Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барномаи ҷанҷолӣ. Дар паси Oxygen Forensics кӣ меистад?

Вебсайти ширкати Oxygen Forensics дар Амрико моҳи сентябри 2026 ва пас аз эълони айбнома алайҳи ду роҳбараш мусодира шудааст
Вебсайти ширкати Oxygen Forensics дар Амрико моҳи сентябри 2026 ва пас аз эълони айбнома алайҳи ду роҳбараш мусодира шудааст

Барнома ё нармафзори ширкати Oxygen Forensics, ки метавонад бо шикастани рамз иттилооти дохили телефонҳои ҳамроҳ, комютер ва васоили дигари электрониро берун кашад, дар маркази як парвандаи ҷиноӣ дар Иёлоти Муттаҳида қарор гирифтааст.

Вазорати дифоъ, Созмони истихборот, Вазорати амнияти дохилӣ, FBI ё Бюрои федеролии тафтишот ва даҳҳо ниҳоди дигар дар Амрико ва Аврупо солҳои зиёд аз ҷумлаи муштариёни ин нармафзор буданд.

Вазорати додгустарии Амрико моҳи сентябри имсол ду намояндаи ширкатро муттаҳам кард, ки дар бораи соҳибони он ба давлати Амрико маълумоти нодуруст додаанд. Бар асоси иттиҳомҳои матраҳшуда, ин ширкат дар воқеъ моликият ва зери назорати шаҳрвандони Русия будааст.

Абзоре барои шикастани "қулф"

Яке аз намунаҳое, ки тавоноии нармафзорро нишон медиҳад, ба компюер ё лаптопи Ҳантер Байден, писари Ҷо Байден, раисҷумҳури пешини Амрико, марбут аст. Константинос Димитрелос, маъмури пешини Хадамоти махфии Амрико, моҳи октябри 2024 дар як нишаст дар Вирҷиния нармафзори Oxygen Forensics-ро барои гурӯҳе аз мутахассисони фанноварӣ муаррифӣ кард.

Дар наворе аз ин нишаст, ки ба дасти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ расидааст, Константинос Димитрелос мегӯяд, аз Oxygen Forensics барои баррасии нусхае аз диски компютери Ҳантер Байден истифода кард ва тавонист даҳҳо ҳазор файл, аз ҷумла маводи ҳазфшударо бозёбӣ кунад.

"Oxygen Forensics абзори шумораи яки ман аст. Танҳо абзорест, ки истифода мекунам. Ошиқаш ҳастам," – афзудааст ӯ. Константинос Димитрелос гуфтааст, як далели истифода аз ин нармафзор ин аст, ки ба ӯ имкон медиҳад маълумотро бозёбӣ ва асолати онҳоро баррасӣ кунад.

Нусхаи амрикоӣ, ҳамон нусхаи русӣ

Мавзуъ замоне ҳассостар шуд, ки мушаххас шуд нусхаи нармафзоре, ки дар Амрико арза мешуд, бино бар гуфтаи фаъолони русӣ ва як корманди собиқи ширкат, ҳамон барномаест, ки дар Русия низ ба кор мебаранд. Ин нармафзор дар Русия дар ихтиёри Хадамоти амнияти федеролӣ, ФСБ ва ниҳодҳои дигари ҳукуматӣ будааст.

Панҷ шаҳрванди Русия, ки номи онҳо ба унвони моликони ширкати русии MKO-Systems сабт шудааст, касоне ҳастанд, ки мақомҳои амрикоӣ мегӯянд, пушти ширкати Oxygen Forensics низ қарор доштаанд. Яке аз онҳо, Олег Давидов, мудири аршади фанноварии ширкат ва шаҳрванди Русия аст, ки 23-юми сентябри 2026 дар фурудгоҳи Лондон боздошт шуда, мунтазири раванди эҳтимолии истирдод ба Амрико аст.

Баъзе аз фаъолони рус дар наворе шарҳ додаанд, ки чӣ гуна нусхаҳои англисӣ ва русии нармафзори Oxygen бо ҳам монанданд
Баъзе аз фаъолони рус дар наворе шарҳ додаанд, ки чӣ гуна нусхаҳои англисӣ ва русии нармафзори Oxygen бо ҳам монанданд

Ли Райбер, мудиромили амрикоии Oxygen Forensics, низ ҳамон рӯз дар аёлати Айдаҳо боздошт ва сипас бо қарори васиқа озод шуд.

Хадамоти махфии Амрико моҳи феврали имсол бо ишора ба "хатарҳои амниятӣ" қарордоди панҷсолаи худро бо ин ширкат бекор кард. Дар ҳамин ҳол, Вазорати корҳои хориҷии Амрико дар моҳи август, танҳо чанд ҳафта пеш аз эъломи иттиҳомҳо қарордоди наверо бо ширкат имзо намуда буд.

Пас аз ошкор шудани собиқа ё пешинаи русии ширкат, шуморе аз ниҳодҳо дар Бритониё ва кишварҳои дигари аврупоӣ низ барои таваққуфи истифода аз нармафзор иқдом карданд.

Яке аз муҳимтарин пурсишҳои амниятӣ дар бораи ин нармафзор ин аст, ки оё имкони дастрасии пинҳонии созандагони русӣ ба маълумоти истихроҷшуда вуҷуд дошт ё на. Руна Сандвик, коршиноси норвежӣ-амрикоии амнияти диҷитол, мегӯяд, "ҳеч санади муҳкаме надорем, ки нишон диҳад нармафзор коре ғайр аз ончи қарор буд анҷом диҳад, анҷом додааст."

Бо ин ҳол, Сандвик сохтори моликияти ширкатро ғайриодӣ тавсиф карда, гуфт, ширкатҳои муътабар маъмулан ба чунин тарз созмондиҳӣ намешаванд.

Хадамоти махфии Амрико дар посух ба Радиои Озодӣ гуфт, истифода аз ин нармафзор дар моҳи феврали соли 2026, пас аз шиносоии хатарҳои амниятӣ билофосила боздошта шуд. Ин ниҳод афзуд, нармафзор танҳо дар шабакаҳое, ки аз интернет ва шабакаҳои дигари ноамн ҷудо ҳастанд, истифода шудааст. Ба иттилои Хадамоти махфии Амрико, ҳеч мадраке вуҷуд надорад, ки иттилооти ҳассос дар маърази хатар қарор гирифта бошад.

Аммо Мариан Мигер, ки масъули фурӯши маҳсулоти Oxygen Forensics ба ниҳодҳои давлати федеролии Амрико буд, мегӯяд, аз моликият ва назорати русии ширкат иттилое надошт. Ӯ бо ишора ба қудрати болои нармафзор гуфтааст, агар абзоре битавонад ба "тақрибан ҳар чизе" нуфуз кунад, ин ки созандагон ва моликони он рус бошанд, масъалае ҷиддӣ эҷод мекунад.

Решаҳои русии ширкат

Решаи ширкат ба соли 2002 дар Русия бозмегардад; замоне ки Олег Давидов ва Олег Фёдоров ширкатеро ба номи Oxygen Software таъсис карданд. Яке аз бунёдгузорони сабтшудаи ин ширкат "Муассисаи пажӯҳишии иртибототи радиоии Маскав" буд; ниҳоди давлатӣ дар давраи Шӯравӣ, ки дар заминаи сомонаҳои иртиботи моҳвораӣ ва таҷҳизоти электронии мушакӣ фаъолият дошт ва дар даҳаи 1990 хусусӣ шуд.

Ширкати Oxygen то соли 2015 дар бинои ҳамин муассиса ҷойгир буд ва сипас номи воҳиди русии худро ба MKО Sysytems тағйир дод. Давидов ду сол пеш аз он ширкати Oxygen Forensics-ро дар канори Вашингтон дар аёлати Вирҷиния роҳандозӣ карда буд.

Нармафзори ин ширкат дар Русия ба яке аз абзорҳои муҳими ҷурмёбии диҷитол табдил шуд ва ниҳодҳое чун Кумитаи таҳқиқот, Вазорати корҳои дохилӣ ва ФСБ аз он истифода кардаанд.

