Масъулини мактабҳои миёнаи Тоҷикистон ин шабу рӯз волидонро ба гирифтани ваксина барои духтаронашон даъват доранд. Сар аз якуми октябр дар кишвар маъракаи эмгузаронӣ ё ваксиназании духтарони то 14-сола шурӯъ шуд.
Ин ваксина зидди вируси папиллома аст ва, ба гуфтаи мақомот, хатари гирифторшавии духтаронро ба чанд навъи саратони бадсифат кам мекунад. Ин маърака дар Тоҷикистон чӣ гуна мегузарад ва то куҷо волидон барои эм кардани духтаронашон бо ваксинаи нав омодаанд?
Субҳи духтарон дар мактаби рақами 19-и Душанбе ин рӯзҳо бо гирифтани эм ё ваксина оғоз мешавад. Духтарони аз 10 то 14-солаи тоҷик бори аввал барои пешгирӣ аз вируси папиллома ва саратони гарданаи бачадон эм карда мешаванд.
Заррина Латифова, корманди Маркази тибби оилавӣ гуфт, бояд бо ҳамкоронаш то охири моҳ дар ин муассиса ҳудуди 600 хонандаро эм кунанд.
“Мо аз соати 8-и саҳар кӯдаконро эм кардем. Аллакай то соати 10-11 зиёда аз 50 нафарро ваксина кардем. Ҳамашон саломат гузаронданд. Ягон камбудӣ нест. Мо мефаҳмонем, ки ҷойи тазриқро дар об тар накунанд, дигар ягон мушкил нест”, гуфт Латифова дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ.
Ҳар як ҳамшираи шафқат дар як рӯз бояд фақат то 80 кӯдакро эм гузаронад. Дар навбати Заррина имрӯз фақат як духтар ваксина нагирифт.
Ӯ гуфт, сабабҳои он ҳам объективӣ ҳастанд, чун волидонаш огоҳ карданд, ки фарзандашон ба дорувор ҳассосият дорад. "Ӯро мо ба назди духтур мефиристем, баъди машварати вай, модараш гирифта дармонгоҳ бурда он ҷо мекунад.”
Дар ҳамаи мактабҳои миёнаи Тоҷикистон аз аввали моҳи октябр ба духтарони наврас эми Gardasil мегузаронанд. Масъулин мегӯянд, барои кам кардани хатари гирифторӣ ба навъҳои хатарноки вируси папиллома ё HPV ин ваксина муҳим аст. Вируси мазкур дар 80 дар сади ҳолатҳо сабаби гирифтории занон ба саратони гарданаи бачадон мешудааст.
Мудирони мактаби 19 мегӯянд, қабл аз оғози маъракаи эмкунӣ волидонро аз зарурату фоидаи он огоҳ карда буданд.
Аъмолиддин Насриддинов, омӯзгори мактаби миёнаи рақами 19 мегӯяд:
“Дирӯз дар муассиса маҷлис баргузор гардида буд. Мо бо падару модар ҳамсӯҳбат шудем ва оиди зарурати гузаронидани ваксина ба духтарон гуфта гузаштем. Онҳо хуб қабул карданд.”
Ба гуфтаи омӯзгорон, онҳое ҳам буданд, ки ба ин эм шубҳа доштанд ва намехостанд духтаронашон эм шаванд, бархе баъди сӯҳбат бо мутахассисону омӯзгорон фикри худро дигар карданд.
Оқиламоҳ Ҷураева, як сокини Душанбе аст. Ӯ тарафдори ин аст, ки духтарон барои пешгирӣ аз гирифторшавӣ ба саратон эм карда шаванд. Ӯ мегӯяд, барои ояндаи онҳо "хуб аст", чун духтарҳо модарони оянда ҳастанд.
Ширинмоҳ Маҳмадбекова як модаркалон аст. Ӯ ҳам ба ин назар аст, ки духтарҳо дар Тоҷикистон бояд аз ин имконият истифода баранд.
“Ҳамин ваксина омадааст, ройгон будааст, бояд ҳама гирем, фоида дорад зарар надорад. Ман розӣ ҳастам, ки набераҳои ман ваксина гиранд. Бояд ҳама падару модар розӣ шаванд барои саломатии фарзандонашон”, мегӯяд ин зан.
Бархе аз волидон хостаанд кӯдакони онҳо эм карда нашаванд. Аз ин гурӯҳи волидон талаб шудааст, ки посухи худро хаттӣ пешниҳод кунанд. Баъзе аз модарон мегӯянд аз пайомади ваксина метарсанд. Як зане, бидуни овардани далелҳои тиббӣ гуфт, "зарар мекунад" ва "метарсам, ки оянда ягон касали безеб нашавад”.
Ба қавли ҳамсӯҳбатони Радиои Озодӣ дар муассисаҳои тиббӣ, дар баробари эмкунии духтарон, як масъулияти кормандони тиббӣ дар Тоҷикистон ҳоло ин ҳам ҳаст, ки бо гурӯҳи норозиён ё волидоне, ки ба фоидаи ваксина шубҳа доранд, сӯҳбат карда, манфиатҳои дарозмуддати онро дуруст шарҳ бидиҳанд.
Маъракаи эми зидди вируси папиллома дар Тоҷикистон то охири ҳамин моҳ идома хоҳад кард ва қарор аст 520 ҳазор духтари то синни 14 эм карда шаванд. Мутахассисон мегӯянд, ин ваксина метавонад инсон ва махсусан занонро аз гирифторӣ ба чанд омос низ ҳифз кунад..
Ба иттилои расмӣ, ҳар сол дар Тоҷикистон то 400 мавриди нави гирифтории занон ба саратони гарданаи бачадон ё узви таносулии занона ошкор мешавад. Солона тақрибан 170 нафар аз ин беморӣ мефавтанд.
Гуфтугӯ