Дар чанд ҷумла
Абдуқодири Абдуқаҳҳор гуфт, аз мақомаш истеъфо дод
Рӯзноманигор Абдуқодири Абдуқаҳҳор (Абдуқодир Талбаков), ки бештар бо баҳсҳои тундаш дар бораи дину ойин дар шабакаҳои иҷтимоӣ маъруф аст, аз мақоми мудири Китобхонаи ба номи Лоҳутии шаҳри Душанбе истеъфо додааст.
Номи ӯ дар чанд ҳафтаи охир, пас аз тасмимаш барои ташкили ҷомеаи зардуштиён дар Тоҷикистон, пурсарусадо шуд.
Абдуқодири Абдуқаҳҳор рӯзи 6-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, "дар аввали сол аризаи аз кор рафтанро дод" ва "ҳоло шаҳрдори Душанбе имзо кард".
Ин рӯзноманигори тоҷик дар вазифаи мудири Китобхонаи ба номи Лоҳутӣ ҳафт сол кор кардааст. Дар гузашта мудири шуъбаи фарҳанги ҳукумати Душанбе, мудири телевизиони "Пойтахт" ва раиси Радиои Тоҷикистон буд.
Ӯ афзуд, ҳанӯз барояш вазифае пешниҳод нашуд ва ҳоло барои сабтиноми ҷомеаи зардуштиён дар Тоҷикистон талош дорад.
Таъсиси ҷомеаи зардуштиён пас аз марги Одина Шоҳӣ, яке аз пайравони ин ойин дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, ба миён омад. Одина Шоҳӣ рӯзи 9-уми феврали имсол дар 92-солагӣ даргузашт. Зардуштия аз динҳои кӯҳантарини дунёст.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Бонки миллӣ сиккаҳои тилоии 500 сомонӣ мефурӯшад
Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ба муносибати 35-солагии истиқлолияти Тоҷикистон, сиккаҳои ҷашни нуқрагин ва тилоиро ба муомила баровардааст.
Танга ва ё сиккаҳои хотиравӣ аз 50 то 500 сомонӣ арзиш доранд. Дар ин тангаҳо нишони давлатии Тоҷикистон ва арзиши он ифода шудааст.
Дар аксҳои ин сиккаҳо, ки Бонки миллӣ нашр кардааст, дар давродаври танга навиштаҷоти «Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ сабт шудааст ва ба гуфтаи бонк: «дар қисмати рости поёни доираи берунӣ иёри филиз Au 999 - тилло, Ag 925 - нуқра ва вазни танга нишон дода шудааст.”
Радиои Озодӣ бо саволи ин ки оё нархи тангаҳои ҷашнӣ чанд аст, ба Бонки миллӣ муроҷиат кард. Як корманди он шарҳ дод, ки нархи фурӯши ҳар танга вобаста аз вазни он таъйин мешавад.
Дар рӯи сиккаи тило ё нуқра вазни он навишта шудааст ва мутобиқ ба нархи ин филизот дар бозори ҷаҳонӣ дар ҳамон рӯз, сиккаҳо ҳам бо ҳамон арзиш фурӯхта мешаванд. Сиккаҳои хотиравӣ бо тасвири «Маҷмааи Истиқлол», манзараҳои Тоҷикистон — кӯҳу пиряхҳо, табиат, роҳу нақб ва неругоҳ таҳия шудаанд.
"Азия Плюс" аз ин пас бо хатти форсӣ ҳам дастрас аст
"Азия-Плюс", яке аз расонаҳои камшумор ва мустақили Тоҷикистон бори аввал дар таърихи худ, бахши форсӣ роҳандозӣ кард.
Ин расона, ки хабаргузорӣ ва нашрияву радио ва маҷаллаҳои дигар низ дорад, гуфтааст, ки ҳадафи асосии нашри матолиб бо хатти форсӣ, «дастрас кардани хабару иттилои муҳим дар бораи рӯйдодҳои Тоҷикистон, минтақа ва ҷаҳон ба форсизабонони ҷаҳон аст.»
