Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Душанбе мусобиқаи ҷудо "Тоскулоҳи бузург" оғоз ёфт


Дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обии шаҳри Душанбе 2-юми май мусобиқаи байнулмилалии сайри ҷаҳонии ҷудо "Dushanbe Grand Slam 2025” (“Тоскулоҳи бузурги Душанбе-2025”) оғоз ёфт, ки се рӯз идома хоҳад кард.  

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байнулмилалии ҷудо (IJF), барои иштирок дар мусобиқаи “Dushanbe Grand Slam 2025” (“Тоскулоҳи бузурги Душанбе-2025”) 226 варзишгар (123 мард ва 103 зан) аз 27 кишвари чаҳор қораи олам номнавис шудаанд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ин мусобиқаи сайри ҷаҳонии ҷудо, ки бори дуюм дар Душанбе баргузор шудааст, 36 варзишгар (28 мард ва 8 зан) дохиланд.

Дар рӯзи аввали мусобиқа – 2-юми май - варзишгарони тоҷик дар панҷ вазн (ду вазн байни мардон ва се вазн миёни занон) рақобат мекунанд:

Мардон:

Вазни -60 кг: Муҳаммадсолеҳ Қувватов, Лоиқ Қутбиддинов, Меҳрзод Суфиев, Ҳақдод Гулов;

Вазни -66 кг: Эмомалӣ Нуралӣ, Обид Ҷебов, Ёсин Бобокалонов, Шаҳбоз Саидаброров;

Занон:

Вазни -48 кг: Аҳлия Муъминова, Райҳонаи Розиқзода;

Вазни -52 кг: Мадина Қурбонзода, Зуҳал Ҷумъаева, Насиба Карликова;

Вазни -57 кг: Александра Кан, Раҳмия Ҳанҷарбекова.

Дар рӯзи дуюми мусобиқа – 3-юми май – гуштигирони тоҷик дар ду вазн байни мардон ба рақобат мепардозанд:

Мардон:

Вазни -73 кг: Абубакр Шеров, Муҳиддин Асадуллоев, Беҳрӯзи Хоҷазода, Маҳмадшариф Наҷмиддинов;

Вазни -81 кг: Сомон Маҳмадбеков, Муҳаммад Юсуфзода, Ғанӣ Ғанизода, Сайфиддин Сайфиддинзода.

Дар рӯзи сеюми мусобиқа – 4-уми май – гуштигирони тоҷик дар се вазн байни мардон ва дар як вазн миёни занон – вориди рақобат мешаванд:

Мардон:

Вазни -90 кг: Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода, Умедҷон Раҷабов, Шодмон Ризоев, Музамир Каримзода;

Вазни -100 кг: Ҷаҳонгир Маҷидов, Кароматулло Ҳакимов, Парвиз Абдураҳмонов, Муҳсин Малаев;

Вазни +100 кг: Темур Раҳимов, Мансур Раҳмон, Некрӯзшоҳ Некбахтзода, Раҳматулло Мирзоев.

Занон:

Вазни +78 кг: Виктория Киселёва.

Ба назари коршиносон паҳлавонони тоҷик, ки шумораашон дар ин мусобиқа аз ҳама бештар аст, барои гирифтани ҷоизаҳо шонси хуб доранд.

Ба ғайр аз мизбонон ҳайатҳои дастаҳое, ки бо теъдоди зиёли варзишгарон барои ширкат дар “Тоскулоҳи бузурги Душанбе” омадаанд, чунин аст: Узбекистон - 26 (14 мард ва 12 зан), Чин - 26 (12 зан ва 14 мард), IJF (Федератсия байнулмилалии ҷудо) – 24 (12 мард ва 12 зан), Туркманистон – 18 (9 мард ва 9 зан), Муғулистон – 17 (8 мард ва 9 зан), Фаронса - 12 (4 мард ва 8 зан), Хорватия – 9 (2 мард ва 7 зан), Қазоқистон – 8 (7 мард ва 1 зан), Озарбойҷон – 8 мард, Гурҷистон – 7 мард, Британияи Кабир – 6 (3 мард ва 3 зан), Кореяи Ҷанубӣ – 6 зан. Ватани ҷудо - Ҷопонро - танҳо ду зан намояндагӣ мекунад.

Барномаи мусобиқа:

2-юми май (ҷумъа). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -48 кг, -52 кг, -57 кг миёни занон; -60 кг, -66 кг байни мардон.

3-юми май (шанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -63 кг, -70 кг миёни занон; -73 кг, -81 кг байни мардон.

4-уми май (якшанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -78 кг, +78 кг миёни занон; -90 кг, -100 кг, +100 кг байни мардон.

Маблағи умумии ҷоизаҳои молии мусобиқа 154 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Ғолибон дар ҳар як вазн (7 вазн миёни мардон ва 7 вазн байни занон) бо 5000 евро, барандагони медали нуқра бо 3000 евро ва соҳибони нишони биринҷӣ бо 1500 евро сарфароз мегарданд.

Варзишгарон дар ин мусобиқаи байнулмилалӣ ба ҷуз аз медалу ҷоизаҳои молӣ, инчунин соҳиби имтиёзҳо дар феҳристи ҷаҳонии ҷудо мешаванд: ҷойи якум – 1000 имтиёз, ҷойи дуюм – 700, ҷойи сеюм – 500, ҷойи панҷум – 360, ҷойи ҳафтум – 260 имтиёз.

Ёдовар мешавем, дар “Dushanbe Grand Slam 2024” 390 варзишгар (204 мард ва 186 зан) аз 65 кишвари панҷ қораи ҷаҳон иштирок доштанд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 37 варзишгар (28 мард ва 9 зан) дохил буданд, ки 7 медал (як тилло, се нуқра ва се биринҷӣ) ба даст оварданд.

Ягона медали тиллоро дар ин мусобиқа Муҳаммадсолеҳ Қувватов дар вазни то 60 кило соҳиб шуд. Обид Ҷебов (-66 кг), Беҳрӯзи Хоҷазода (-73 кг) ва Темур Раҳимов (+100 кг) бо медалҳои нуқра, Муллораҷаб Халифаев (-66 кг), Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода (-90 кг) ва Ҷаҳонгир Маҷидов (-100 кг) бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гаштанд.

Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Швейтсария бо касби 2 медали тилло ва 2 нишони нуқра ғолиб шуд. Австрия бо касби 2 медали тилло ва як нуқра ҷойи дуюм ва Италия бо касби 2 медали тило ва як биринҷӣ зинаи сеюмро ишғол карданд. Тоҷикистон бо касби як медали тилло, се нуқра ва се биринҷӣ дар зинаи чаҳорум қарор гирифт.

XS
SM
MD
LG