Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон мисли Қимматгул чанд нафар камбизоат аст? ВИДЕО


Қимматгул Сафолова

Қимматгул Сафолова баъд аз марги шавҳар бо як писар танҳо монд ва солҳо боз зиндагии фақирона дорад. Шуғли муайян надорад ва барои дарёфти рӯзӣ дар хонаи сокинон кор мекунад. Гоҳе дигар ҳамсояҳо ба ӯ ва фарзандаш ёрӣ мекунанд.

Ин сокини 51-солаи шаҳри Душанбе мегӯяд, хонаводааш дар рӯйхати афроди камбизоат нестанд ва аз сӯйи давлат ҳеч кумак намегиранд. "Хонаро падарам пеш аз марг ба ман дода буд, то баъд аз сари ӯ азоб накашам. Дар хона гилем ҳам надорем ва дар рӯйи замини холӣ мехобем", -- қисса кард ӯ рӯзи 16-уми октябр.

Бино ба меъёрҳои байнулмилалӣ, хонаводаи Қимматгул фақир ҳисоб мешаванд. Бонки Ҷаҳонӣ шахсеро, ки дар як рӯз камтар аз 20 сомонӣ (1,9 доллар) барои худ харҷ мекунад, "сахт фақир" мешуморад.

Аммо Тоҷикистон дар шинохти камбизоатон усули эътирофкардаи Бонки Ҷаҳониро намепазирад ва камбизоатонро бинобар вазъи хонаву дар ва ҳайати оилаву мизони даромад шиносоӣ мекунад.

Сокинон мегӯянд, бо сабти ном шудан дар рӯйхати шахсони камбизоат кумаки зиёде аз давлат намегиранд, вале баъзе имтиёзҳоро, аз ҷумла дар масъалаи пардохти ҳаққи истифодаи барқ муҳим мешуморанд. Бархе ҳам барои гирифтани 400 сомонӣ барои як сол, моҳҳо вақти худро сарф мекунанд, то оилаашон дар феҳристи камбизоатон ворид карда шавад.

Бино ба омори расмӣ дар Тоҷикистон, ҳоло андаке беш аз 26 дарсади аҳолӣ камбизоат будааст. Соима Муҳаббатова, сардори як шуъбаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, гуфт, санадҳои шахсони камбизоатро ҳар сол як бор месанҷанд.

"Чунки ин ҳолат доимӣ нест ва метавонад вазъи зиндагии хонаводаҳо дар як сол беҳтар шавад. Аз ин рӯй, ҳар хонаводаи камбизоат бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳо аз нав худро дар қайд мегирад", -- шарҳ дод ӯ.

Вай афзуд, бар асоси омори расмӣ, дар Тоҷикистон 182 ҳазор хонавода расман камбизоат ҳастанд, вале бо шурӯи пандемияи коронавирус ва аз кор маҳрум шудани садҳо нафар дар Тоҷикистону Русия эҳтимол шумораи чунин хонаводаҳо бештар шуда бошад.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Гар дасти фитодае бигирӣ, мардӣ! Кӣ ба мардуми ниёзманди Тоҷикистон кӯмак мерасонад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:22 0:00

Алишер Раҷабов, иқтисоддони Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон дар як нишасти минтақавии онлайн гуфт, мизони камбизоатӣ дар Тоҷикистон хислати мавсимӣ дорад. Барои мисол, ба гуфтаи ӯ, бо шурӯи фасли сармо сатҳи камбизоатӣ дар кишвар якбора боло меравад, аммо дар тобистон, ки меваю сабзавот фаровон аст, мизони фақр камтар мешавад.

Раҷабов афзуд: “Сатҳи фақр дар минтақаҳои Тоҷикистон низ аз якдигар фарқ дорад. Барои мисол, дар пойтахту вилояти Суғд камтар дида мешавад, аммо дар вилояти Хатлону Бадахшон бештар аст”.

Ӯ дар нишасти онлайн, инчунин, гуфт, дар замони пандемия, ки сарҳадҳо баста ва интиқоли пули муҳоҷирон кам шудааст, иқтисоди кишвар низ зиён дид: “Дар ин вақт якчанд корхонаҳо аз фаъолият монданд ва ё қисман кор мекарданд. Тибқи тадқиқоте, ки мо анҷом додем, моҳи май шумори бекорию хонашинӣ 40 дарсад боло рафт, аммо ин рақам дар моҳҳои июлу август кам шуд”.

Ин ниҳоди байнулмиллалӣ ҳамеша таъкид мекунад, ки тағйири суръати коҳиши фақр ба каму зиёд шудани рушди иқтисодӣ дар кишварҳои минтақа вобаста аст.

Аз ҷумла, Бонки Ҷаҳонӣ аввали моҳи июн гузориши "Дурнамои рушди иқтисоди ҷаҳон"-ро нашр кард ва дар он гуфт, иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2020 рушд намекунад, балки баръакс коҳиш ёфта, дар сатҳи ду дарсади зери сифр қарор мегирад. Вале бар асоси пешбинии Вазорати рушди иқтисод ва савдо, иқтисоди Тоҷикистон имсол рушди 5-дарсадӣ хоҳад дошт. Қаблан вазорат мизони рушди иқтисоди кишварро дар соли 2020 ҳафтуним дарсад пешбинӣ карда буд.

Ба қавли коршиносон, агарчи Тоҷикистон дар муқоиса бо солҳои 90-ум дастоварди чашмрасе ба сӯйи раҳоӣ аз фақр доштааст, вазъи имрӯза қадамҳои дигар, аз ҷумла афзудани истеҳсолоти дохилӣ ва ҷалби бештари мардум бо ҷойи корро тақозо мекунад.

Шарҳҳоро бинед (11)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG