Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз ҳалли бекорӣ то бозбинии равобит бо Эрон. Чанд паёми мардум ба Эмомалӣ Раҳмон. ВИДЕО


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 26-уми январ аз кори яксолаи ҳукумат натиҷагирӣ ва барномаи соли ояндаро эълон хоҳад кард. Маълум нест, мавзӯи суҳбаташ чӣ хоҳад буд, аммо баъзе аз сокинон пешниҳод доранд, ӯ бештар ба масъалаи нархи маҳсулот ва муқобилаи ҷиддӣ бо COVID-19 таваҷҷуҳ кунад.

“Ҳозир бисёриҳо бекоранд, ман ҳам бекорам”

Ҳасан Абдураҳимов, сокини шаҳри Душанбе, ҳамчунин умед дорад, ки президент имсол роҳҳои ҳалли бекориро дар кишвар матраҳ мекунад. "Паём бояд барои беҳбуди корҳо дар кишвар бахшида шавад. Бояд мардум соҳиби ҷойи кор шаванд. Бекор нагарданд. Вақте кор мекуниву маош мегирӣ, баъд ягон чиз мехарӣ. Ҳозир бисёриҳо бекоранд, ман ҳам бекорам", -- гуфт ӯ.

Соли гузашта барои қишрҳои осебпазири ҷомеаи Тоҷикистон болоравии бесобиқаи нархи бештаре аз маҳсулот, бахусус, маводи ниёзи аввал ба мушкили аслӣ табдил ёфта буд. Сокинон интизоранд, ки раиси ҷумҳур дар паёми солонааш ба ин масъала таваҷҷуҳ карда, ба мақомот барои пойин бурдани қимматҳо ва ё ба таври чашмрас боло бурдани маошу нафақа дастури ҷиддӣ медиҳад.

Дар бораи коронавирус чӣ хоҳад гуфт?

Баъзе аз ҳамсуҳбатони мо гуфтанд, мехоҳанд, ки раиси ҷумҳур дар паёми солонааш аз нақши давлат дар табобат ва пешгирӣ аз пайомадҳои бемории ҳамагир низ суҳбат кунад.

Тоҷикистон дертар аз ҳамсоягонаш расидани ҳамагирии COVID-19-ро эълон кард ва ба гуфтаи расонаҳои ҷаҳонӣ бархӯрдаш ба беморӣ муассир набуда, оморе, ки нашр мекунад, баёнгари воқеият нест.

Ҳамчунин муҳоҷирони тоҷик дар Русия шикоят доранд, ки ҳарчанд дар чархондани иқтисоди Тоҷикистон нақши муҳим доштаанд, дар давраи ҳамагирӣ давлат ба мушкилоти онҳо расидагии муносиб надоштааст. Ин дар ҳолест, ки ҳукумати Тоҷикистон иқрор кардааст, пулфиристии муҳоҷирон кам шуда, оилаҳои камбизоат дар Тоҷикистон бештар шудаанд ва дар тақсими ёрӣ барои онҳо шаффофият нест.

Муҳаббат Холматова, ҳамсуҳбати дигари мо, гуфт, хуб аст, агар дар паёми президент ба ин масъалаҳо рӯшанӣ андохта ва ба вазъи оилаҳои камбизоат диққати махсус дода шавад: “Оилаҳои камбизоат ҳастанд, ба инҳо ёрдам диҳанд. Одамоне, ки дар сатҳи паст зиндагӣ мекунанд, ба инҳо бояд бештар мадад карда шавад.”

Наворро инҷо бинед:

Чанд паёми мардум ба Эмомалӣ Раҳмон
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:51 0:00

Дар сиёсати хориҷӣ чӣ дигар шавад?

Рашид Ғанӣ Абдулло, сиёсатшиноси тоҷик ба ин назар аст, ки дар канори мушкилҳои иқтисодиву иҷтимоии сокинони кишвар раиси ҷумҳур бояд имсол сиёсати хориҷии худро таҷдиди назар кунад. Зеро, ба бовари ӯ, баъди ба сари қудрат расидани раиси ҷумҳури нав дар Қирғизистон имкони ҳалли мушкилоти марзии миёни ду кишвар пайдо шудааст.

"Ҳамчунин Тоҷикистон бо ҳар роҳе бояд бо мақомоти Русия музокирот карда, роҳҳои содда намудани сафари муҳоҷирони кории тоҷикро ба бозори ин кишвар пайдо кунад. Зеро маҳз муҳоҷирони корӣ омили асосии суботи иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон ҳастанд”, -- гуфт ӯ.

Аз сӯи дигар, Рашид Ғанӣ Абдулло мегӯяд, баъди ба сари қудрат расидани Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико эҳтимоли беҳбуди равобити Вашингтон бо Эрон пайдо мешавад. Ин таҳлилгар ба ин назар аст, ки Тоҷикистон бояд омода бошад, ки аз зарфиятҳои бузурги иқтисодии Эрон истифода кунад.

Ӯ афзуд: “Вақте соли 2017 созишномаи ҳастаии Эрон ба имзо расид, ин кишвар имкон пайдо кард, ки ба иқтисоди баъзе аз кишварҳои пасошӯравӣ, назири Қазоқистону Узбекистон ва Гурҷистон маблағҳои бузургеро сармоягузорӣ кунад. Дар сурати бозгашти Амрико ба созиши ҳастаӣ чунин имконият дубора пайдо мешавад ва Тоҷикистонро зарур аст дар ин масъала пешдастӣ кунад. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон бояд ихтилофҳои қаблии сиёсиро бо Эрон сарфи назар кунад”.

"Ҳар он чӣ бинависанд…"

Дар ҳамин ҳол, як манбаи Радиои Озодӣ, ки солҳо дар дафтари раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият карда, бо наҳваи омода кардани матни паёми президент ба порлумон ошно аст, бо шарти ифшо нашудани номаш гуфт, маъмулан раиси ҷумҳур матни омодашудаи паёми солонаро ироа мекунад.

Ба гуфтаи вай, "аввал вазоратҳо дастур мегиранд, ки пешниҳодҳои худро барои паём омода кунанд. Сипас, масъулони бахшҳо матни онро таҳрир карда, дар ниҳоят як гурӯҳи корӣ матни ниҳоии паёмро ба президент пешниҳод мекунанд. Гоҳе ҳам бахшҳое аз паёмҳои гузашта дар паёмҳои нав такрор мешаванд."

Ҳамасола раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар паёми солонаи худ ба ҳарду палатаи порлумони кишвар ҳадафҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати давлати Тоҷикистонро шарҳ медиҳад. На ҳамеша ин паёмҳо баёнгари вазъи воқеӣ дониста мешаванд ва ба гуфтаи сокинон, на ҳамаи нақшаҳое, ки дар паём эълон мешаванд, ба иҷро мерасанд.

Шарҳҳоро бинед (16)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG