Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дилшод Назаров: Ман қурбонии қаллобӣ шудам


Дилшод Назаров, гурзандози машҳури тоҷик ва қаҳрамони Олимпиадаи соли 2016 дар Рио-де-Жанейро, дар як изҳороти худ дар сафҳаи фейсбукиаш гуфтааст, "ёфтани допинг маро ба ҳайрат овард ва ман қурбонии қаллобӣ шудам".

Аз ин пеш, рӯзи 24-уми сентябр, The Athletics Integrity Unit, ниҳоди мустақили мубориза бо падидаҳои манфӣ дар варзиши сабук, Дилшод Назаровро ба рӯйхати варзишгароне шомил кард, ки дар истифодаи допинг муттаҳаманд.

Ӯ рӯзи 4-уми октябр дар изҳороти худ гуфтааст, "ба ман муваққатан намояндагӣ кардани кишварамро манъ карданд. Ин ба ман сахт таъсир кард! Варзиш бояд тоза бошад, олимпичӣ бояд намуна бошад. Олимпичӣ бояд қоидаҳои рақобати одилонаро муқаррар намояд, на ин ки онҳоро вайрон намояд. Ман аз рӯи ин амал мекунам».

Дилшод Назаров иттиҳоми истеъмол допингро таҳқиромез унвон кардааст. Ӯ гуфтааст, «бе доруҳои мамнӯъ низ ба таври кофӣ қавӣ ҳаст».

«Ёфтани допинг маро ба ҳайрат овард. Айнан ба мисли он ки оилаам, мухлисонам ва ҳамватанонам дар ғафлат монданд. Ман қурбонии қаллобӣ шудам»,--гуфтааст ӯ.

Дилшод Назаров навиштааст, ки омодаи ҳамкори бо AIU ва IAAF ҳаст, то собит кунад, ки ҳеҷ гоҳ допинг истеъмол накардааст.

«Мутмаинам, ки далелҳои пешниҳодкардаи ман фаҳмо ва возеҳанд. Ман президенти Федератсияи варзиши сабуки Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошам, ки ҳоло дар он ҷо парвандаи мазкур баррасӣ мешавад. Мехостам шубҳаҳоро дар бораи ихтилофи манфиатҳо бартараф кунам. Аз ин рӯ, ман омодаам худро дар назди IAAF ва CAS, агар парванда дар ин созмонҳо баррасӣ шавад, ҳимоя кунам»,--таъкид кардааст Назаров.

Дилшод Назаров гуфтааст, "чизе барои пинҳон кардан надорад ва бовар дорад, ки ҳақ бар ҷониби ӯ ҳаст".

Аммо созмони The Athletics Integrity Unit чанде пеш хабар дод, ки тафтиши дубораи допинг дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар соли 2011 дар Кореяи Ҷанубӣ "дар намунаи Дилшод Назаров маводи мамнӯи метаболити туринаболи даҳонӣ (metaboliteof oralturinabol)-ро ошкор кард."

Дилшод Назаров мегӯяд, тамоми талоши худро ба харҷ хоҳад дод, то ҳамаи гумонҳо нисбат ба ӯ рафъ шавад ва барои ин кор як вакили машҳури аврупоиро ҳам ҷалб кардааст.

"Умед дорам, ба зудӣ номи неки худро барқарор мекунам ва бори дигар парчами ватанро дар мусобиқаҳои байналмилалӣ боло мебардорам. Барои пуштибонӣ ва дарки шумо умед дорам. Ин танҳо чизест, ки ҳоло гуфта метавонам", - афзуд ӯ.

Созмони мустақили The Athletics Integrity Unit, ки номи гурзандози тоҷик ва барандаи Бозиҳои олимпии соли 2016-ро дар феҳрасти гумонбарон дар истеъмоли допинг шомил кард, мегӯяд, Дилшод Назаров бояд ба таври ҳатмӣ муқаррароти худдорӣ аз иштирок дар мусобиқаҳоро иҷро кунад.

Дафтари матбуоти ин созмон дар шарҳи қарор рӯзи 25-уми сентябр ба Радиои Озодӣ навишт, "дар сурате ки варзишгар тавонад собит кунад, ки нақзи муқаррароти зиддидопингӣ бо истеъмоли маҳсулоти олуда бастагӣ мегирад, ин қарор бекор мешавад. Вале ин тасмим ба қарори муваққатан аз ширкат дар мусобиқаҳои байналмилалӣ маҳрум шудани варзишгар дар паи истеъмоли маводи олуда таъсир надорад ва бозбинӣ намешавад".

