Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро Абдуқодир Талбаков "дар ҳеҷ ҷой намеғунҷад?"

Ҷамшед Ёров, Мирзонабии Холиқзод ва Зафари Сӯфӣ дар барномаи "Гапи Озод"
Ҷамшед Ёров, Мирзонабии Холиқзод ва Зафари Сӯфӣ дар барномаи "Гапи Озод"

Абдуқодир Талбаков (Абдуқодири Абдуқаҳҳор), яке аз фаъолони мадании тоҷик, шикоят дорад, ки ӯро барои кор дар ягон идораи илмии Тоҷикистон роҳ намедиҳанд. Ӯ бо ошкоргӯйӣ дар мавриди дин ва баъзе аз мушкилоти ҷомеа шинохта шудааст.

Талбаков дар моҳи октябр бо нашри наворе дар Фейсбук гуфт, ки раҳбарони Пажуҳишгоҳи фалсафаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз ӯ хостаанд, ки аз кор биравад. Касеро, ки ба гуфтаи худаш сарсупурдаи сиёсатҳои ҳукумати Тоҷикистон аст ва мехоҳад, дар татбиқи онҳо саҳм бигирад.

Чаро Абдуқодир Талбаков (Абдуқодири Абдуқаҳҳор) бо вуҷуди сарсупурдагӣ ба қавле ронда шудааст? Мушкил дар худи ӯст ё низоми Тоҷикистон? Мавзӯи баҳси “Гапи озод” дар ҳамин бора аст ва меҳмонон – рӯзноманигор Зафари Сӯфӣ ва ҳуқуқдон Ҷамшед Ёров аз Аврупо. Абдуқодир Талбаков гуфт, ки наметавонад дар барнома ширкат кунад.

Чанд суоли барнома:

Чаро мақомоти Тоҷикистон аз Абдуқодир Талбаков парҳез мекунанд?

Абдуқодир Талбаков худро зардуштӣ эълон карда, аксаран ақидаҳои ифротиро дар ислом танқид мекунад. Ин ақида ҳаст, ки гуё ӯро барои ғайримусулмон буданаш хуш надоранд. То куҷо дуруст аст?

Дар Тоҷикистон асосан мунтақидони давлат, ки ҳоло кам мондаанд, ба идораҳои давлатӣ ба кор қабул намешаванд ва ё шаванд ҳам ба сахтӣ онҳоро ба кор мегиранд. Ҳоло ин гуна рафтор бо як пайраву ҳомии вафодори ҳукумат баёнгари чист? Яъне танқиди андак ҳам набояд бошад?

Барномаро дар ин ҷо бинед:

Чаро Абдуқодир Талбаков "дар ҳеҷ ҷой намеғунҷад?"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:25:04 0:00
  • Акси 16x9

    Мирзонабии Холиқзод

    Аз соли 1995 дар Радиои Озодӣ кор мекунад. 13 сол мудири дафтари радио дар Душанбе буд. Муаллифи “Гапи Озод”, баҳс доир ба мавзӯи доғи рӯз.

  • Акси 16x9

    Тоҳири Сафар

    Аз соли 1999 корманди Радиои Озодист. То 2001 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе фаъолият дошт ва ҳоло дар Прага кору зиндагӣ мекунад.

Гӯшаҳо
​
XS
SM
MD
LG