Дар як моҳи охир дар шаҳри Душанбе ду занозании гурӯҳӣ ва кордкашии ноболиғон сабт шудааст. Дар ин ҳодисаҳо як наврас ҷон бохта, як нафари дигар захмист ва чандин тан дар боздошт қарор доранд. Чаро кордкашиву занозании гурӯҳӣ миёни наврасони тоҷик бештар мешавад?
“Модараш ба бемористон бурд, вале...”
Алӣ Раҷабов, навраси 16-солаи тоҷик, рӯзи 9-уми октябри имсол дар занозании гурӯҳӣ дар шаҳри Душанбе кушта шуд. Дар ин муноқиша як навраси дигар захмӣ ва понздаҳ нафар дастгир шуданд. Наздикони Алӣ Раҷабов мегӯянд, вай рӯзи ҳодиса бо даъвати яке аз дӯстонаш аз хона баромад ва баъди чанд лаҳза модар ҷасади дар хун оғуштаашро дар кӯча пайдо кард.
Яке аз наздикони навраси кушташуда гуфт: “Рӯзи якшанбе буд. Дар хона дам гирифт. Соати 5:18 оббозӣ кард. Мо бо модараш нишаста будем. Гуфт, модарҷон, як ҷӯраам фарёд дорад, зуд рафта меоям. Соати 7:49 хабар омад, ки бачаатон аз ҳуш рафт. Ӯро бо корд задаанд. Модараш ба бемористон бурд, вале гуфтанд, аллакай ҷон додааст.”
Алӣ Раҷабов пас аз ду духтар ягона писари оила буда, дар синфи 10-ум дар мактаби 78 мехонд. Ба иддаои наздикон, “вай бачаи пархошгар набуд” ва “баъди дарс ба модараш дар фурӯши қаҳва дар бозори “Корвон” ёрӣ медод”.
Яке аз наздикони навраси кушташуда гуфт: “Дӯстонаш аз танумандии вай истифода мебурданд. Ҳоло дӯсташ зиндааст, барои хоҳари ман мушкил. Як писар дошт. Дар Интернет навиштаанд, ки бачаи авбош буд. Ин хел набуд, бачаи сода буд."
Даъват ба "ҷанги тан ба тан" аз куҷост?
Ҷойи ҳодиса дар маҳаллаи 65-уми пойтахт то чанд рӯз пеш аломатгузорӣ шуда буд. Бозрасон ҷойи ҳодисаро сабту қазияро таҳқиқ доштанд. Ба иттилои Раёсати корҳои дохилии пойтахт, муноқиша аз баҳси лафзӣ дар Инстаграм сар зада, ба даъвати “ҷанги тан ба тан” кашида шудааст. Барои ин наврасон дар ҷойе ҷамъ мешаванд, ки дурбини назоратӣ надорад.
Яке аз наврасонро, ки бо корд захмӣ шуд, аз ҳамин ҷо ба беморхонаи "Истиқлол" бурдаанд. Ӯро ҷарроҳӣ карданд. Мегӯяд, қабл аз муноқиша машварат шуда буд, ки бе корд рӯ ба рӯ мешаванд, вале корди аввал ба ӯ зада шудааст. Модари ин наврас мегӯяд, ҳамеша дар куҷо будану бо чӣ кор машғул шудани писарашро зери назар дошт ва таъкид мекард, ки ҷанҷол накунад.
Нафари гумонбар дар куштору захмӣ кардани ҳамсолони худ, хонандаи синфи 10-уми мактаби 76 буда, ҳоло дар боздошт аст. Омӯзгоронаш ба Радиои Озодӣ гуфтанд, "вай аълохон набуд, аммо рафтори бад ҳам надошт."
Баъд аз ин ҳодиса пулис гурӯҳи корие ташкил карда, ҳамарӯза дар мактабҳои шаҳри Душанбе бо хонандагону волидон суҳбат барпо мекунад. Афзоиши муноқишаву кордкашии наврасон, махсусан дар моҳҳои охир ҷомеа ва мақомотро нигарон кардааст. Дар як моҳи охир ин дувумин чунин ҳолат аст. Як ҳафта баъд аз куштори хонанда бо дасти ҳамсолаш, мақомот аз як мавриди дигари кордкашии наврасон хабар доданд.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Сабаб чист?
Таҳлилгарон бадҷаҳлу ҷангҷӯ шудани баъзе аз ноболиғонро ба чанд омил пайванд медиҳанд. Равоншинос Наргис Тоймастова гуфт: “Яке аз сабабҳое, ки ба ҷангу зӯроварӣ меорад, идора карда натавонистани ғазаб аст. Яке аз омилҳо оила. Зӯроварӣ. Нашунидани ҳарфи фарзанди худ, дастгирӣ накардани ӯ, набудани меҳру муҳаббат. Вақте ғазаб ҷамъ мешавад, бояд барояд."
Бо роҳи зӯроварӣ муайян кардани мавқеи худ дар назди ҳамсолон ва таъсири навору бозиҳои дорои мӯҳтавои хушунату кушторро равоншиносон аз омилҳои дигар муноқиша ва кордкашии наврасон медонанд. Назокат Мирзоева, омӯзгори мактаби рақами 76, ки таҷрибаи сисолаи омӯзгорӣ дорад, аз як сабаби дигар ном бурд.
“Дар ин ҷо каммасъулиятии падару модарон аст. Барои он ки тарбия дуруст ба роҳ монда шавад, бояд иртиботи падару модар бо муассиса зич бошад. Аз ҳама падару модарон хоҳиш мекунем, ки бо муассиса пайваста дар тамос бошанд. Тамоман таваҷҷӯҳ надоранд, маҷлиси падару модарон мекунем, 30 дар сад иштирок мекунанд, дигарон дар кор ҳастам гуфта, иштирок карда наметавонанд.”
Бархе ин ҳамаро ба вазъи иҷтимоии хонаводаҳо вобаста медонанд. Ҷомеашинос Шӯҳрат Латифов гуфт, "дастнорас будани шуғлҳо ва ё ҷойҳое, ки ҷавонон вақти худро бо омӯзиш гузаронанд, ба варзиш машғул шаванд. Мутаассифона, ин ҳама ҳоло пулакӣ ҳаст. Ҷавонон дар кӯча мемонанд ва аз тарбия дур мешаванд. Сеюм омил бетараф будани ҷомеа аст.”
Ҷанҷол байни наврасон ва кордзании онҳо дар маҷмуъ солҳост идома дорад. Барои пешгирӣ аз ин ҳодисаҳо дар ин чанд соли охир дар мактабҳо муҳофиз гузошта шуд, рафтани наврасон ба маркази бозиҳои компютерӣ манъ шуд, садҳо падару модарро барои бемасъулиятӣ дар тарбияи фарзанд ҷазо доданд ва ҳамчунин мақомот амалиёти “Корд”-ро роҳандозӣ карда, аз боздошти наврасону ҷавонон бо корду силоҳҳои сард хабар доданд. Ба назар мерасад, ин ҳама чандон босамар набуд ва мушкил ҳамоно доғ боқӣ мемонад.