Дар ин акс, ки аз шабакаҳои иҷтимоӣ гирифта шудааст, Олег Давидов (чап), Олег Фёдоров (рост) ва кормандони дигари Oxygen Software дар як чорабинӣ дида мешаванд
Дар ин акс, ки аз шабакаҳои иҷтимоӣ гирифта шудааст, Олег Давидов (чап), Олег Фёдоров (рост) ва кормандони дигари Oxygen Software дар як чорабинӣ дида мешаванд

Истифода дар парвандаҳои сиёсӣ дар Русия

Фаъолон ва коршиносон мегӯянд, нусхаи русии нармафзор ба таври густурда барои шикастани рамзу қулфи васоили электронӣ мавриди истифода қарор гирифта ва дар мавридҳое низ дар парвандаҳои дорои ангезаи сиёсӣ ба кор рафтааст.

Яке аз шахсоне, ки дастгоҳҳои электронии ӯ ҳадафи чунин баррасиҳо қарор гирифт, Алсу Қурмашева, рӯзноманигори Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, буд. Ӯ дар соли 2023 ҳангоми сафар ба Русия боздошт ва сипас ба шашуним сол зиндон маҳкум шуд; иттиҳомҳое, ки худи ӯ ва Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ беасос медонанд. Қурмашева моҳи августи 2024 дар ҷараёни табодули зиндониён озод шуд.

Талош барои пинҳон кардани моликият пас аз ҷанги Украина

Oxygen Forensics дар Амрико, қарордодҳои пурсудеро бо ниҳодҳои гуногуни давлатӣ, аз ҷумла Вазорати амнияти дохилӣ ва Хадамоти махфӣ, ба даст овард. Бар асоси ҳуҷҷатҳои дохилии фурӯш, ки дар ихтиёри Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ қарор гирифт, ин ширкат бо даҳҳо ниҳоди федералӣ ва иёлотии Амрико ва шумори зиёде аз созмонҳо дар дигар кишварҳои ҷаҳон қарордод доштааст.

Додситонҳои амрикоӣ мегӯянд, пас аз оғози таҷовузи Русия ба хоки Украина дар соли 2022, ширкат бо ҳадафи пешгирӣ барои аз даст надодани қарордодҳои давлатии Амрико кӯшидааст моликияти русии худро пинҳон кунад. Ба гуфтаи додситонҳо, як ширкати миёнрав бо номе мушобеҳ дар Қибрис (Кипр) таъсис шуд ва номи панҷ молики рус низ аз ҳуҷҷатҳои ширкат дар Русия ҳазф шуд.

Бо ин ҳол, мақомҳои амрикоӣ мегӯянд ин афрод ҳамчунон дар тасмимгириҳои ширкат, назорати пардохтҳо ва назорат бар ҳисобҳои бонкӣ нақш доштанд.

Ли Райбер, мудиромили амрикоии ширкат, низ муттаҳам шудааст, ки дар солҳои 2022 ва 2023 ба давлати Амрико гувоҳӣ дода буд, Oxygen Forensics молики дигаре надорад; мавзӯе, ки барои дарёфти қарордодҳо аҳамияти асосӣ дошт.

Парвандае, ки нав боз шудааст

Акнун пас аз солҳо истифодаи густурда аз нармафзори Oxygen Forensics дар Амрико ва Аврупо, парвандаи моликияти ширкат таваҷҷуҳи ниҳодҳои амниятӣ ва полисиро ба худ ҷалб кардааст.

Ҳанӯз ҳеч санаде мунташир нашуда, ки нишон диҳад иттилооти истихроҷшуда бо ин нармафзор дар ихтиёри ниҳодҳои русӣ қарор гирифта ё аз нармафзор барои ҷосусӣ истифода шудааст. Аммо иттиҳоми пинҳон кардани моликият ва контроли русии ширкате, ки нармафзори он барои шикастани рамзу қулфи телефонҳо, компютерҳо ва дастрасӣ ба иттилооти ҳассос ба кор меравад, акнун ба худии худ ба як нигаронии амниятии ҷиддӣ барои давлатҳои ғарбӣ табдил шудааст.

Намунаи компютери Ҳантер Байден танҳо яке аз мавридҳоест, ки нишон медиҳад ин нармафзор чӣ тавоноиҳо дорад; абзоре, ки ба гуфтаи коршиноси истифодакунанда аз он тавонистааст даҳҳо ҳазор файл, аз ҷумла иттилооти ҳазфшударо бозёбӣ кунад ва дар ҳамон ҳол нусхае аз ҳамин фанноварӣ дар ихтиёри ниҳодҳои амниятии Русия низ будааст.

Гӯшаҳо

Гуфтугӯ

​
XS
SM
MD
LG