Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомоти Кӯлоб гуфтанд, ки СОVID-19 чанд табибро ҳалок кард. ВИДЕО


Озмоишгоҳи бемории COVID-19 дар Кӯлоб
Озмоишгоҳи бемории COVID-19 дар Кӯлоб

Мақомоти расмӣ мегӯянд, ду табиб дар минтақаи Кӯлоб аз бемории СOVID-19 ва 12 нафари дигарашон бар асари бемории “илтиҳоби шуш” фавтидаанд.

Аз миёни ин 14 табиб 6 нафарашон хатмкардаи донишгоҳ будаанд. Искандаршоҳ Мирзоев, муовини сардори Раёсати тандурустии минтақаи Кӯлоб рӯзи 20-уми июл дар нишасти хабарӣ гуфт: “Аз байни онҳо ташхиси ду нафар мусбат буд ва дигарон аз илтиҳоби шуш фавтиданд. То тест мусбат нишон надиҳад, мо онро коронавирус гуфта наметавонем."

Искандаршоҳ Мирзоев дар идомаи суҳбаташ гуфт, ки дар умум дар вилояти Хатлон 26 корманди соҳаи тандурустӣ фавтидааст. Садриддин Ғаюров, сардори Раёсати тандурустии минтақа, дар нишасти хабарӣ гуфт, то 13-уми июл дар беморхонаҳои минтақа 1649 нафар ҳамчун гумонбар ба бемории COVID-19 бистарӣ шудаанд, 1534 нафар шифо ёфтаанд ва 94 нафар фавтидаанд.

Ғаюров афзуд, ки чаҳор нафар аз бемории СOVID-19 ва 90 нафар аз илтиҳоби шуш фавтидаанд. Ӯ афзуд: “94 нафари фавтида гумонбар ба СOVID-19 буданд. Дар минтақа ҳамагӣ чаҳор нафар фавтида мусбат буд. Боқимондаҳои фавт ҳамааш аз илтиҳоби шуш буд.”

Бори аввал аст, ки мақомот дар вилояти Хатлон тасдиқ мекунанд, ки ду табиб дар минтақа аз бемории ҳамагир фавтидааст. Аввалҳои моҳи июн мақомот гуфтанд, ки 10 табиб аз бемории илтиҳоби шуш фавтидааст. Аммо коршиносон ба омори мақомот бо шубҳа менигаранд ва мегӯянд, шумораи беморону талафот бештар аз он аст, ки мақомот мегӯянд.

Дар Кӯлоб ташхисгоҳи бемории СОVID-19 ба кор шуруъ кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:00 0:00

Норасоии васоили беҳдоштӣ ва муҳофизатӣ барои табибон, ки дар ҷабҳаи аввали мубориза бо коронавирус ҳастанд, аз сабабҳои аслӣ маргу мири табибону парасторон дар Тоҷикистон дониста мешавад.

Дар рӯзҳои аввали хуруҷи беморӣ гузоришҳои зиёде нашр мешуд, ки табибон васоили оддӣ барои муҳофизати худ аз вирусро надоранд ва дар баъзе ноҳияҳо мардум ва афроди алоҳида барои онҳо ин васоилро мехариданд. Ҳукумат низ пайваста барои беэътиноӣ ба ин масъала дар шабакаҳои иҷтимоӣ танқид мешуд.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, дар дар кишвар то рӯзи 21-уми июл коронавирус ба бештар аз 6970 кас сироят карда, 57 нафарро куштааст. Нақша ва иттилоот доир ба беморӣ дар Тоҷикистон инҷо ва ба забони инглисӣ ҳаст.

https://unwfp.maps.arcgis.com/apps/opsdashboard/index.html#/2a8a0d7799684f0bb78f6118a7477f1f

XS
SM
MD
LG