуқуқӣ ба ӯ муроҷиат кардаанд, 24-уми феврал гуфт, "шумораи боздоштшудаҳо аз 20 нафар бештар аст ва ҷустуҷӯ идома дорад".
Ӯ афзуд, баъзе аз боздоштшудаҳо ба "ташкили фаъолияти созмони ифротгаро" гумонзад шуда, бархеи дигар барои ширкат дар ҷанги Сурия муттаҳам будаанд.
“Онҳо гуё дар маъракаҳо ба зидди Иди Наврӯз ва Иди Сада ташвиқ карда, афрӯхтани оташро макруҳ донистаанд,” – афзуд ҳамсуҳбати мо. Ба нақли ин манбаъ, баъзе аз боздоштшудаҳо аз муҳоҷират аз Русия баргаштаанд.
Дар чанд соли охир дар баъзе аз гӯшаҳои Тоҷикистон боздоштҳои дастҷамъии сокинон бо гумони ифротгароӣ сурат мегирад. Мавридҳои охир дар ҷамоати Язгуломи ноҳияи Ванҷ ва маҳаллаи “Дарвоз”-и шаҳри Душанбе сабт шудааст.
Дар ҳарду маврид даҳҳо нафар боздошт ва бархе озоду иддае бо гуноҳи ифротгароӣ ва иттиҳомҳои дигар ба зиндон маҳкум гаштанд. Ҳарчанд мақомот айбномаи онҳоро дуруст медонанд, наздиконашон намепазиранд.