Як гурӯҳ сокинони деҳаи Такоби ноҳияи Варзоб шикоят доранд, ки садои таркиши кӯҳ ва афтодани сангпораҳо ба болои манзилҳояшон онҳоро метарсонад ва ба вазъи саломатиашон таъсири манфӣ расондааст.
Таркишу кандани кӯҳ аз сӯи ширкати "39-Паралел" анҷом шуда, ба қавли намояндаи он санге, ки ҷамъоварӣ мекунанд, барои истеҳсоли сементи босифат дар сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” истифодаи мешавад. Намояндагони ширкат сокинонро гунаҳкор мекунанд, ки барои онҳо дар дигар ҷой замин ҷудо кардаанд, вале бо ин вуҷуд манзилҳояшонро тарк намекунанд. Сокинон даъво доранд, ки ширкат бо онҳо гуфтугӯ намекунад.
Аҳлинисо Ёрова, сокини деҳаи Такоби ноҳияи Варзоб 20-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, баъди таркиш баъзан сангпораҳо ба рӯйи хонаҳояшон афтода, ба манзили онҳо зарар мерасонад.
"Дар хона хоб будам, хуштомани пирам низ Ин ҷо ду писарам телефон тамошо доштанд. Кӯдакам дар он ҷо буд, гуфтам пешам биёрам, боз Худо дар дилам андохт наовардам. Санг омада ҳамин хел аз боло ба хона афтид. Ман ҳам хестам, ки хона пури чанг аст. Рафта дар болои печка задам. Хушдоман аз ҷой хеста ҳеҷ ҷойро намедид, аз чанги хона",-нақл кард Аҳлинисо Ёрова.
Сокинони деҳаи Такоб мегӯянд, солҳост, ки зери чунин хатар бо ҳарос зиндагӣ доранд. Ба гуфтаи сокинон, бо вуҷуди муроҷиат ба чанд ниҳоди давлатӣ касе ба додашон намерасад.
"Ман се кӯдаки майда дорам. Вақте таркиш мешавад, кӯдакони ман то он дараҷа чиррос зада, гиря мекунанд, ман чӣ кор карданамро намедонам. Безор шудем аз аловмониву кӯҳкафониашон",-афзуд Мусаллама Норова, сокини дигари деҳаи Такоб.
То лаҳзаи омода шудани ин гузориш, касе аз намояндагони ҶДММ "39 -паралел" ҳозир нашуд, дар рӯ ба рӯи дурбин сӯҳбат кунанд. Танҳо як намояндаи ин ширкат дар сӯҳбати телефонӣ гуфт, ба 40-50 хоҷагии деҳаи Такоб, ки ба кон наздиканд, дар ноҳияи Шаҳринав замин ҷудо кардаанд ва ҳамзамон изҳори омодагӣ кардаанд, ки ба арзиши манзилҳояшон ба ин сокинон пул медиҳанд. Молики ин ширкат дар санадҳои Кумитаи андоз шахсе бо номи Талабов Хончон Исматович зикр шудааст. Аммо дар бораи ин шахс маълумоте дар даст нест.
Дар ҳукумати ноҳияи Варзоб низ аз шарҳи масъала худдорӣ карданд.
Гузориши видеоиро дар барнома аз дақиқаи 8:15 тамошо кунед:
Абдураззоқ Одинаев, сокини Такоб яке аз лаҳзаҳоеро нақл кард, ки ҳаргиз наметавонад онро фаромӯш кунад.
"Дар як таркиш санг ба баландӣ рафта хонаро зада вайрон кард, духтар тарсид, беморхона бурданд кӯдак мурд. Ба ҳурмати нон. Зан бача вайрон кард",-гуфт Абдураззоқ Одинаев.
Чунин вазъ ба қавли сокинон на танҳо ба вазъи руҳиву равонӣ, балки ба вазъи иқтисодии онҳо низ таъсири манфӣ гузоштааст. Гулбарг Ҷӯраева дар деҳаи Такоб ба чорводорӣ машғул буда, аз ин ҳисоб зиндагиашро пеш мебурдааст. Вай дар суҳбат ба Радиои Озодӣ нақл кард, ки "ширкат оғилҳояшро вайрон кард".
Вай афзуд, "аввал муомилаи нек дошт. Гуфт мебарам ҷойи дигар ба шумо оғил мекунам, баъд оғилҳоятонро меканам. Дар онҷо корхона сохту ҳамаи моро берун кард. Он рӯз тарафи писарам гуфтааст, ки чубҳоятонро гиред, боғатонро ҳамвор мекунам. Боғамон 6,5 метр авфи президентӣ дорад. Президентро ҳам гӯш намекунад".
Маълум нест то чанд муддати дигар сокинони ин деҳа бо тарсу ҳарос зиндагӣ мекунанд ё баҳси онҳо бо ширкат ба чӣ меанҷомад.
Нақзи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯи ширкату корхонаҳо ва пайомадҳои ногувори он дар гузашта борҳо садо додааст.
Намояндагони Хадамоти назорати бехатарӣ дар соҳаи саноат бемасъулиятии ширкату муҳандисон, бепарвоии ҷабрдидагон, риоя нагардидани қоидаҳои бехатарӣ ва надоштани мутахассисони соҳаро аз сабабҳои асосии рух додани ҳодисаҳои марговар унвон мекунанд. Аммо ҷабрдидаҳо борҳо аз чашмпӯшии мақомот ба қонуншикании масъулони корхонаҳо, шикоят кардаанд.