Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Кӯлоб як роҳи халосӣ аз бебарқиро пайдо кардаанд


Дар рӯзҳое, ки сокинони минтақаҳои Тоҷикистон аз маҳдудияти шадиди нерӯи барқ шикоят доранд, бархе бошандагони шаҳри Кӯлоб роҳи раҳоӣ аз бебарқиро пайдо кардаанд. Бархе сокинони Кӯлоб дар боми хонаашон панелҳои офтобӣ насб мекунанд. Зиёд будани талабгорони панелҳои офтобӣ боис шудааст, ки нархи ин таҷҳизот якбора боло равад.

Ҷиёнгул, сокини шаҳри Кӯлоб усто овардааст, то дар боми хонааш ду панели офтобӣ гузоранд. Ин панелҳо дар маҷмуъ як киловат барқ медиҳанд, ки ҳадди ақал барои рӯшан кардани хона кофӣ аст.

Ҷиёнгул барои насби панелҳо 8 ҳазор сомонӣ сарф кардааст, ки муодили тақрибан ҳаштсад доллар аст. Дар оянда метавонад теъдоди панелҳоро бештар кунад ва барқи зиёдтар гирад.

“Гарон аст, зӯри ҳар кас намерасад. Зӯри мо ҳам нарасид. Аз бонк қарз гирифта, панелҳоро насб кардем. Агар нархи панелҳо арзонтар бошад, эҳтимол зӯри ҳама расад. Ду соат барқ медиҳанд. Дигар торик мешавад. Ин панелҳо ҳама ҷоро рӯшан нигоҳ медоранд», - мегӯяд ин ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ.

Видеоро инҷо бинед:

"Аз бонк қарз гирифта, панелҳои офтобӣ насб кардем"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:35 0:00

Ҷиёнгул дӯзанда аст ва камбуди нерӯи барқ дар чанд ҳафтаи охир бозорашро суст кард. Ҳоло бо насби панелҳои офтобӣ дубора фаъолияташро ҷон бахшиданист. Мехоҳад, пули бештар ҷамъ биорад, то қарзи бонкро зудтар пардозад.

Ин сокини Кӯлоб гуфт, “агар пул бошад, теъдоди панелҳоро бештар кунӣ, таҷҳизоти дигарро ҳам мешавад истифода бурд. Мисол, дастгоҳи обгармкунӣ ва ҷомашӯӣ. Ҳозир мо фақат рӯшноӣ мегирем ва мошинаи дӯзандагиро истифода мекунем”.

Ин шабу рӯз ба мисли Ҷиёнгул талабгорони панелҳои офтобӣ дар Кӯлоб афзудаанд. Тоҷирон мегӯянд, ин баста танҳо аз панели офтобӣ иборат нест. Ҳар хонавода барои насби панел бояд инвектор ё ду аккумулятор бихарад. Нархи инвекторҳои яккиловатӣ аз 1500 сомонӣ сар мешавад.

Ҳар сол дар айёми тирамоҳу зимистон дар Тоҷикистон маҳдудият ё "лимит"-и барқ ҷорӣ мешавад. Имсол маҳдудияти интиқоли барқ аз нимаи дуюми моҳи октябр сахттар шуд. Ба гуфтаи сокинони минтақаҳо, феълан дар шабонарӯз то 3-4 соат барқ доранд. Солҳои гузашта ба мардуми минтақаҳои Тоҷикистон дар фаслҳои тирамоҳ ва зимистон то 8 соат барқ медоданд.

Намояндагони ширкати "Барқи тоҷик" ва Шабакаҳои тақсими барқ наборидани барфу борон ва кам шудани сатҳи обанбори Норакро сабаби кам шудани истеҳсоли барқ медонанд. Мақомот ин вазъро муваққатӣ мегӯянд, аммо маълум нест то кай идома хоҳад кард.

Баъзе аз сокинон ба беҳтар шудани вазъи ҳаво ва иҷрои ваъдаи мақомот, ки эҳтимол моҳи майи соли 2027 камбуди энергетикӣ дар Тоҷикистон аз байн равад, умед бастаанд.

Бархеи дигар ба мисли Ҷиёнгул талош доранд, ки душвориро бо нерӯи худ ҳал кунанд, то ҳам дар торикӣ намонанд ва ҳам кори худро пеш баранд.

XS
SM
MD
LG