Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Чаро туро ба кор намегиранд? Ман аз ин гап монда шудаам"


Дилафрӯз Воҳидова, мегӯяд, ки ӯро ғайриқонунӣ аз кор озод кардаанд.
Дилафрӯз Воҳидова, мегӯяд, ки ӯро ғайриқонунӣ аз кор озод кардаанд.

Як корманди собиқи вазорати корҳои дохилӣ, ки аз кор озод шудааст, мехоҳад, ӯро дар мақоми пешинааш барқарор кунанд, зеро рафтори вазорат бо ӯ бар хилофи қонун будааст.

Дилафрӯз Воҳидова, сокини Душанбе, ки меҳмони студияи Радиои Озодӣ буд, мегӯяд: “Мехоҳам, доғи судиямро бардораму номам пок шавад, ба хориҷ сафар кунам. Дигар намехоҳам дар ватан кор кунам. Дигар монда шудам. Ҷое шудааст, ки ман ба худкушӣ даст задаам.»

Дилафрӯз Воҳидоваро баъди 10 соли кор дар вазорати корҳои дохилӣ соли 2020 ба далели доғи судӣ аз кор озод кардаанд. Мегӯяд, баъди ҳамин хешу наздикон ба ӯ бо назари шубҳа менигаранду ба бегуноҳиаш чандон бовар надоранд. Мехоҳад, ин шубҳаҳоро бартараф кунад: “Мехоҳам бегуноҳ буданамро исбот кунам дар байни ҷомеа, дар байни хешу таборон, дар байни ёру рафиқон. Мақсад доштам, ки бо кор даромадан исбот кунам, ки ман бегуноҳам, ки ман кор мекунам.”

Дилафрӯзро соли 2006 ба гуноҳи қочоқи тило ҷарима кардаанд. Ду сол баъд ӯро дар вазорати корҳои дохилӣ ба кор гирифтаанд. Хатмкардаи коллеҷи тиббист ва дар дармонгоҳӣ Раёсати нерӯҳои дохилии вазорат кор карда ва рутбаи лейтенант ҳам гирифтааст. Мегӯяд, бо гузашти чанд сол аз ҳукм ва баъди муроҷиат ба додгоҳ хабардор шуд, ки дигар доғи судӣ надорад.

"Мехоҳам доғи судиро бардорам!"
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:36 0:00

Дилафрӯз Воҳидова: «Соли 2020 ҳамин хел супориш шуд. Ман намедонам, супориш фақат барои ман шуда бошад, ё не. Фикр мекунам, ки ҳамин қонун танҳо барои ман будааст. Шарм медорам дар байни шиносҳо, рафиқон. Як шиносро бинам, роҳамро дигар мекунам, ки рӯ ба рӯ нашавам, чун савол медиҳанд, ки э кори ту чӣ шуд? Чаро туро ба кор намегиранд? Ман аз ин гап монда шудаам.»

Ҳоло ба ин пурсиш посух меҷӯяд, ки чаро 10 сол чизе нагуфтанд ва баъди як даҳсола ногаҳон доғи судиро баҳона оварда, аз кор ҷавоб доданд. Ҳуқушиносон мегӯянд, ба ин пурсиш бояд онҳое посух диҳанд, ки ин занро ба кор қабул кардаанд.

Дилшод Ҷӯраев, ҳуқуқшинос: "Агар дар умум гӯем, шахсоне, ки доғи судӣ доранд, ё доштанд, ба кор қабул карда мешаванд, ё не Кодекси меҳнат ягон маҳдудият пешбинӣ намекунад. Вале қонунҳои соҳавӣ дар бораи хизмати давлатӣ, дар бораи милитсия аст. Дар онҷо дақиқ гуфта шудааст, ки чунин шахсон, ки доғи судӣ доштанд, ё гарчанде он бардошта шуда бошад ҳам ба кор қабул карда намешаванд."

Вазорати умури дохилӣ ба тамосҳои Радиои Озодӣ посух надод ва то лаҳзаи таҳияи гузориш аз ин ниҳод ҷавобе наомад. Дилафрӯз, ки аз ин ҳама дилсард шудааст мегӯяд, ягона роҳи раҳоӣ аз бархӯрди ҷомеа ё ақидаи афсурдакунандаи атрофиёнаш, ки гуиё “ҷинояткор” аст, ночор тарки ватан аст.

XS
SM
MD
LG