Мақомоти корҳои дохилӣ қариб ҳар ҳафта дар бораи боздошти ҷавонону ноболиғон барои истифода аз маводи мухаддиру маводи психотропие чун "лирика" гузориш медиҳанд.
Дар чанд гузориши телевизионии Вазорати корҳои дохилӣ гуфта шудааст, ки ҷавонон маводро бештар пинҳонӣ ва бо усули ба истилоҳ "закладка" дарёфт мекунанд. Дар ин усул фурӯшанда маводро дар ягон ҷой пинҳон карда, баъдан акси маконро ба харидор мефиристад.
Ҷанҷоли ду духтари 15-сола бо як ронандаи таксӣ дар шаҳри Душанбе дар охири марти имсол мавзӯи истифодаи "кристал"-ро дар миёни ҷавонон доғ кард. Навори ин ҷанҷол ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт. Мақомот гуфтанд, ин ноболиғон маводи мухаддири навъи "метамфетамин" ё "кристал" истеъмол карда, баъдан гӯши ронандаро газиданд ва телефонашро рабуданд. Тасдиқи мустақилонаи маълумот душвор аст. Вале ин мавриди ягона нест.
Ҷомеашинос Мавҷуда Комилзода ҳам мегӯяд, синни онҳое, ки дар Тоҷикистон вобастаи "лирика" ва "кристал" шудаанд ё онро харидуфурӯш мекунанд, ҷавонтар мегардад.
Ин ҷомеашиноси тоҷик ба Радиои Озодӣ гуфт, "маҳз ҷавонон ба ҳамсолони худ бовар мекунанд. Аз калонсолон нахарида, аз ҳамсолони худ мегиранд. Ҷавонон бештар ба ҳамсолони худ боварӣ мекунанд, тарс аз байн меравад."
То кунун даҳҳо кас дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин пурсишро дар миён гузоштаанд, ки ҷавонону ноболиғон чӣ гуна ба маводи нашъадору мадҳушкунанда дастрасӣ пайдо мекунанд? Талоши мо барои гирифтани шарҳи мақомот то ин дам натиҷа надод.
Ҷомеашинос Мавҷуда Комилова бар асоси як таҳқиқи анҷомдодааш гуфт, паёмрасонҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба сарчашмаи асосии дарёфт ва фурӯшу паҳни маводи нашъадор табдил гаштаанд.
"Аввал иҷтимоишавии ҷавонон дар оила ва дар мактаб мешуд. Имрӯз иҷтимоишавии ҷавонон дар олами рақамӣ ё дар шабакаҳои иҷтимоӣ аст. Ба истилоҳи илмӣ гӯем, кибер-сотсиализатсия дар олами рақамӣ. Имрӯз паҳн кардани маводи мадҳушкунанда аллакай тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва олами рақамӣ низ ба назар мерасад. Барои ёфтани харидор шарт нест, ки вай омада дар як ҷойи муайян мавод фурӯшад", - афзуд ин ҷомеашинос.
Дар баъзе маврид ангушти ишора ба сӯйи дорухонаҳо низ дароз мешавад. Барои мисол, пулиси Душанбе моҳи марти имсол бо пахши як гузориш аз боздошти касоне хабар дод, ки бархе бидуни дорухат ба ҷавонон "лирика" фурӯхтаанд.
Дар гузориши мақомот гуфта шуд, ки онҳо аз роҳи қочоқ чунин маводро ба кишвар ворид кардаанд, вале маълум нест, аз куҷо. Дар Раёсати умури дохилии Душанбе барои шарҳи мавзуъ номаи расмӣ талаб намуданд.
Дар Тоҷикистон доруҳоеро, ки дар таркибашон маводи мадҳушкунанда доранд, бо тавсияи пизишкон дастрас кардан мумкин аст. Корманди як дорухона бе зикри номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, дар чанд моҳи охир чунин талабот аз сӯйи мақомот сахттар шудааст.
Пизишк Бахтиёр Солибоев мегӯяд, "инҳо доруҳои сахтаъсиранд. Он нафаре, ки ин доруҳоро истеъмол мекунад, аз кардаҳои худ, аз гуфтаҳои худ бехабар мемонад. Метавонад ба роҳҳои нодуруст равад. Вақте ин доруро истеъмол кард, фикр карданаш дигар мешавад, аз ҳамин сабаб ба ҳар роҳҳое меравад, ки ҳатто дигар роҳи бозгашт нест".
Ба иттилои расмӣ, омори ҷавонони мубталои нашъамандӣ дар соли 2025 дар муқоиса ба як соли пеш қариб ёздаҳ дарсад афзуда, баръакс, байни бузургсолон севуним дарсад кам шудааст.
Ба ҷуз ин, дар Маркази пешгирӣ аз нашъамандӣ рӯйхати касоне ҳам будааст, ки истеъмоли ягон навъи маводи нашъаро шурӯъ намудаанд ва онро метавон пешгирӣ кард.
Шероз Мирзоев, муовини раиси Маркази пешгирӣ аз нашъамандӣ мегӯяд, "дар семоҳаи аввали имсол 2852 нафар ба қайди профилактикӣ гирифта шудааст. Агар тӯли як сол бо ҳамин нафароне, ки дар қайди профилактикӣ ҳастанд, вохӯранд, суҳбат кунанд ва муайян шавад, ки онҳо пайваста ин гуна маводро истифода мебаранд, онҳоро дар қайди беморони нашъамандӣ ворид мекунанд".
Вале ба назари ҷомешинос Мавҷуда Комилзода, шумораи воқеӣ метавонад бештар аз омори расмӣ бошад, зеро на ҳама гирифторони маводи нашъадор ошкору номнавис мешаванд.
Мақомот сабаби даст ба маводи нашъадор задани ҷавононро бештар ба бепарвоии падару модарон ва ноогоҳии ҷавонон аз пайомадҳои ногувори он рабт медиҳанд.
Ҳамсуҳбати мо, Мавҷуда Комилзода, дастрас будани баъзе аз чунин мавод ва арзиши начандон гарони онро аз сабабҳои дигар донист. Сокинон дар бораи сабабу омилҳои рӯ овардани ҷавонон ба истеъмоли маводи нашъадор назари яксон надоранд.
Дар Тоҷикистон беш аз чаҳор ҳазор мубталои нашъамандиро сабт кардаанд. Дар миёни онҳо истифодабарандагони маводи синтетикӣ ва психотропӣ ба мисли "кристал" ва "лирика" бештар шуда, баъзе ноболиғонро низ фаро гирифтааст.
Чанд ҳамсуҳбати мо гуфтанд, ин ҳолат барои Тоҷикистон ташвишовар аст, вале маълум нест, мақомот ба ҷуз боздошту ҳабс барои пешгирӣ аз он чӣ барномаву нақшае доранд.