Умед Бобохонов, мудири кулли гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" гуфтааст, ки яке аз ҳадафҳои бахши нав «эҷоди пули иртиботӣ миёни Тоҷикистон ва ҷаҳони форсизабон аст.»
Дар баёнияи «Азия Плюс» омадааст, ин бахш «ба муаррифии паҳлуҳои гуногуни ҳаёти Тоҷикистон, аз ҷумла иқтисод, ҷомеа, адабиёт, илм ва фарҳанг, инчунин имкониятҳои сармоягузорӣ, зарфиятҳои гардишгарӣ ва мероси таърихию фарҳангии кишвар ба форсизабонҳо равона хоҳад шуд.»
"Азия-Плюс", ки дар ибтидо фақат бо забони русӣ хабару гузориш нашр мекард, ҳоло бо ду забон матлабу барномаҳояшро нашру пахш мекунад. “Азия Плюс” танҳо дар cаҳифаҳои худ ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ дар Фейсбук бештар аз 300 000 пайрав дорад.
Футболбозони ҷавони тоҷик ба Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфтанд
Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо шикаст додани ҳамсолони худ аз Урдун, ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳхат гирифт.
Футболбозони ҷавони тоҷик рӯзи 6 август дар даври ниҳомии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиёи -2027, мунтахаби ҷавонони Урдунро бо ҳисоби 1:0 шикаст доданд.
Голи ягонаи ин рӯёрӯиро Муҳаммадҷон Исҳоқов дар дақиқаи 55-и бозӣ вориди дарвозаи урдуниҳо кард.
Ҳамин тавр, шогирдони Рустам Хоҷаев бо шаш имтиёз ва садрнишинӣ дар гурӯҳи худ, ба марҳилаи ниҳомии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфтанд.
Ҷоми Осиё-2027 миёни мунтахабҳои U-20, соли оянда дар Чин баргузор мешавад.
Дар Душанбе паради низомӣ доир шуд
Рӯзи 7 сентябр дар майдони "Истиқлол"-и шаҳри Душанбе ба муносибати 35-уми солгарди Истиқлоли Тоҷикистон парад ё гузашти низомӣ доир шуд.
Тибқи иттилои расмӣ, дар ин парад, ки боз ҳузури президент Эмомалӣ Раҳмон доир шуд, ҳазорон низомӣ иштирок карданд.
Ба ин муносибат, субҳи 7 сентябр равуои нақлиёт дар бархе аз хиёбонҳои пойтахт маҳдуд шуд.
Дар назар аст ба муносибати ҷашни истиқлол дар ҳама шаҳру ноҳияҳои кишвар парадҳои низомӣ ва барномаҳои фарҳангӣ баргузор шаванд.
Тоҷикистон 9-уми сентябри соли 1991 ва баъди аз ҳам пошидани Иттиҳоди Шӯравии собиқ истиқлолияти хешро расман эълон кард.
Созиши 5 кишвар барои интиқоли муҳоҷирони бесанад ба берун аз Аврупо
Олмон, Австрия, Юнон, Дания ва Ҳолланд эълон карданд, дар талошанд то поёни соли ҷорӣ бо кишварҳои берун аз Иттиҳоди Аврупо барои таъсиси марказҳои бозгардонидани муҳоҷироне, ки санади иқомати қонунӣ надоранд, ба созиш бирасанд.
Вазирони корҳои дохилии ин кишварҳо рӯзи 4 сентябр дар Копенгаген гуфтанд, дар бораи гомҳои мушаххас барои даст ёфтан ба чунин созише ба тавофуқ расиданд, аммо аз кишварҳои эҳтимолии мизбони ин марказҳо ном набурданд.
Александр Добринт, вазири корҳои дохилии Олмон гуфт, ҳадаф ин аст, ки созиш бо кишварҳои севум дар соли ҷорӣ ниҳоӣ шавад. Ин кишварҳо қарор аст дар поёни моҳи сентябр бори дигар дар Мюнхен ҷаласа баргузор кунанд.
Порлумони Аврупо дар моҳи июн ислоҳотеро дар сиёсати муҳоҷиратии ин иттиҳодия ворид кард, ки раванди ихроҷи муҳоҷиронро метезонад ва таъсиси марказҳои бозгардондан дар берун аз иттиҳодияро мумкин мекунад.
Шӯрои Аврупо ва чанд созмони пуштибони ҳуқуқи башар ҳушдор додаанд, ки чунин марказҳо метавонад ҳуқуқҳои асосии паноҳҷӯёнро нақз кунад. Шӯрои паноҳандагони Дания низ гуфтааст, ки ин тарҳ монеи истифодаи муҳоҷирон аз масирҳои хатарноктаре хоҳад шуд.
Ҳукумати Дания интизор дорад то поёни соли 2027 имкони интиқоли муҳоҷирон ба яке аз ин марказҳоро фароҳам кунад. Мақомҳои панҷ кишвар ҳамчунин гуфтаанд, дар бораи марҳилаҳои баъдӣ бо Созмони Байнулмилалии Муҳоҷират ва Комиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон, гуфтугӯ хоҳад кард.
Фиристодагони Трамп ба Киев ва Маскав сафар мекунанд
Раисҷумҳури Украина мегӯяд, Стив Виткофф ва Ҷаред Кушнер, ду музокиракунандаи баландпояи ҳукумати Доналд Трамп дар рӯзҳои оянда барои гуфтугӯ дар бораи ҷанги Украина ба Киев сафар хоҳанд кард ва қарор аст ҳамзамон музокироте низ дар Маскав дошта бошанд.
Хабаргузории давлатии Русия -- ТАСС рӯзи 4 сентябр ба нақл аз як манбаъ гузориш дод, ки сафари ин ду мақоми амрикоӣ ба Русия ва Украина мумкин аст рӯзҳои шанбе ва якшанбе анҷом шавад, ҳарчанд вақти дақиқи ин сафарҳо ҳанӯз расман тасдиқ нашудааст.
Ин манбаъ ҳамчунин гуфт, Русия бо сафари онҳо ба Киев мухолиф аст ва талош мекунад барномаи ин сафарро тағйир диҳад.
Виткофф ва Кушнер дар моҳҳои ахир нақши аслиро дар талошҳои ҳукумати Трамп барои миёнҷигарӣ миёни Русия ва Украина бар ӯҳда доштаанд. Дар сурати анҷоми сафар ба Киев, ин нахустин сафари онҳо ба Украина дар ин чорчӯб хоҳад буд.
Онҳо пештар чанд бор бо мақомҳои Русия гуфтугӯ кардаанд ва охирин бор дар моҳи январ дар Маскав чаҳор соат бо Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дидор доштанд.
Бо гузашти чаҳоруним сол аз ҷанг, ҳанӯз ихтилофҳои амиқе байни Маскав ва Киев бар сари шартҳои поён додан ба он вуҷуд дорад.
Русия хостори вогузории бахшҳои бештаре аз хоки Украина аст, аммо Киев шартҳоеро, ки ба гуфтаи мақомоти Украина ба маънои таслим шудан бошад, рад мекунад.
Ҳамлаи Русия ба қароргоҳи Хадамоти амнияти Украина
Раисҷумҳури Украина рӯзи 4 сентябр хабар дод, ки як паҳподи русӣ ба қароргоҳи Хадамоти амнияти ин кишвар дар Киев бархӯрдааст.
Владимир Зеленский ваъда дод, ки Украина интиқоми ин ҳамларо хоҳад гирифт. Ӯ бо нашри ин хабар дар Телеграм навишт, "ин паҳпод мустақиман бинои дафтари раиси Хадамоти амниятро ҳадаф гирифтааст".
