Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон қурби расмии доллар боло рафт. ВИДЕО


Дар Тоҷикистон қурби расмии сомонӣ дар баробари доллари амрикоӣ дар як шаб 27 дирам поин рафт.

Агар рӯзи 19-уми август дар бонкҳо дар ивази як доллар 9 сомониву 43 дирам медоданд, пас рӯзи 20-уми август қимати як доллар ба 9 сомониву 70 дирам расидааст. Ҳамингуна агар як муштарии оддӣ дар бонкҳои Тоҷикистон 100 доллар иваз кунад, барои он 970 сомонӣ мегирад.

Бонки миллии Тоҷикистон субҳи 20-уми август дар як изҳороти расмӣ сабаби болоравии қурби расмии долларро шарҳ дод. Тибқи изҳороти Бонки миллӣ, ин тасмим ба он ҳадаф рӯи даст гирифта шуд, ки қурби расмии доллар аз қурби он дар бозори сиёҳ фарқияти зиёд дошт.

"Фарқияти аз меъёр зиёди қурби расмӣ ва қурби фурӯши доллари нақди ИМА дар бозори ғайрибонкӣ боқӣ мондааст ва бинобар ин, барои бартараф кардани он амалӣ кардани як қатор чораҳои иловагӣ, зарур аст. Аз ҷумла, барои коҳиш додани фишорҳои қурбӣ, таъсири хавфҳои асъории ҷойдошта ва таъмини риояи меъёри фарқияти то ба 2 фоизаи байни қурби расмӣ ва қурби фурӯши доллари нақди ИМА ва аз байн бурдани чунин фарқият дар бозори ғайрибонкӣ, тасҳеҳи (коррексияи) якдафъаинаи қурби расмии доллари ИМА ба мақсад мувофиқ мебошад",-омадааст дар шарҳи Бонки миллӣ.

Ба гуфтаи масъулини Бонки миллӣ, маҳз ҳамин фарқияти зиёд боис шуда буд, ки мардум барои мубодилаи доллар ба бонкҳо камтар муроҷиат мекарданд.

"Айни замон, бинобар зиёд будани фарқияти байни қурби расмӣ ва қурбҳои ғайрибонкӣ аксари мизоҷон хоҳиши мубодила кардани маблағҳои асъории дар суратҳисобҳои бонкӣ доштаи худро надоранд, ки ин боиси ғайрифаъол ва берун аз гардиш мондани ҳаҷми муайяни маблағҳои асъорӣ мегардад",-омадааст дар изҳороти Бонки миллӣ.

Бонки миллӣ дар изҳороти худ тасдиқ кардааст, ки дар кишвар норасоии доллар мушоҳида мешавад. Ба гуфтаи мақомоти Бонки миллӣ, ин вазъ ба "ҳаннотон ва дигар манфиатдорон" имконияти тезонидани раванди беқурбшавии сомониро муҳайё сохт.

Доллари ИМА расман ба 9 сомониву 70 дирам баробар шудааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:55 0:00

Тибқи омори Бонки миллӣ, фарқияти қурби доллар берун аз бонк назар ба қурби расмӣ 2,8 фоиз зиёд шуд, ки аз меъёр зиёд мебошад. Дар бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон рӯзи 20 август сад доллар ба 968 сомонӣ харидорӣ шуда, ба 970 сомонӣ фурӯхта мешуд.

Бори охир қурби расмии доллар дар Тоҷикистон моҳи июли соли 2018 тағйир ёфта буд.

Болоравии қурби доллар аз ҳоло мардумро нигарон кардааст, зеро онҳо мегӯянд, акнун ин баҳонае барои боло бурдани нархи маҳсулот мегардад. Пурсиши мо дар кӯчаҳои Душанбе нишон дод, ки аксари мардум болоравии қурби долларро бо норозигӣ қабул мекунанд.

Хайёми Қурбоналӣ, як сокини Душанбе гуфт, вақте қурби доллар боло мераваду нархи маҳсулот ҳам гарон мешавад, бигзор маоши мардум низ бознигарӣ шавад. "Вақте нархҳо баланд мешаванд, маош дигар намерасад. Баланд шудани қурби доллар аз мо вобастагӣ надорад. Маошро бояд зиёд кунанд",-гуфт ин сокини Душанбе.

Фурӯшандаҳо ҳам нигаронии мардумро инкор намекунанд, чун ба гуфтаи онҳо нархи бисёре аз маҳсулот ба қурби доллар бастагӣ дорад. Аз ҳоло баъзе тоҷирон ҳушдор медиҳанд, ки нархи маҳсулоти воридотӣ ба кишвар гарон хоҳад шуд.

Мутассисони бахши иқтисод мегӯянд, болоравии қурбии расмии доллар метавонад ба нархи ҳама маҳсулотҳои воридотӣ таъсир расонад. Зеро боҷи гумрукӣ дар гузаргоҳҳои Тоҷикистон бар асоси қурби муайянкардаи Бонки миллӣ ситонида мешавад.

Коршиносон ба ин назаранд, ки бо як тасмими Бонки миллӣ наметавон қурби асъори миллиро муътадил нигоҳ дошт. Муҳимтар аз ин Меҳрубон Бурҳонов, таҳлилгари умури бонкӣ мегӯяд, тасмими ахири Бонки миллӣ наметавонад ба "бозори сиёҳ"-и асъор таъсири ҷиддӣ гузорад.

Ба таъкиди ин таҳлилгар, "баръакс дар ҳолати боло бардоштани қурби доллари амрикои "бозори сиёҳ" боз ҳам рушд мекунад. Ба хотири онки "бозори сиёҳ" нисбат ба қурбе, ки Бонки миллӣ муайян мекунад қурби худро боло мекунад".

Дар умум ин таҳлилгар гуфт, мӯътадил нигоҳ доштани қурби пули миллӣ дар баробари доллар пурра дар ихтиёри Бонки миллӣ нест ва то замоне, ки содирот аз кишвар зиёд нашавад, ин мушкил боқӣ хоҳанд монд.

Шарҳҳоро бинед (23)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG