Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дилшод Назаров: Истеъмоли допинг як масъалаи ахлоқӣ аст


Варзишгари маъруфи тоҷик, ки аввалин шуда роҳхати ширкат дар бозиҳои олимпии Бразилияро ба даст овардааст, мегӯяд, истифодаи маводи допинг аз ҷониби варзишгарон бештар як масъалаи ахлоқӣ аст.

Варзишгари маъруфи тоҷик, ки аввалин шуда роҳхати ширкат дар бозиҳои олимпии Бразилияро ба даст овардааст, мегӯяд, истифодаи маводи допинг аз ҷониби варзишгарон бештар як масъалаи ахлоқӣ аст.

Гурзандони маъруф Дилшод Назаров, ки аввалин шуда литсензия ё роҳхати расмии ширкат дар бозиҳои тобистонаи олимӣ дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилияро ба даст овардааст, мегӯяд, дар истеъмоли маводи мамнӯи допинг муттаҳам шудани бархе варзишгарон аз мавзӯъҳоест, ки бештар ба ахлоқ ва ҳам тарзи бархӯрди варзишгарон ба касбашон бастагӣ мегирад. Дар як сӯҳбат бо радиои Озодӣ Дилшод Назаров гуфт, дар ҳолатҳои зиёд варзишгарони касбӣ воқеан ҳам намедонанд, ки дар маводи истеъмолкунандаи дорувор ва ё витамину БАД (мухтасари русии «биологически активные добавки») маводи марбут ба допинг вуҷуд дорад ё на.

Радиои Озодӣ: Шумо як варзишгари касбӣ ҳастед ва дар мусобиқаҳои ҷаҳонии зиёд дастболо шудаед. То куҷо воқеан ҳам як варзишгари касбӣ метавонад бидуни мудохилаи тиббӣ ё маводи дорувор ҷисми худро обутоб диҳад ва дар сатҳи касбии варзишӣ нигоҳ дорад?

Дилшод Назаров: Бале, мумкин аст, ба шарте, ки варзишгарон маводи аз ҷониби Оҷонсии ҷаҳонии зиддидопингӣ (WADA) иҷозатшударо истеъмол кунанд. Бисёр варзишгарон аз ин мавод истифода мекунанд, чунки онҳо бояд ҷисми худро дар ҳолати хуб нигоҳ доранд. Варзишгарон

ҳам инсонанд, онҳо робот нестанд. Ба феҳрасти маводи иҷозатдодашуда навъҳои доруворе мисли креатин, аминокислотаҳо, мултивитаминҳои мухталиф дохил мешаванд.

Радиои Озодӣ: Дар моҷарои Мария Шарапова маълум шуд, ки дар ҳолати «ғайримуҷоз» мондани варзишгар хеле осон будааст. Замоне варзишгари баобурӯву маъруф ва маҳбуб якбора аз саҳна берун мешавад.

Дилшод Назаров: Воқеан ҳам ин як ҳолати хеле ҳассос аст, ки дар як лаҳзаи кӯтоҳ шахс дар тарафи муқобили саҳна қарор мегирад. Бале, феҳрасти маводи дорувори иҷозатшуда вуҷуд дорад. Вале варзишгар на ҳамеша метавонад ин ҷараёнро назорат кунад. Манзури ман таркиби маводи истеҳсолшуда аст. Ҳолатҳое буд, ки ба маводи дорувори иҷозатшуда маводи ғайримуҷозро изофа мекарданд. Дар асл, ҳеҷ кас аз ингуна ҳолатҳо бима надорад.

Радиои Озодӣ: То куҷо воқеан ҳам ҳолатҳое мешавад, ки варзишгар намедонад, ки чӣ маводе истеъмол мекунад?

Дилшод Назаров: Агар кас варзишгари касбӣ бошад, бояд мутаваҷҷеҳ бошад. Гап дар ин ки бархе истеҳсолкунандаҳо метавонанд дар таркиби дору вуҷуди маводи ғайримуҷозро зикр накунанд.

Радиои Озодӣ: Вале дар чунин ҳолат масъулият танҳо ба дӯши худи варзишгар, духтури ӯст ва ё тамоми аъзои тимаш?

Дилшод Назаров: Агар аз рӯи адолат гирем, масъулият бояд ба дӯши ҳама аъзои тимаш бошад. Танҳо бори як варзишгар кардани ин ҷурм одилона нест. Аммо дар Кодекси ахлоқи WADA махсус навишта шудааст, ки барои истеъмоли маводи ғайримуҷоз худи варзишгар ҷавоб медиҳад.

Радиои Озодӣ: Худи шумо аз кӯмаки тиббии кадом мутахассисон кор мегиред?

Дилшод Назаров: Дар Тоҷикистон табибони хуби соҳаи варзиш ҳастанд, ки ман зери назорати онҳо мебошам ва бо онҳо машварат мекунам.

Чанд моҳи аввали соли 2016 хабарҳои истеъмоли допинг ва аз рақобатҳои муҳим маҳрум шудани даҳҳо варзишгари ҷаҳон ба матбуот роҳ ёфт. Ин хабарҳо баъди он пахш шуд, ки WADA аз рӯзи 1 январи соли 2016 доруи «мелдоний»-ро ба феҳрасти маводи мамнӯи допингӣ барои варзишгарон ворид шуд. Ин ба он маъно буд, ки варзишгарони дар истеъмоли ин дору «бадастафтода» дафъатан бо муҷозоти ҷиддӣ рӯбарӯ мешаванд. Дар миёни 288 варзишгари «бадномшуда», исми чеҳраҳои маъруфи ҷаҳонӣ, аз ҷумла теннисбози рус Мария Шарапова ёд шуд. WADA гуфт, ки вуҷуди мелдоний дар ҳаҷми бештар аз 1 микрограмм (ба ҳар як миллилитр) дар организми варзишгар, мамнӯъ аст. Мелдоний маводи доруворест, ки метаболизми энергетикии ҳуҷайраҳои инсонро ба танзим дароварда, барои кӯмак ба дил ва аъзи дигари бадани инсон кӯмак мекунад. Дар илми тиб ин маводро барои муолиҷаи афроди дучори бемории дил ҳам ба кор мебаранд.

Дар Тоҷикистон то ҳанӯз хабаре дар бораи эҳтимоли пайдо шудани мелдоний дар таркиби хуни варзишгарони маҳаллӣ пахш нашудааст. Вале аз рӯи иттилои расмии Ташкилоти миллии зиддидопингии Тоҷикистон, соли гузашта Иттиҳодияи ҷаҳонии гуштӣ ба далели истифодаи допинг дар ҷараёни мусобиқоти қаҳрамонии Осиё оид ба гуштии озод дар Қатар Зелимхон Юсупов, узви дастаи мунтахаби гуштии озоди Тоҷикистонро ба муддати чаҳор сол аз ҳаққи иштирок дар мусобиқот маҳрум кард. Ташхиси пешоби ӯ, ки моҳи маи соли 2015, баъди қувваозмоии ниҳоӣ дар вазни то 70 кило дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё анҷом шуд, дар бадани ин гуштигири 31-сола вуҷуди “диметилбутиламин” ном як доруи тавонбахши мамнӯъро нишон додааст.

XS
SM
MD
LG