Раисҷумҳури Украина мегӯяд, ба нерӯҳои ин кишвар дастур додааст, ки "посухе муносиб" ба Русия бидиҳанд ва дар сурати имкон, вақте ҳама чиз омода шуд, вокунише нишон диҳанд, ки "монанди ин ҳамла" бошад.
Ҳамлаи Русия дар пайи ҳамлаҳои ҳавоии пайвастаи ин кишвар алайҳи Украина дар даҳ рӯзи ахир рух додааст.
Аксҳо ва наворҳои видеоии нашршуда нишон медиҳад, ки пас аз ин ҳамла дуди сиёҳ ва ғализе дар маркази шаҳри Киев ба ҳаво бархост.
Шаҳрдори Киев эълон кард, ки дар ин ҳодиса дастикам ҳафт нафар захмӣ шудаанд. Ҳанӯз маълум нест оё аъзои Хадамоти амниятии Украина низ дар миёни захмиён ҳастанд ё на.
Ин ҳамла дар ҳоле рух дод, ки дар беш аз чаҳоруним соли ҷанг бо Русия, биноҳои давлатии Украина хеле кам ҳадафи ҳамлаҳои паҳподӣ ва мушакӣ қарор гирифтаанд.
Хадамоти амнияти Украина нақши муҳиме дар фаъолиятҳои ҷангии ин кишвар дорад ва амалиёти густурдаеро барои осеб задан ба мошини ҷангии Русия ва зерсохтҳои энержии он дунбол мекунад.
Хадамоти амнияти Украина дар солҳои ахир амалиётҳои ногаҳонӣ ва бепарвоёнаеро алайҳи Русия анҷом додааст, аз ҷумла, бамгузории пуле дар соли 2022, ки Русияро ба нимҷазираи Қрим мепайванд ва ҳамлаи паҳподии соли 2025 бо номи "Тори анкабут", ки бамафканҳои стратегии Русияро дар умқи он кишвар ҳадаф қарор дод.
Хадамоти амнияти Украина ҳамчунин яке аз бозигарони аслӣ дар маъракаи террори махфиёнаи мақомҳои баландпояи низомии Русия ва дигар шахсиятҳо шинохта мешавад, ки Украина онҳоро ба иртикоби "ҷиноятҳои ҷангӣ" муттаҳам кардааст.
Ба Алишер Мирзонабот баъди маргаш мукофоти давлатӣ доданд
Алишер Мирзонабот, собиқ раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки чанд моҳ пеш дар як садамаи нақлиётӣ ҷон бохта буд, бо фармони президенти Тоҷикистон бо орден ё нишони Исмоили Сомонӣ дараҷаи 2, қадрдонӣ шудааст.
Ин мукофоти давлатӣ рӯзи 4 сентябр тайи маросиме дар шаҳри Хоруғ аз ҷониби Сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди ҳукумати Тоҷикистон Шералӣ Мирзо ба падари Алишер Мирзонабот супурда шуд.
Ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи II, яке аз мукофотҳои олии давлатии Тоҷикистон буда, шахсони масъули давлатӣ, ходимони ҷамъиятӣ ва шахсони дигар барои хизматҳои шоиста сарфароз гардонида мешаванд.
Алишер Мирзонабот ва ҳамсару як фарзанди хурдсол ва ёвару ронандааш рӯзи 17-уми июн ҳангоми бозгашт аз Душанбе ба Хоруғ бо мошини хидматӣ дар ҳудуди ноҳияи Дарвоз ба дарёи Панҷ сарозер шуданд.
Пайкари Алишер Мирзонаботро рӯзи 30-юми июн, ёвару ронандаашро рӯзҳои 25-26-уми июн ва ҳамсараш Амина Амонуллоеваро 3 июл пайдо карда, ба хок супурданд.
Ҷасади Орифа, духтари дусолаи Алишер Мирзонабот, ҳанӯз пайдо нашудааст.
