Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Дар кӯча мондем". Норозигии сокинони Хуҷанд аз тахриби манзилашон


Бо нишони норизоиятӣ аз тахриби хонаву мағозаҳояшон гурӯҳе аз сокинони шаҳри Хуҷанд чанд рӯз боз таҷаммӯъ мекунанд. Иддаои онҳо ин аст, ки бар ивази манзилашон як ширкати сохтмонӣ ҷуброни кам медиҳад ва хостаҳояшонро ба инобат намегирад. Баръакс намояндагони ширкат мегӯянд, ки амалкарди онҳо мувофиқи меъёрҳои муқарраргардида аст. Масъулони ҳукумати маҳаллӣ ба сокинону тоҷирон пешниҳод кардааст, ки баҳсро тариқи додгоҳ ҳал кунанд.

"Мардумро ба ваҳм андохтаанд"

Cокинон биное дар кӯчаи Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд мегӯянд, тибқи қарори ҳукумат, ширкати сохтмонии “Қудрат 2010” дар ҷойи хонаи сокинон се бинои нави 20 ошёна месозад.

Файзулло Файзиев, сокини шаҳри Хуҷанд ба Радиои Озодӣ гуфт,, бар асоси қарори мақомот, ширкат бояд аввал талаби соҳибмулконро қонеъ карда, баъдан ба сохтмон оғоз кунад. “Инҳо аллакай барои мардумро ба ваҳм андохтан, яъне ту ҳа гӯӣ ва нагӯӣ ҳам месозем гуфта ин сутунҳоро задаанд”.

Маҳбуба Ҳоҷибоева, сокини дигари шаҳри Хуҷанд ба Радиои Озодӣ гуфт, “омада моро огоҳ накарданду лекин дар қарорашон навиштагӣ шудагӣ, ки моро огоҳ кардаанд. Ба мақомотҳои давлатӣ гуфтаанд, ки сокинон розигӣ додаанд, вале мо розигӣ надодаем”.

Видеоро инҷо бинед:

Ҷанҷол сари бунёди хона дар Хуҷанд
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:06 0:00

Дар се бинои тахрибшаванда ҳудуди 200 оила зиндагӣ мекунанд. Азбаски ин биноҳо дар наздикии бозори марказии шаҳри Хуҷанд ҷойгир шудааст, дар ошёнаи аввали он даҳҳо тоҷиру ҳунарманд мағозаву марказҳои хизматрасонӣ доранд ва ризқу рӯзиашонро меёбанд. Даъвои онҳо ин аст, ки тӯли чанд сол бекор мемонанд.

Шамсиниссо Ёрматова, яке аз ин соҳибкорон мегӯяд, 25 сол аст, ки ҳамроҳи келин ва духтараш дар толори занона кор мекунанд. “Ман аз инҷо равам мизоҷонам гум мешавад. Мо аз бонк пул гирифта куртаи арӯсӣ овардаем. 25 сол боз бо шаҳодатнома кор мекунем. Мо дар кӯча монда истодаем. Аз ҳукумат хоҳиш мекунам, ки ба мо ягон кӯмак расонанд,»-кӯмак мепурсад ин соҳибкор.

"Қудрат 2010" аз кист?

Шикояти асосии сокинон ин аст, ки ширкати сохтмонӣ бар ивази мулку манзилашон ҷуброни кам медодааст ва дар ин масъала бо сокинон ба созиш нарасидаанд. Вале масъулони ширкат мегӯянд, ки тибқи нархнома ва муқаррароти давлатӣ амал карда истодаанд.

Шамсиддин Нарзуллозода, намояндаи ширкати "Қудрат 2010" гуфт, баъзе соҳибмулкон розӣ ҳастанд, "лекин як гурӯҳи шаҳрвандон норозианд, ҳамин ҳолатро мунтазиранд. Бо зиёда аз 50 фоизи шаҳрвандон дар алоҳидагӣ гуфтушунид гузаронида шудааст. Дар маҷлиси умумӣ бо бошандагони биноҳои 75, 79 ва 81 зиёда аз ду маротиба вохурӣ гузаронидем".

Дар ҳамин ҳол сокинон азм доранд ба мақомотҳои назоратӣ ва додгоҳ муроҷиат кунанд.

Номи ширкати сохтмонии “Қудрат 2010” замоне сари забонҳо шуд, ки тарҳи амалинашудаи “Шаҳраки чинӣ”-ро ба зимма гирифта ва дар ҷояш бинои 16 ошёна сохт. Сокиноне, ки дар замини он ҳавлӣ доштанд, тӯли чанд сол иҷоранишин шуданд ва ҳукумат барояшон хонаҳои нав тақдим кард. Соли гузашта дар пайи тахриби бинои дигар дар хиёбони Исмоили Сомонӣ низ, ширкат бо норизоиятии бошандагони маҳаллӣ рубарӯ шуд. Вале баҳс ба фоидаи "Қудрат 2010" поён ёфт.

Тибқи ҳуҷҷати бақайдгирии Кумитаи андоз, ширкати “Қудрат 2010” соли 2010 таъсис ёфта, суроғаи ҳуқуқиаш деҳаи Пастиғави ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ аст. Аз рӯи санадҳои Кумитаи андоз, самти кори ин ширкат "истихроҷ ва фурӯши ангишт" аст. Ин ширкат ба навиштаи сомонааш дар бахши сохтмон ҳам кор мекунад. Дар санадҳо молики "Қудрат 2010" шахсе бо номи Ашуров Хусрав Бегичонович зикр шудааст. Дар бораи ин нафар маълумоти зиёд дар даст нест. ҶДММ “Қудрат-2010” соли 2019 иҷозаи истихроҷи ангишт дар кони Ғузн, яке аз калонтарин конҳои ангишт дар ноҳияи Куҳистони Мастчоҳро ба даст овард.

Масъалаи сохтмони биноҳои баландошёна дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон торафт бештар мешавад ва як сабаби асосии норизогии аҳолӣ он аст, ки чунин сохтмонҳоро мақомот дар байни маҳаллаҳои тангу мушкилгузар иҷозат медиҳанд. Зеро дар онҷо насби обу барқу қубурҳои ташноб осон аст ва харидори бештар дорад. Мақомот пайваста мегӯянд, ки ин қарорҳо дар асоси нақшаи умумӣ гирифта мешаванд.

Сокинони норозӣ аз ширкати "Қудрат 2010" дар Хуҷанд:

XS
SM
MD
LG