Аюбҷон Пиров аз ноҳияи Рӯдакӣ, Азамат Сангинов аз шаҳри Панҷакент ва Ғайрат Бегалиев аз ноҳияи Ҳамадонӣ. Се зодаи дигари Тоҷикистонро, ки дар ҷанги Русия алайҳи Украина кушта шудаанд, дар зодгоҳҳояшон дафн кардаанд. Мақомот шарҳ намедиҳанд. Манбаъҳои Радиои Озодӣ рӯзи 23 декабр гуфтанд, ки ду нафари онҳо аз боздоштгоҳу зиндон ва яке бо ваъдаи гирифтани ҳуҷҷат дар Русия ба майдони ҷанг бурда шуданд.
АЮБҶОН ПИРОВ
Аюбҷон Пирови бистсола, ба қавли яке аз наздиконаш, дар зиндони Челябинск адои ҷазо мекард. Вайро 9 июли соли 2025 ба ҷанг бурдаанд.
“Худаш ба волидон гуфтааст, ҳеч илоҷ намонд. Маълум нест, дар маҳбас чӣ шароит дошт. Баъди се моҳи рафтан ба ҷанг бедарак шуд. Тамоси охиринаш 30 сентябр буд. Сипас аз қисми ҳарбӣ ба волидонаш хабар расонданд, ки ӯ мурдааст,” – нақл кард мусоҳиби мо, ки ба далели амниятӣ номаш навишта намешавад.
Пайкар ё ҷасади Аюбҷон Пировро рӯзи 3 декабр дар ноҳияи Рӯдакӣ дафн карданд. Вай писари ягонаи хонадон будааст. Ба нақли наздиконаш, Аюбҷон Пиров дар Тоҷикистон таваллуд шуда, шаҳрвандии Русияро дошт ва соли 2023 бо гуноҳи қочоқи маводи мухаддир шашуним сол аз озодӣ маҳрум гашт. Чизе, ки онҳо туҳмат меноманд.
АЗАМАТ САНГИНОВ
Ҷасади Азамат Сангиновро рӯзи 16-уми декабр аз Русия оварда, дар зодгоҳаш, деҳаи Негноти Панҷакент, ба хок супоридаанд. Як ҳамдеҳааш ба Радиои Озодӣ гуфт, ӯ дар амалиёти низомӣ дар Украина кушта шуда, ҷасадашро пас аз як моҳ пайдо карданд. “Ба ҷуз аз сутунмуҳраву қафаси сина чизе намонда буд,” – афзуд мусоҳиби мо.
Азамат Сангинов барои кор ба Русия рафта, соли 2023 барои нақзи қоидаи будубош дастгир шудааст. “Мақомоти низомӣ дар зиндон пешниҳод кардаанд, ки агар розӣ шаваду ба ҷанги Украина равад, дар шаш моҳ санади иқоматаш дуруст ва ӯ соҳиби шаҳрвандӣ хоҳад шуд. Ин пешниҳодро мепазирад ва ба ҷанг бурда мешавад,” – нақл кард ҳамсуҳбати мо дар шаҳри Панҷакент. Аз ӯ як писар мондааст, ки ҳоло донишҷӯст.
ҒАЙРАТ БЕГАЛИЕВ
Боқимондаҳои ҷасади Ғайрат Бегалиеви 23-сола аз деҳаи Янгиолдаи ноҳияи Ҳамадониро рӯзи 13-уми декабр дафн кардаанд. Яке аз наздиконаш дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “вақте тобутро барои шустани ҷасад боз карданд, ба ҷуз сари сӯхта ва як гӯши чап дигар аъзои баданаш набуд.”
Ба иттилои мусоҳиби мо, “Бегалиев пас аз хатми мактаби миёна ба Коллеҷи ҳарбии Кӯлоб дохил шуда, онро хатм накард ва дар соли 2023 ба муҳоҷирати корӣ ба Русия рафт.” Се моҳ қабл пулиси Русия ӯро барои дуруст набудани ҳуҷҷатҳояш дастгир ва дар ивази раҳоӣ пешниҳоди ширкат дар ҷанги Украинаро додааст.
“Ғайрат ҳам розӣ шуда, ба ҷанг рафтааст. Чанд вақт нопадид буд. Ду писари аммааш дар Нижний Новгород ҳастанд. Онҳо ҷасадро ёфта ва тобутро аз Русия ба Тоҷикистон фиристоданд,” – гуфт ҳамсуҳбати мо.
Ғайрат Бегалиев низ фарзанди ягонаи хонадон буда, пас аз марги модар ва издивоҷи дубораи падараш дар тарбияи модаркалон будааст.
Бо вуҷуди гузоришҳои батакрор дар бораи ҳузури зодагони Тоҷикистон дар ҷанги Русия дар Украина ва куштаву захмӣ шудан ва асир уфтодани теъдоде аз онҳо, мақомот дар Душанбе ягон иттилоъ намедиҳанд. Биноан, шумораи дақиқи онҳо маълум нест.
Барномаи давлатии "Зистан мехоҳам" дар Украина дар се рӯйхат номи тақрибан ду ҳазор зодаи Тоҷикистонро ҷамъ овардааст, ки аз тарафи Русия дар ҷанг ширкат карда, қисме аз онҳо кушта шудаанд. Муаллифони ҳамин рӯйхат пешниҳоди шаҳрвандии Русия ва тақдими миллионҳо рублро аз тарзҳои ҷалби шаҳрвандони Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ба артиши Русия медонанд. Ба гуфтаи онҳо, "саркашҳоро, то замоне ки қарордодро имзо накунанд, мезананд ва ё бо ҳукми зиндон метарсонанд."
"Русия шаҳрвандони Тоҷикистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказиро амалан ба куштан мефиристад. Ҳеч кас онҳоро сарбоз эътироф намекунад, ки бояд муҳофизат карда шаванд," – гуфтаанд муаллифони тарҳи "Зистан мехоҳам".
Қонунҳои Тоҷикистон низ барои иштирок дар ҷанги бегона ҷазои сангинро пешбинӣ мекунанд, вале дар тақрибан чаҳор сол ҳеч додгоҳ дар кишвар ягон ширкатдори ҷанги Украинаро муҳокима накардааст.