Нақби неругоҳ дар Непал ду нафарро аз марг наҷот дод
Баъди нӯҳ рӯзи фоҷеаи маргбори Непал субҳи 4 сентябр ду сокини ин кишварро аз як нақби нерӯгоҳи барқи обӣ пайдо карданд.
Ҳардуи онҳо бо чархболи низомӣ ба як беморхонаи шаҳри Катманду расонда шуданд.
Онҳоро нӯҳ рӯз баъди фоҷеа дар дохили як нақби гидроэнергетикие ёфтанд, ки дар дарёи Тришули ҷойгир мебошад. Рӯзи 26 август дар натиҷаи афтодани як пораи азими пирях ба кӯли маҳаллӣ дар Непал, обхезии азиме рух дод, ки бинову иморатҳо, роҳу мошину киштзорҳои зиёдро вайрон карду боиси марги садҳо нафар гардид.
Дафтари вазири энержии Непал Бираҷ Бхакта Шрестха дар изҳороте гуфт, ду коргари наҷотёфта аз дохили нақби “Тришулии боло” механикҳо Санҷай Сах ва Кабир Махарҷан мебошанд.
Мақомоти расмӣ ва наҷотбахшон гуфтанд, вақте яхпора дар болооби Тришули афтод, дар дохили нақбҳои шаш муассисаи гидроэнергетикӣ дарё на камтар аз 900 коргар банд монданд.
То ҳол марги 1252 нафар тасдиқ шудааст. Офати табиӣ хонаву кӯча, мактабу беморхонаҳои зиёдеро нобуд кард, ки дар сарҳад бо ноҳияи мухтори Тибети Чин ҷойгир мебошанд. То ҳол беш аз 4200 нафар бенишонанд ва ҳазорҳо нафар аз хонаву сарпаноҳ маҳрум шудаанд.
Тарҷума ва нашри "Тоҷикон"-и Бобоҷон Ғафуров ба забони олмонӣ
Китоби "Тоҷикон", асари мондагори академик Бобоҷон Ғафуров, ба забони олмонӣ тарҷума ва нашр шудааст.
Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, ин асар ба муносибати 35-уми солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон нашр гардид.
Китоби "Тоҷикон" аз ҷониби дипломати тоҷик Соҳибназар Ғайратшо Қаноатшо ба забони олмонӣ тарҷума ва мураттаб шуда, дар нашриёти олмонии "Ферлаг Восток Берлин", ба нашр расидааст.
Вазорати корҳои хориҷӣ мегӯяд,"тарҷумаи олмонии китоби "Тоҷикон" доираҳои илмӣ ва маъхазҳои шарқшиносии кишварҳои Ғарбро боз ҳам ғанӣ гардонида, ба ташаккули афкори илмӣ нисбат ба таъриху тамаддуни тоҷикон ва дигар халкҳои минтақаи Осиёи Марказӣ мусоидат хоҳад кард".
Китоби "Тоҷикон"-и аллома Бобоҷон Ғафуров аз ин қабл ба забонҳои англисӣ, арабӣ, туркӣ ва узбек низ нашр шуда буд.
СММ: Дар 3 сол 6 млн муҳоҷири афғон ба ватанашон бозгаштаанд
Комиссариати олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон мегӯяд, ки дар наздик ба се соли гузашта, шаш миллион муҳоҷири афғон ба кишварашон бозгаштаанд. Оморе, ки ба гуфтаи ин ниҳод, дар таърихи муосир бесобиқа аст.
Комиссариати олии СММ дар умури паноҳанданон рӯзи 2 сентябр дар сафҳаи "Фейсбук"-и худ навишт, "бозгашти муҳоҷирон бояд довталабона, амн ва боиззат бошад".
Ин ниҳод аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хостааст, ки Афғонистон ва муҳоҷирони афғонро фаромӯш накунанд.
Аз сӯи дигар, Вазорати умури муҳоҷирини ҳукумати Толибон гуфтааст, ки ҳафтаи ҷорӣ наздик ба 400 муҳоҷири афғон аз зиндонҳои Покистон озод ва ба Афғонистон бозгардонида шудаанд.
Покистон ва Эрон дар се соли гузашта фишор бар муҳоҷирони афғонро афзоиш дода ва шуморе аз онҳоро аз кишварҳои худ берун карданд.
Тоҷикистон ҳам солҳои ахир даҳҳо муҳоҷири афғонистониро аз кишвар берун кардааст.
Даргирии нерӯҳои амниятӣ дар Киев. Зеленский "шармовар" хонд
Даргирии мусаллаҳона миёни ду ниҳоди аслии амниятии Украина дар Киев бо вокуниши Владимир Зеленский, раисҷумҳури ин кишвар, рӯбарӯ шуд.
Ин тирандозӣ рӯзи 2 сентябр дар яке аз минтақаҳои шаҳри Киев миёни нерӯҳои Хадамоти амнияти Украина (SBU) ва Созмони истихбороти низомии ин кишвар (HUR), рух дод.
Шоҳидони айнӣ аз дидани афроди захмӣ ва осори хун дар маҳал хабар додаанд. Ба гузориши Радиои Аврупои Озод\Радиои Озодӣ, ҷузъиёти дақиқи ҳодиса ҳанӯз рӯшан нест ва ду ниҳод ривоятҳои гуногун ироа кардаанд.
Хадамоти амнияти Украина ибтидо эълон кард, ҳамроҳ бо Созмони истихбороти низомӣ дар ҳоли пешгирӣ аз як "ҳамлаи террористӣ"-и Русия будааст, аммо баъд гуфт, гурӯҳе талош кардаанд монеи анҷоми амалиёти бозрасӣ шаванд.
Дар муқобил, яке аз фармондеҳони нерӯҳои вижаи Созмони истихбороти низомӣ гуфт, кормандони Хадамоти амнияти Украина дар ҳоли боздошти нерӯҳои ин созмон буданд ва "бе ҳеч ҳушдор" ба сӯи онҳо тирандозӣ карданд.
Ба назар мерасад ин даргирӣ бо парвандаи боздошти Степан Каплунов, муовини фармондеҳи "Сипоҳи довталабони рус" рабт дошта бошад. Ин гурӯҳи ниманизомӣ аз сӯи Украина ҳимоят мешавад ва бо Созмони истихбороти низомии ин кишвар ҳамкорӣ дорад.
Зеленский ин ҳодисаро "комилан шармовар" хонд ва хостори "посухгӯӣ" шуд. Ӯ гуфт, танҳо касоне, ки нерӯҳои украинӣ бояд ба сӯи онҳо тирандозӣ кунанд, "ишғолгарони рус" ҳастанд.
Раисҷумҳури Украина ҳамчунин эълон кард, ки додситонӣ дар бораи ин даргирӣ таҳқиқ хоҳад кард.
Ҳалокати кӯҳнаварди шинохтаи амрикоӣ дар Тоҷикистон
Як кӯҳнаварди амрикоӣ ҳангоми фатҳи қуллаи “Исмоили Сомонӣ” дар Тоҷикистон аз кӯҳ афтода, ба ҳалокат расидааст.
Фоҷиа бо Метт Доусони 47-сола, ки ҳам ҷаҳонгард ва ҳам ризокори маъруф буд, рӯзи 15-уми август рух дод.
Пайвандонаш хабари марги ӯро рӯзи якуми сентябр дар Инстаграм нашр карданд.
Ориф Нозимиён, сухангӯйи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, рӯзи сеюми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, “Доусон дар баландии 5800 метр бо сабабҳои номаълум ба чуқурии тақрибан 70-80 метр афтида, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштаву дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.”
Нозимиён афзуд, ин шаҳрванди Амрико ҳамроҳи нуздаҳ сайёҳи дигар тавассути ширкати “Қуллаҳои Тоҷик” ба онҷо рафта буд. Пайкарашро рӯзи 17-уми август ба Душанбе овардаанд.
