Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Муҳоҷири тоҷик аз зарбаи барқ фавтид, ҳамкоронаш фирор карданд"


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Умаралӣ Ҳакимов, муҳоҷири 27-сола аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон, аз зарбаи нерӯи барқ дар Русия фавтидааст.

Ҳакимов дар як корхонаи истеҳсоли “бетон” дар ноҳияи Истраи вилояти Маскав кор мекард ва ҳодиса рӯзи шанбеи 14-уми сентябр рух додааст.

Дар наворе, ки корбарони Радиои Озодӣ фиристоданд, дида мешавад, ҷасади ҷавон дар рӯи замин хобидааст ва дар корхонае, ки даҳҳо техникаву таҷҳизот дорад, касе нест.

Талоши мо барои суҳбат бо мсъулони корхонаи истеҳсоли “бетон” дар ноҳияи Истраи вилояти Маскав то ин дам бенатиҷа буд.

Баъзе аз муҳоҷирони тоҷик, ки бо шунидани ин хабар ба ҷойи ҳодиса рафтаанд, мегӯянд, "пас аз рух додани фоҷиа ҳамаи кормандон бо шумули роҳбарон мошину таҷҳизотро гузошта фирор кардаанд."

Бино ба наворе, ки муҳоҷирон фиристоданд корхонаи истеҳсоли бетон, бояд кӯчонида мешуд, зеро дар наздикии ноқилҳои барқ қарор дорад.

Дар намояндагии Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия рӯзи 16-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ҳангоми кор ногаҳон пушти ҷавон ба ноқилҳои барқ расида ва дар ҷойи ҳодиса ҷон додааст.

Иброҳим Аҳмадӣ, сухангӯи намояндагии Вазорати меҳнат ва муҳоҷират гуфт, бо бародари Умаралӣ Ҳакимов тамос доранд ва ба ӯ дар таҳияи санадҳо барои интиқоли ҷасад ёрӣ мерасонанд.

"Бояд ҷасад ташхис шавад ва шароити фавти ҷавон муайян гардад. Баъд аз он ба зодгоҳаш фиристода хоҳад шуд", -- гуфт Иброҳим Аҳмадӣ.

Дар ҳамин ҳол, баъзе аз муҳоҷирон мегӯянд, кордеҳон дар Русия ба шароити бехатарии кори онҳо ба истилоҳ аз пушти панҷа менигаранд.

"Аз ин рӯ, бо сар задани чунин фоҷеаҳо ҳама фирор мекунанд ва касе масъулияти онро бар дӯш гирифтан намехоҳад. Дар натиҷа хароҷоти интиқоли ҷасад ҳам аз пули хайрияи муҳоҷирони дигар ба даст меояд. Ҳамин, ки ҷасад ба Тоҷикистон фиристода шуд, дигар мушкили кордеҳ ҳам ба поён мерасад”, -- гуфт Амонхӯҷа, як муҳоҷири тоҷик дар Русия.

Валентина Чупик, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон дар шаҳри Маскав, гуфт, дар аксар маврид бинобар “айб”-и худи муҳоҷирон дар ҳолати пеш омадани ҳодисаи нохуш онҳо аз ҷубронпулӣ маҳрум мемонанд: “Чун муҳоҷир кор мекунад, вале санаде дар даст надорад. Дар ҳолати ҷароҳат бардоштан, ӯ исбот карда наметавонад, ки дар ҷойи кор маҷруҳ шуд. Кордиҳандаашро низ ба ҷавобгарӣ кашонда наметавонад.”

Ӯ афзуд: “Бар замми ин, муҳоҷирони мо “як гуноҳ”-и дигар ҳам доранд. Онҳо ба ин боваранд ки агар касе фавтид, ҳарчи зудтар бояд ҷасадро ба Ватан фиристод. Ба ҷойи он ки ҷасад ташхис шавад, тафтишот сурат гирад ва кордиҳанда барои марги ӯ ба пайвандону фарзандонаш ҷубронпулӣ диҳад”.

Валентина Чупик
Валентина Чупик

Чупик дар идома аз ҳодисаи фавти як ҷавони тоҷик дар маҳалли сохтмони бинои баландошиёна ёдовар шуд, ки бинобар хости наздиконаш оилаи фавтида ҷубронпулӣ нагирифт. “Муҳоҷири тоҷик аз баландошёна афтода, ҷон дод ва кордиҳанда аз ӯ рӯй тофт. Наздиконаш санадҳое дар даст доштанд, ки собит мекард ҷавон қонунӣ дар ин ширкат кор мекард. Мо бо бародараш маслиҳат кардем, ки ба мақомот шикоят мекунем ва аризаро омода кардем. Ӯ наомад ва баъдан фаҳмидам, ки ин ҷавон ҳамроҳи амакаш ба муфаттиш сад ҳазор рубл додаанд, ки аз рӯи ин ҳодиса парванда боз накунад ва ҷасадро ба онҳо диҳад. Инҳо бо чунин рафтор оила ва фарзандони марҳумро аз ҷубронпулӣ марум карданд”, -- иброз дошт ин ҳомии ҳуқуқ.

Бо ин ҳол, Валинтина Чупик афзуд бинобар мушоҳидаҳои ӯ ҳудуди 90 дарсади муҳоҷирони корӣ фаъолияти худро дар сохтмону корхонаҳо расмӣ намекунанд ва кордиҳандагон ҳам ба далели фирор аз пардохти андоз моил нестанд, муҳоҷиронро расман ба кор бигиранд.

Дар Русия беш аз як миллион шаҳрванди Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд. Бисёре аз онҳо муҳоҷирони мавсимиянд ва асосан дар фасли баҳору тобистон ба Русия мераванд.

Соли гузашта беш аз 900 тобути онҳоро ба ватан оварданд. Сабаби марги муҳоҷирон куштор, беморӣ ва садамаву тасодуф дар сохтмон гуфта мешавад.

XS
SM
MD
LG