Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мошинҳои барқӣ ҷойи "Опел"-ҳоро дар Тоҷикистон мегиранд?


Ин мошин як моҳ аст дар терминали Душанбе ба намоиш гузошта шудааст.
Ин мошин як моҳ аст дар терминали Душанбе ба намоиш гузошта шудааст.

Як моҳ аст нахустин мошини барқӣ дар саҳни терминали марказии Душанбе ё автовокзали собиқ мунтазири харидор аст. Мошини тамғаи IEV7S 350 ҳазор сомонӣ ё муодили 35 ҳазор доллари амрикоӣ нарх дорад. Моликонаш мегӯянд, харидорони тоҷик ба ин навъи мошин таваҷҷуҳ доранд, аммо ба сабаби гаронии нарх ва камчин будани қисмҳои эҳтиётӣ аз хариди он худдорӣ мекунанд.

Як ҳамсӯҳбати мо дар ширкат ба Радиои Озодӣ гуфт, дар сурати пайдо кардани харидор онҳо омодаанд, воридоти мошинҳои барқиро ба Тоҷикистон зиёд кунанд.

Ӯ афзуд: «Бисёриҳо меоянду мебинанд, аммо ҳар мошине, ки нав асту ворид мешавад, харидорон аз он дар ҳарос ҳастанд, мабодо барои пайдо кардани қисмҳои эҳтиётӣ ба мушкилӣ дучор мешаванд».

Мошини мазкур аз ширкати “JAC Motors” як ширкати чинист, ки дар Қазоқистон ҳам истеҳсол мешавад. Бо аккумулятори пур то 280 километр ҳаракат мекунад. Барои нерӯ гирифтани он агар аз манбаи 380 волтӣ бошад, 1 соат ва агар манбаи 220 волтӣ бошад, 8 соат зарур аст. Барои як бор бо нерӯ таъмин кардани аккумулятори мошини 8 сомонӣ харҷ мешавад.

Мехоҳем дошта бошем, аммо...

Акрам, сокини Душанбе, ки бист сол боз ронандагӣ мекунад, аз воридоти ин навъ мошинҳо ба Тоҷикистон истиқбол мекунад. Ӯ мегуяд, бо мошини маъмулӣ ҳар рӯз то сад километр роҳро тай мекунад ва барои ин 100 сомонӣ харҷ мекунад.

Ӯ афзуд, агар пул медошт, мошини барқӣ мехарид, зеро харҷаш кам аст. Ҳамсуҳбати мо гуфт, ҳар рӯз харҷ кардани 100 сомонӣ дар Тоҷикистон албатта харҷи зиёд аст, вале у пули кофӣ барои харидани мошини барқӣ надорад.

Умед Исоев, ки бозори мошин дар Тоҷикистонро омӯхтааст, мегӯяд, ҳарчанд ҷиҳатҳои мусбати мошинҳои барқӣ кам нест, аммо истифодаи ин навъи мошинҳо дар ояндаи наздик роиҷ намешавад.

Ба гуфтаи ӯ, чунин мошинҳо дар роҳҳои Тоҷикистон тобовар нестанд ва агар 280 километр роҳро тай кунанд, ҳангоми бозгашт мумкин аст, ба мушкил дучор шаванд.

“Албатта ин мошинҳо хуб ҳастанд, вале ҳоло дар Тоҷикистон мисли кишварҳои пешрафта дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ барои ин навъи мошинҳо нуқтаҳои барқгирӣ вуҷуд надорад. Дуюм ин ки арзиши ин мошинҳо ҳоло арзону дастрас нест ва ин нарх барои кишваре мисли Тоҷикистон ҳоло мувофиқ нест”- гуфт ҳамсуҳбати мо.

Мошинҳои барқӣ хубанд, аммо ба зудӣ зиёд намешаванд

Умедҷони Саъдулло, ки навгониҳо дар бозори мошинро пайгирӣ мекунад, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар шабу рӯзе, ки қимати тамоми навъи сӯзишворӣ гарон аст, воридоти мошинҳои нав воситаҳои нақлиёти замонавӣ ба манфиат хоҳад буд. Ба гуфтаи ин ҳамсуҳбати мо, воридоти мошинҳои барқӣ барои кишваре мисли Тоҷикистон, ки нафту газ надорад, мувофиқ хоҳад буд.

Ӯ ба ин назар аст, ки электромобил, пеш аз ҳама бинобар доштани барқи арзон, пойбандии Тоҷикистонро ба кишварҳои содиркунандаи нафту газ кам карда, аз кишвар зиёд берун рафтани арзи хориҷиро пешгирӣ менамояд.

Гузашта аз ин, рӯ овардан ба мошинҳои барқӣ яке аз роҳҳои кам кардани ихроҷи газҳои гулхонаӣ ба ҳавои атмосфера аст. Умедҷони Саъдулло мегӯяд: «Дар ноҳияи Шаҳринав ва шаҳри Турсунзода шунидам, ки аз қаламрави Узбекистон мошинҳои боркаши хурди тамғаи "Лабо" вориди Тоҷикистон карда шуданд, ки бо истифода аз неруи барқ ҳаракат мекунанд. Онҳое, ки чунин мошинҳо доранд, изҳори хушнудӣ мекунанд, ки дигар бо маблағи зиёд сӯзишворӣ намехаранд».

Роҳи дарози мошинҳои барқӣ дар Тоҷикистон

Тобистони соли 2018 як ширкати қазоқӣ хабар дод, ки таваҷҷуҳи тоҷикистониҳо ба автомобилҳо, махсусан электромобилҳо бештар шудааст ва аз як ширкати мусофирбарии Тоҷикистон барои хариди интиқоли электромобилҳо ба ин кишвар фармоиш гирифтаанд.

Дар Тоҷикистон, ки асосан мошинҳои куҳнаи хориҷӣ мавриди истифода ҳастанд ва дуди онҳо яке аз манобеи аслии олуда шудани ҳаво ба ҳисоб мераванд. Аммо ба гуфтаи мусоҳибони Радиои Озодӣ мардум аз чунин мошинҳо чандин соли дигар даст намекашанд, зеро пули хариди мошинҳои барқиро ва умуман ҳаргуна мошини навро дар кишвар надоранд.

XS
SM
MD
LG