Талоши Радиои Озодӣ барои фаҳмидани назари гурӯҳи сайёҳии “Қуллаҳои Тоҷик” натиҷа надод.
Маросими дафни Метт Доусон рӯзи 5-уми сентябр дар Лос-Анҷелеси Амрико баргузор хоҳад шуд. Хонаводааш дар паёме ӯро “як дӯст, бародар ва писаре” донистаанд, ки шиор дошт, “агар ҳаёти ту як зарра арзиш дорад, пас, ин дастоварди бузург аст”.
Нашрияи People навиштааст, Доусон варзишгари бисёрҷанба ва нотарс буд ва бо ҳадафи ҷалби пул барои саҳм гузоштан дар муолиҷаи склерози паҳлӯии амиотрофӣ ба фатҳи қуллаҳои “Исмоили Сомонӣ” рафта буд.
Ин иқтисоддон ва ризокори маъруф баъди аз даст додани модар ва дӯстдухтараш, 15 соли охир бештар бо варзишҳои навъи экстремалӣ машғул буд.
Вай инчунин ба саёҳати биёбону уқёнус рафтааст. Соли 2024 барои босуръат ва пиёда гузаштани биёбони Мохаве дар Калифорния ба Китоби рекордҳои Гиннес ворид шуд. Вай ин биёбонро дар 7 рӯзу 8 соату 45 дақиқа тай кард.
Соли 2018 барои кумаку дастгирии варзишгарон Бунёди Қуллаи Доусонро таъсис дод. Ба навиштаи нашрияи People, ӯ мехост тобистони имсол ба се қулла – Исмоили Сомонӣ, Озодӣ ва Манаслу – барояд.
Видеоро дар инҷо бинед:
Баъди ҳушдори Зеленский. Лағву таъхири чанд парвоз байни Русия ва Тоҷикистон
Рӯзи 2-юми сентябр парвози ду ҳавопаймои ширкати "Ural Airlines" аз фурудгоҳи Жуковскийи Маскав ва Челябински Русия ба Тоҷикистон бекор карда шудаанд.
Ҳамчунин, парвози як ҳавопаймои ширкати "Ural Airlines", ки бояд бегоҳи дувуми сентябр аз фурудгоҳи Душанбе ба Жуковскийи Маскав мерафт, лағв гардид.
Вебсайти фурудгоҳи Душанбе нишон медиҳад, ки ду ҳавопаймо бо таъхири тақрибан нимрӯза аз Русия ба Тоҷикистон расидаанд, аммо ҳанӯз парвози Душанбе-Жуковский сурат нагирифтааст.
Мақомоти Тоҷикистон сабаби таъхири тӯлонӣ ва сурат нагирифтани парвозҳоро шарҳ надодаанд.
Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, рӯзи 2-юми сентябр ҳушдор дод, ки бо сабаби парвози дронҳо осмони Русия барои парвози ҳавопаймоҳои мусофиркаш дигар амн нахоҳад буд.
Мақомоти Русия гуфтаанд, парвозҳои дохилӣ ва хориҷӣ тибқи нақша давом мекунад.
Як манбаи огоҳ дар Фурудгоҳи Душанбе рӯзи 3-юми сентябр гуфт, дар ширкати "Сомон Эйр" ҳушдори Владимир Зеленскийро ҷиддӣ гирифтаанд.
Вай афзуд, "ҳанӯз қароре дар ин замина қабул нашудааст, аммо масъулони ширкати ҳавопаймоӣ гуфтаанд, то Русия кафолати парвози бехатар надиҳад, набояд ба шаҳрҳои ин кишвар парвоз анҷом дод."
Дар сомонаи Фурудгоҳи Душанбе дида мешавад, ки ширкати "Сомон Эйр" дар як шабонарӯзи охир аз Русия ба Тоҷикистон ё баръакс 13 парвоз анҷом додааст.