Дилшод Назаров, гурзандози 37-солаи тоҷик, ки ба гумони истеъмоли допинг муваққатан аз ҳаққи ширкат дар мусобиқаҳо маҳрум шудааст, дар қаҳрамонии ҷаҳон дар Давҳа ширкат накард.

Варзишгароне, ки дар қаҳрамонии ҷаҳон дар Давҳаи Қатар дар рақобатҳои инфиродӣ меъёрҳои муқарраркардаи Ассотсиатсияи байналмилалии федератсияҳои варзиши сабук (IAAF)-ро иҷро мекунанд, соҳиби роҳхат ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 мегарданд.

Мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба варзиши сабук, ки дар шаҳри Давҳаи Қатар бо ширкати ҳудуди 200 варзишгари беш аз 200 кишвар ҷараён дорад, рӯзи 6-уми октябр ба анҷом мерасад.

Зимнан, дар мусобиқаи гурзандозӣ дар қаҳрамонии ҷаҳон дар Давҳа 12 нафар ба финал роҳ пайдо карданд: ду нафар аз Лаҳистон, якнафарӣ аз Британияи Кабир, Булғористон, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Испания, Қатар, Маҷористон, Норвегия, Украина, Фаронса, инчунин як варзишгари бетараф.

Дар даври ниҳоӣ, ки рӯзи 2-юми октябр доир гардид, дар байни ширкаткунандагони мусобиқаи гурзандозӣ миёни мардон натиҷаи беҳтаринро Павел Фаҷдек аз Лаҳистон нишон дод. Ӯ бо натиҷаи 80 метру 50 сантиметр ҷойи аввалро касб намуда, ба унвони қаҳрамони ҷаҳон даст ёфт ва бо медали тилло ва ҷоизаи молӣ ба маблағи 60 ҳазор доллари ИМА мукофотонида шуд.

Бояд тазаккур дод, ки дар муддати 28 соли Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон варзишгарони тоҷик дар қаҳрамонии ҷаҳон оид ба варзиши сабук ҳамагӣ 3 медал (2 тилло ва 1 нуқра) ба даст овардаанд.

Ду медали тиллоро Андрей Абдувалиев дар гурзандозӣ солҳои 1993 (Штутгарт, Олмон) ва 1995 (Ҳётеборг, Шведсия) соҳиб шудааст. Медали нуқра ба Дилшод Назаров марбут аст. Ӯ соли 2015 дар қаҳрамонии ҷаҳон дар Пекини Чин дар гурзандозӣ сазовори медали нуқра гаштааст.

Дилшод Назаров 6-уми майи соли 1982 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Рекорди инфиродиаш дар гурзандозӣ 80,71 метр аст.

Хатмкардаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон (2001) ва Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон (2006) мебошад. Устоди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Мураббиёнаш модараш Зайтуна Назарова, баъдан Юрий Пискунов (Украина) ва феълан Владимир Машко (Ҷумҳурии Чех) мебошанд.

Соли 2015 бо Ордени Шараф дараҷаи II ва соли 2016 бо Ордени Шараф дараҷаи I мукофотонида шудааст.

Ӯ барандаи медали нуқраи мусобиқоти қарамонии ҷаҳон дар соли 2015 (Пекин, Чин), ғолиби Бозиҳои осиёии солҳои 2006 (Доҳа, Қатар), 2010 (Гуанҷоу, Чин) ва 2014 (Инчон, Кореяи Ҷанубӣ), қаҳрамони чоркаратаи Осиё дар солҳои 2009 (Гуанҷоу, Чин), 2013 (Пуна, Ҳиндустон), 2015 (Ухан, Чин), 2017 (Бҳубанешвар, Ҳиндустон) мебошад.

Дар Олимпиадаи соли 2008-ум дар Пекин (Чин) ҷойи 11-ум, дар Олимпиадаи соли 2012-ум дар Лондон (Англия) ҷойи 10-умро гирифтааст.

Дилшод Назаров ғолиби Бозиҳои V Осиёи Марказӣ (Душанбе, 2003),
барандаи медали нуқраи Бозиҳои Африқову Осиё (Ҳиндустон, 2003),
ғолиби Бозиҳои I исломӣ (Арабистони Саудӣ, 2005) ва ғолибу ҷоизадори бисёркаратаи мусобиқоти байналмилалист.

Оиладор аст, се фарзанд – ду писару як духтар дорад.

Шарҳҳоро бинед (19)

XS
SM
MD
LG