Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Анвар Ҷон: "Чин то 3 миллион мусалмонро бо баҳонаи ифротгароӣ маҳкум кардааст"


Анвар Ҷон, фаъоли ҳуқуқи башар аз Чин
Анвар Ҷон, фаъоли ҳуқуқи башар аз Чин

Илҳом Тоҳтӣ, як фаъоли ҳуқуқи уйғурҳои Чин, ки соли 2014 бо гуноҳи ҷудоиталабӣ ба ҳабси абад маҳкум шудааст, рӯзи 30-юми сентябри имсол барандаи Ҷоизаи ҳуқуқи башари ба номи Ватслав Ҳавел гардид. Тоҳтии 49-сола, наздиконаш ва созмонҳои байналмилалӣ ҳукми ӯро бофта медонанд.

Яке аз номзадҳои дигари ҷоизаи бонуфузи байналмилалӣ дар бахши ҳуқуқи башар вакили зиндонии тоҷик Бузургмеҳр Ёров буд, ки бо дипломи ҷоизаи ба номи собиқ президенти Ҷумҳурии Чех қадрдонӣ шуд.

Ин ҷоизаро Маҷмааи порлумонии Аврупо ва созмони “Хартия-77” дар шаҳри Страсбурги Фаронса тақдим карданд.

Рӯзи 2-юми октябр дар шаҳри Прага, пойтахти Ҷумҳурии Чех конфронсе бахшида ба ҷоизаи ба номи Ватслав Ҳавел баргузор шуд ва дар ҳошияи он Радиои Озодӣ бо Анвар Ҷон, як фаъоли ҳуқуқи уйғурҳои Чин ва президенти созмони ҷамъиятии "Ташаббуси Илҳом Тоҳтӣ" ҳамсӯҳбат шуд.

Радиои Озодӣ: Ҷаноби Анвар Ҷон, ҷоиза муборак. Ин ҷоиза барои Шумо чӣ маъно дорад?

Анвар Ҷон: Ин ҷоиза хеле арзиши зиёд дорад. Пеш аз ҳама маънои онро дорад, ки ҷаҳони озоди демократӣ ба сарнавишти Илҳом Тоҳтӣ ва мардумаш бетараф нест. Муҳим аст, режими Чин бидонад, ки демократияи ғарбӣ поймолшавии ҳуқуқи башар ва ҳукми ноодилонаи Илҳом Тоҳтиро таҳаммул намекунад. Илҳом Тоҳтӣ хостори сулҳ, дӯстӣ ва ҳукумати қонун буд. Режими Чин ӯро барои абад ба зиндон андохт. Аз ҳамин хотир, ин ҷоиза як паёми хубест, ки ба Чин фиристода мешавад. Дар ниҳоят, ин ҷоиза барои мардуми уйғур хеле муҳим аст. Тахминан як миллион сокини мусалмони Чин ҳоло дар урудгоҳҳои бозтарбия нигаҳдорӣ мешаванд. Тахминан 3 миллион нафари дигар ба "тундгароӣ, миллатгароӣ ва ҷудоиталабӣ" муттаҳам шуда, зиндонӣ ҳастанд. Бисёре аз онҳо зери фишор ҳастанд, ки аз ному фарҳангу мазҳабу ҳуввияташон даст кашанд. Онҳоро маҷбур мекунанд, ки ҳувияташонро дигар кунанд. Дарёфти ҷоизаи Ватслав Ҳавел як аломати умедворӣ аст, ки мардуми ноумедшудаи уйғур аз ҷомеаи озоди демократӣ як каме кумаку пуштибонӣ мебинанд. Ҷоиза ба маънои пуштибонӣ аз онҳо аст.

Радиои Озодӣ: Ҳоло бисёриҳо дар бораи ҷоизаи Илҳом Тоҳтӣ хабар доранд, вале худи ӯ оё дар ин бора огоҳ шудааст?

Анвар Ҷон: Шубҳа дорам, ки хабардор шуда бошад. Вале як рӯз не, як рӯз ҳатман бохабар мешавад. Ӯ дар зиндони рақами 1-и Урумчӣ дар утоқе танҳо нигаҳ дошта мешавад. Ҳамсари ӯ дар Пекин аст ва ӯ ҳам зери назорати шадид аст.

Радиои Озодӣ: Ӯ ҳам дар зиндон аст?

Анвар Ҷон: На, ӯ ҳамроҳ бо ду фарзандаш дар Пекин аст. Зери назорати шадид ба сар мебарад. Ҷаноби Ҳу Ҷиа, барандаи ҷоизаи ба номи Сахаров ӯро баъзан хабар мегирад. Ба мо моҳи ноябри соли гузашта хабар дод, ки ҳама гуна фишор аз ҷониби Ғарб, ҳама гуна ҷоизае, ки Илҳом ва ё зиндониёни дигари эътиқодӣ мегиранд, фишор болои Чинро афзоиш медиҳад. Масалан, худи Ҳу Ҷиа соли 2008 дар як зиндони музофотие нигаҳдорӣ мешуд ва вақте ба ӯ ҷоизаи Сахаровро доданд, ба як зиндон дар Пекин интиқол ёфт. Ин ҳамон шахсест, ки вазъи Илҳом Тоҳтӣ ва оилаашро хуб медонад. Ӯ мегӯяд, бо як роҳе ба Илҳом Тоҳтӣ хоҳанд гуфт, ки ӯ барандаи ҷоиза шуд. Ин ҷоизаи панҷуми байналмилалии ӯ аст ва ин чиз ба ӯ нерӯ мебахшад, ки муқовимати худро идома диҳад.

Навори суҳбатро дар ин ҷо бинед:

"Дар Чин то 3 миллион мусалмон зиндонӣ шудаанд"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:40 0:00

Радиои Озодӣ: Чин ба хотири қароргоҳҳои бозтарбияву шароите, ки барои мусалмонон эҷод кардааст, таҳти интиқоди зиёди байналмилалӣ қарор дорад. Тоҳтӣ аз соли 2014 ба ин сӯ ҳукми зиндони абадро пушти сар мекунад. Шумо бовар доред, ки Чин ба интиқодҳо гӯш карда, рафторашро дигар мекунад?

Анвар Ҷон: Бояд гӯш кунад. Чин мехоҳад, ки як бахше аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва як кишвари абарқудрат бошад. Чин бояд ба хотири пешбурди тиҷорат ва равобити хуб бо дигарон ҳамкорӣ кунад. Соли 2017 барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел Лю Сяобо даргузашт. Ин ҳама ҷоизаҳо паём медиҳанд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ поймолашвии ҳуқуқро таҳаммул намекунад. Дар баъзе ҳолат онҳо вокуниш мекунанд ва дар ҳолати ахир алакай ба вокуниш кардан шурӯъ намуданд. Бо эҳдои чунин ҷоизаҳо ҷомеаи ҷаҳонӣ паём медиҳад, ки Чин бояд ӯҳдадориҳои байналмилалии худро риоя кунад, ба мардуми худ фишор наорад ва шароите эҷод кунад, ки озодии баён, озодии ҳаракат ва эҳтиром ба ҳуқуқи башар риоя шавад. Чин бояд қоидаҳои байналмилалиро риоя кунад.

XS
SM
MD
LG