Таъхири парвозҳо аз Русия ба Тоҷикистон ё баръакс дар ду соли охир борҳо сабт шудааст.
Баъди он ки мақомоти Украина гуфтаанд, ҳамлаҳои паҳподӣ ва мушакиро ба Русия афзоиш хоҳанд дод, шуморе аз парвозҳо аз Узбекистон ба Русия низ бекор шудаанд. Мақомоти он кишвар ин тасмимро ба вазъи амниятӣ дар фазои Русия бастагӣ медиҳанд.
Афви як милисаи дигар, ки дар марги сокини Кӯлоб гумонзад буд
Як милисаи дигарро, ки дар марги Мақсудҷон Саидов, сокини шаҳри Кӯлоб, гумонзад буд, аммо аз тафтишот пинҳон мегашт, афв кардаанд.
Ба иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, Сайриддин Файзуллоев, корманди пешини Шуъбаи умури дохилии ноҳияи Сино дар пойтахт ҳоло дар озодист.
Аз ин пеш панҷ ҳамкори ӯ бо айни иттиҳом дастгир ва се нафар аз 5 то 13 сол ба зиндон маҳкум шуда, дуи дигар бар асоси қонуни афв озод шуданд. Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукми онҳоро рӯзи 28-уми июл эълон кард.
Як манбаи огоҳи Радиои Озодӣ рӯзи 3-юми сентябр бе зикри номаш гуфт, волидони Сайриддин Файзуллоев аз Назарбӣ Саидова, модари Мақсудҷон Саидов, хостаанд, то зидди писарашон шикоят накунад ва аз даъвояш даст кашад. Мусоҳиби мо дар бораи гуё “харидани як манзили сеҳуҷраӣ ба хонаводаи Мақсудҷон Саидов” хабар дод, вале тасдиқи он аз манбаъҳои дигар феълан имконпазир нест.
"Назарбӣ Саидова, сокини маҳаллаи Исмоили Сомонии шаҳри Кӯлоб, бо пешниҳоди волидони Файзуллоев розӣ шуда, ба Додситонии ноҳияи Сино барои даъво надоштанаш ариза пешниҳод намудааст. Бо назардошти ин ариза, парванда қатъ ва ӯ бар асоси Қонуни афв аз ҷавобгарӣ раҳо шудааст,” – афзуд манбаъ.
Ҷузъиёти гуфтушунид ва муомилаи наздикони Сайриддин Файзуллоев бо хонаводаи Мақсудҷон Саидов маълум нест. Талоши мо барои гирифтани ҳарду ҷониб то ин дам бенатиҷа буд.
Мақсудҷон Саидов рӯзи 8-уми январи соли 2026 бо гумони паҳн ва фурӯши “кристал”, як навъ маводи мухаддир, дастгир, аммо дертар дар шароити мармуз даргузашт.
Мақомот аз наздиконаш хостаанд, ки пайкари ӯро зуд дафн кунанд ва ҳамин маврид шубҳаро дар бораи табиӣ будани марги ӯ бештар кардааст.
Пайвандони Мақсудҷон Саидов ҳеч гоҳ дар бораи қазияи ӯ бо расонаҳо суҳбат накардаанд. Чанде аз дӯстони Мақсудҷон дар суҳбати пешинаи телефонӣ гуфта буданд, ки дар баданаш “осори шиканҷа дида мешуд” ва гуё “ангуштони пою дасташ сӯхта буданд”.
Истифода аз шиканҷа барои “эътирофи гуноҳ” дар Тоҷикистон яке аз масъалаҳои ҷиддӣ дар мақомоти интизомӣ дониста мешавад. Эътилофи зидди шиканҷа дар Тоҷикистон мегӯяд, аз соли 2021 то нимсолаи аввали соли 2025 аз сокинон дар бораи шиканҷа 83 шикоят гирифт, ки тақрибан навад дарсади шикоятҳо нисбат ба маъмурони милиса аст.
Гуфтугӯ