Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон аз мардум пурсидаанд, ки порахӯрӣ дар куҷо зиёд аст? Ҷавоб ҳам гирифтаанд


Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дар талоше барои маҳви ришвахориву фасоди густурда дар кишвар миёни мардум назарсанҷие анҷом додааст.

Сокинон дар ин назарсанҷӣ посух додаанд, ки дар кадом бахшу идораҳои давлатӣ хатари коррупсия бештар аст. Вале аз ширкату ниҳодҳое мисли Вазорати дифоъ ё Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ишора нашудааст, ки ахиран исмашон бо тасарруфи миллионҳо доллари буҷаи давлат расонаӣ шуд.

Дар Агентии мубориза бо коррупсия гуфтанд, бо таваҷҷӯҳ ба натиҷаҳои пурсиш, барои мубориза бо фасод чораҳои сахттар хоҳанд андешид. Вале миёни коршиносону фаъолон шакку шубҳа ба шаффофияти ин назарсанҷӣ вуҷуд дорад. Назарсанҷӣ бо дастгирии Дафтари Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар шаҳри Душанбе сурат гирифтааст. Дар ин пурсиш 10,000 сокини аз 18 то 64-сола аз 28 шаҳру ва ноҳия иштирок карданд.

Нигора Муқимӣ, намояндаи Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон: “Аз пурсиш бармеояд, ки 20 фоизи пурсидашудагон баҳогузорӣ кардаанд, ки гӯиё аз нигоҳи онҳо бештар хавфҳои коррупсиёнӣ дар соҳаи маориф дида мешавад. 19 фоизи пурсидашудагон дар сохторҳои мақомоти корҳои дохилӣ қайд намуданд, 16,7 фоизи пурсидашудагон дар сохторҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ қайд карданд ва инчунин 9,1 фоизи пурсидашудагон дар сохторҳои мақомоти адлия, 6,5 фоизи пурсидашудагон дар мақомоти судӣ ва инчунин 4,4 фоизи пурсидашудагон қайд намуданд, ки дар бахши энергетика аз нигоҳи онҳо бештар хавфҳои коррупсиёнӣ вуҷуд дорад”.

Мардуми Тоҷикистон дар бораи фасод чӣ назар дорад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:12 0:00

Аммо ба назари Фарҳод Одинаев, фаъоли маданӣ, ин пурсиш наметавонад воқеиятро ба пуррагӣ бозтоб диҳад.

Фарҳод Одинаев, фаъоли маданӣ дар Аврупо: “Пурсишҳои сотсиологӣ дар ҷомеа танҳо қисмате аз ин мушкилотҳоро метавонанд инъикос кунанд. Дар асл мардум он чизеро мебинад, ки ҳар рӯз бо он рӯ ба рӯ аст. Яъне ин соҳаи тандурустӣ аст, соҳаи маориф аст, вазорати корҳои дохила, Бозрасии Давлатии Автомобилӣ аст. Инҳо наметавонанд, мушкилиро пурра инъикос кунанд. Дар соҳаҳои рӯзмара фасод дар шакли майда аст, вале рӯшан аст, мардум ҳар рӯз онро мебинад, вале дар сатҳи калон он бештар аз чамшми мардум пинҳон аст. Ягон бахши ҳукумат аз фасод орӣ нест. ”

Дар Агентии мубориза бо коррупсия гуфтанд, барои гузаронидани ин пурсиш ҷомеаи шаҳрвандӣ низ ҷалб шудааст, вале аз ҳеч ниҳод ё афроде ном нагирифтанд. Баъзе коршиносони мустақил дар Душанбе гуфтанд, аз чунин пурсиш хабар надоранд, аммо барои беҳбудии чунин назарсанҷиҳо пешниҳодҳое доранд.

Хурсандмурод Ҳакимов, коршиноси мустақил мегӯяд: «Агар бо истифода аз технологияҳои муосири имрӯза, ҳамин пурсиш ба шакли онлайнӣ сурат мегирифт, хеле боз васеътар, доираи зиёдтари пурсидашудагон ва мардум метавонистанд дар ин назарсанҷӣ иштирок кунанд ва фикри худро иброз намоянд. Ин ҳам яке аз вариантҳои васеътар кардани доираи фаҳмишу ақидаи мардум нисбат ба ин раванд мебошад”.

Тибқи иттилои расмӣ, дар шаш моҳи аввали имсол Агентии мубориза бо коррупсия беш 1200 ҷинояти коррупсионӣ ва хусусияти коррупсионидоштаро ошкор кардааст. Ҷиноятҳои коррупсионӣ бештар дар ҳукуматҳои маҳаллӣ, соҳаҳои тандурустӣ, замин ва маориф ошкор шудаанд. Ин арзёбӣ бар асоси шумори ҷиноятҳост. Тавре раҳбарияти Агентии зидди коррупсия таъкид кардааст, зарари молии нисбатан бузург дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, Бозрасии давлатии автомобилӣ ва Раёсати адлия дар вилояти Суғд сабт шудааст.

Талошҳои Тоҷикистон барои маълум намудани афкори ҷомеа оид ба сатҳи фасод дар ниҳодҳои давлатӣ дар ҳолест, ки Созмони Шаффофияти Байнулмилал дар моҳи январи соли гузашта бо нашри гузориши Шохиси дарки фасод Тоҷикистонро дар миёни 180 кишвар дар ҷойгоҳи 162-ум қарор дод, ки яке аз зинаҳои поинтарин ба шумор меравад. Маълум нест, омӯзиши афкори мардум то куҷо метавонад вазъро дигар кунад, аммо ҷалби васеи сокинон ба баррасии он, ба гуфтаи муаллифонаш, таъсири мусбат хоҳад дошт.

XS
SM
MD
LG