Шуморе аз гумонбарони тасарруфи беш аз 120 миллион сомонии Вазорати дифои Тоҷикистон зиндонӣ шуда, дигарон раҳо гаштаанд.
Саидалӣ Раҳмонзода, муовини раиси Додгоҳи олӣ, рӯзи 7-уми август дар нишасти матбуотӣ гуфт: "9 нафар аз панҷ то понздаҳ сол зиндонӣ карда шуданд. 62 нафар бо ҷуброни зарар аз ҷавобгарӣ озод гаштанд.”
Ба иттилои ин мансабдор, аз 124 миллион сомонии дуздидашуда зиёда аз 16 миллион сомонӣ ҳанӯз баргардонда нашудааст.
Аз 71 нафари муттаҳам дар парванда 28 нафар шахсони ғайринизомӣ ва 43 тани дигар аз сохторҳои Вазорати дифоъ ва ниҳодҳои дигар будаанд. Аммо гуфта нашуд, ки оё онҳо узви як шабака буда, даст ба ҷинояти созмонёфта задаанд ва кӣ ин гуруҳро раҳбарӣ мекард. Чунин дуздии маблағ ҳазорон сарбозро аз хӯрок, сарулибос ва муҳиммоти ҳарбӣ маҳрум кардааст.
"Маблағ асосан барои хӯрок, сару либоси сарбозон ва таъмири техникаи ҳарбӣ ҷудо шуда буд," – гуфт Саидалӣ Раҳмонзода, муовини раиси Додгоҳи олӣ.
Оҷонси мубориза бо коррупсия дар Тоҷикистон хабари дуздиву аз худ кардани миллионҳо доллар аз Вазорати дифоъро дар моҳи феврали соли гузашта тасдиқ кард. Сулаймон Султонзода, раиси Оҷонсӣ, он замон гуфта буд, ки "43 нафар аз Вазорати мудофиа, 3 нафар аз Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, 2 нафар аз Вазорати молия ҳастанд. Боз аз вазорату сохторҳои дигар ҳам дар парвандаи ҷиноӣ ҳамиштирок буданд."
Суистифодаи пуле, ки барои сарбозону афсарон ва муҳофизати марзу буми кишвар ҷудо шудааст, дар ҳолест, ки дар гузашта нигарониҳо аз шароит ва таъмини номуносиби қисмҳои низомӣ садо додааст.
Дилрабо Самадова, мудири созмони"Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ", пештар ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки чунин амал ба вазъу шароити қисмҳои ҳарбӣ таъсир гузошта, дар ниҳоят ҷабри онро сарбозон мекашанд.
Аз худ кардани миллионҳо сомонии буҷа аз тарафи кормандони Вазорати дифоъ ва идораҳои дигари давлатӣ аломате аз зуҳуроти вайронгари фасоду ришвахорӣ дар Тоҷикистон аст.
Созмони Шаффофияти Байнулмилал дар моҳи январи соли гузашта бо нашри гузориши Шохиси дарки фасод Тоҷикистонро дар миёни 180 кишвар дар ҷойгоҳи 162-ум қарор дод, ки яке аз зинаҳои поинтарин ба шумор меравад.
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед: