Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Душанбе бори аввал Ҷоми ҷаҳонии самбо доир мешавад


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Дар Ҷоми ҷаҳонии самбо, ки рӯзҳои 20-21-уми сентябр дар маҷмааи варзишии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барпо мегардад, гуштигирони зӯртарин аз кишварҳои мухталиф иштирок хоҳанд кард.

Дар ин бора сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии самбо (FIAS) хабар додааст. Ба иттилои манбаъ, мусобиқотро Федератсияи байналмилалии самбо якҷоя бо Федератсияи самбои Тоҷикистон баргузор мекунанд.

То ҳоло намояндагони 9 кишвар - ҳамаи ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ (Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон), инчунин Беларус, Булғористон, Маҷористон ва Русия - барои иштирок дар Ҷоми ҷаҳонии самбо дар Душанбе дархост кардаанд.

Ба барномаи Ҷоми ҷаҳонии самбо рақобатҳо аз рӯи 14 вазн байни мардону занон дар самбои варзишӣ ва ҳамин миқдор дар самбои размӣ дохил шудааст.

Варзишгарони аз 18-сола боло - ҳам пешсафони феълии рейтинги ҷаҳонӣ ва ҳам варзишгароне, ки дар сатҳи байналмилалӣ ном баровардаанд, тимҳои миллии кишварҳои худро намояндагӣ хоҳанд кард.

Акмалиддин Каримов, собиқ қаҳрамони ҷаҳон, ки феълан сармураббии дастаи мунтахаби самбои Тоҷикистон аст, рӯзи 16-уми сентябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "ба ҳайати дастаи мунтахаби кишвар ҳудуди 30 нафар дохиланд. Дар байни онҳо паҳлавонони маъруф, ҷоизадорони мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳону Осиё, ба мисли Комроншоҳи Устопириён, Сорбон Латифов, Нозимҷон Охиров, Зафар Олимшоев, Деваштичи Убайдӣ, Ҳамроз Раҷабов, Беҳрӯз Ҳалимов ва дигарон ҳастанд. Инчунин дар сабқати занон дар риштаи самбои варзишӣ Тоҷикистонро танҳо як нафар – Гулнора Насриддинова - намояндагӣ мекунад".

Ёдовар мешавем, варзишгарони тоҷик дар Ҷоми ҷаҳонии самбо барои ҷоизаҳои президенти Кумитаи миллии олимпии Арманистон Гагик Сарукян, ки моҳи июни имсол дар шаҳри Ереван доир гардид, ду медал (як тилло ва як нуқра) ба даст оварданд.

Паҳлавони тоҷик Беҳрӯз Ҳалимов дар самбои размӣ байни мардон дар вазни 64 кило бар ҳамаи рақибонаш пирӯз шуда, ба финал роҳ ёфт. Беҳрӯз дар даври ниҳоӣ бар Санҷарбек Авазбердиеви туркман дастболо шуда, бо медали тило ва ҷоизаи молӣ ба маблағи 3000 доллари ИМА сарфароз гашт.

Комроншоҳи Устопириён дар самбои варзишӣ байни мардон дар вазни 98 кило ба финал роҳ ёфт. Аммо вай дар даври ниҳоӣ аз Максим Мерзлякови русиягӣ, ки дар ҳайати дастаи FIAS (Федератсияи байналмилалии самбо) ҳунарнамоӣ кард, мағлуб шуд. Ба Комроншоҳ медали нуқра ва 2000 доллари ИМА тақдим гардид.

Ба иттилои Федератсияи байналмилалии самбо (FIAS) дар Ҷоми ҷаҳонии самбо дар Ереван зӯртарин варзишгарон аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон иштирок доштанд. Мусобиқот миёни мардону занон дар риштаҳои самбои варзишӣ ва самбои размӣ аз рӯи 28 дараҷаи вазнҳо сурат гирифт.

Маблағи умумии ҷавоизи мусобиқот 196 000 доллари ИМА-ро ташкил медод. Барои медали тило дар ҳар як вазн 3000 USD, барои нишони нуқра 2000 USD ва барои нишони биринҷӣ 1000 USD супурда шуд.

Аммо барои ғолибону ҷоизадорони Ҷоми ҷаҳонии самбо дар Душанбе ҷоизаҳои молӣ муқаррар нашудааст.

XS
SM
MD
LG