Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳи пурхатар ба сӯи Русия. Муҳоҷирони дармондаи тоҷик имдод мехоҳанд. ВИДЕО


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Гурӯҳе аз муҳоҷирони тоҷик мегӯянд, беш аз се рӯз аст, ки дар роҳ ба сӯи Русия дар Қирғизистон дармондаанд.

Яке аз ин муҳоҷирон рӯзи 16-уми март видеоеро аз вилояти Бодканд ба Радиои Озодӣ фиристод, ки нишон медиҳад, даҳҳо муҳоҷири тоҷик зери борон истодаанд ва ё дар утоқҳои танге нишаста, шикоят мекунанд.

Эмомалӣ, яке аз муҳоҷирони корӣ аз Хуҷанд видеоро аз вилояти Бодканд фиристод. Ӯ ва ҳамроҳонаш мегӯянд, рӯзи 13-уми март аз Хуҷанд берун омада, се рӯз боз дар ин вилояти Қирғизистон дармондаанд, "Чунки ағбаи вилояти Ҷалолобод баста будааст", - гуфт ӯ.

Фаррух, яке дигар аз муҳоҷирон, дар ин видео мегӯяд, дар муддати се рӯз пули роҳашон тамом шуд ва маълум нест, кай ба роҳ мебароянд. Баъзеҳо ночоранд, дар қаҳвахона биншинанд ва баъзе дар мошинҳои танг якҷо бихобанд.

Муҳоҷирони дармондаи тоҷик: "Нони хӯрданӣ надорем"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:14 0:00

Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, дар воқеъ ағбаи вилояти Ҷалолобдро бинобар хатари тарма бастаанд. Эмомалӣ дар видео шароити дохили мошинеро тасвир кард, ки муҳоҷиронро аз Қирғизистон ба Қазоқистон мерасонад. Мошин курсӣ надорад, балки дар он кӯрпа андохтаанд ва муҳоҷире дар дохил хоб аст.

Муҳоҷирон шикоят доранд, ки роҳбаладони тоҷик онҳоро то Қирғизистон оварда, сипас ба ҳоли худ гузоштаанд.

Азбаски сафар бо нақлиёти заминӣ ба Русия арзон аст, садҳо муҳоҷири тоҷик аввал аз Хуҷанд ба Қирғизистон мераванд ва сипас роҳашонро идома медиҳанд.

Як муҳоҷир барои рафтан аз Тоҷикистон ба Русия бо мошину автобус бештар аз 100 доллар харҷ мекунад. На танҳо муҳоҷирони тоҷик балки садҳо муҳоҷири узбеку қирғиз бо автобус ба Русия сафар мекунанд ва ҳолатҳои зиёди ҳалокати онҳо дар садамаҳои нақлиётӣ ба мушоҳида расидааст.

Моҳи январи имсол дар натиҷаи оташ гирифтани як автобуси мусофирбар дар Қазоқистон беш аз 50 муҳоҷири узбек ҳалок шуданд.

XS
SM
MD
LG