Қароргоҳи марказии Хотамуланбиё ё Ситоди марказии артиши Ҷумҳури исломии Эрон эълом кард, ки бо далели идомаи ҳамлаҳои Исроил ба Лубнон, тангаи Ҳурмузро аз нав бастааст. Бар асоси созиши ахири миёни Амрико ва Эрон, гулӯгоҳ ё тангаи Ҳурмуз бояд боз шуда буд.
Дар баёнияи артиши Эрон, ки баъд аз зуҳри 20-уми июн пахш шуд омадааст, сабаби бастаи тангаи Ҳурмуз, "бадаҳдӣ ва паймоншикании ошкори Амрико" дар иҷрои банди нахусти созиши поёни ҷанг ва ҳамчунин "нақзи пайвастаи оташбас тавассути Исроил дар ҷануби Лубнон" аст.
Артиши Эрон бо ишора ба идомаи ҳузури нерӯҳои исроилӣ дар ҷануби Лубнон иддао кардааст, ки бастани тангаи Ҳурмуз посухи аввали Эрон ба "аҳдшикании душман" аст.
Қароргоҳи Хотамуланбиё ҳамчунин таҳдид кардааст, ки дар сурати идомаи ончи ин қароргоҳ онро "таҷовуз" хонд, иқдомоти бештаре амалӣ карда мешавад.
Дар ҳамин ҳол СЕНТКОМ ё Ситоди фармондеҳии марказии артиши Амрико эълом кардааст, ки убури бехатар аз тангаи Ҳурмуз ҳамчунон барқарор аст.
Ба навиштаи СЕНТКОМ, рӯзи 20-уми июн 55 киштӣ бо 17 миллион бушка нафт аз тангаи Ҳурмуз гузаштанд.
Дар ин баёния омадааст, нерӯҳои амрикоӣ ҳамчунон дар минтақа ҳузур доранд ва барои итминон аз иҷрои комили тавофуқ бо Эрон ва ҳифзи озодии киштиронӣ корашонро давом медиҳанд.
Ҳамлаҳои Исроил ба манотиқи мухталифи Лубнон рӯзи шанбеи 20-уми июн танҳо чанд соат пас аз эъломи оташбас миёни Исроил ва Ҳизбуллоҳ, дастикам 10 кушта барҷой гузошт. Артиши Исроил гуфт, дар посух ба ҳамлаҳои Ҳизбуллоҳ ба сарбозони ин кишвар ба Лубнон ҳамла кардааст.
"Ҳизбуллоҳ" як гурӯҳи ниманизомӣ ва ҳизби сиёсӣ аст, ки бахши калоне аз ҷануби Лубнонро зери назар дорад. Амрико ин гурӯҳро созмони террористӣ медонад ва Иттиҳоди Аврупо танҳо шохаи низомии онро дар феҳристи сиёҳ қарор додааст.
Идомаи даргирӣ дар Лубнон ва бастани тангаи Ҳурмуз дар ҳоле иттифоқ меафтад, ки ҳайатҳои баландпояи ИМА ва Эрон барои идомаи музокирот ба шаҳри Женеваи Швейтсария рафтаанд. Қарор аст музокироти Вашингтон ва Теҳрон зери роҳбарии Ҷей Ди Венс, муовини раиси ҷумҳури Амрико ва Муҳаммад Боқир Қолибоф, раиси порлумони Эрон баргузор шавад.
Раҳбарони Амрикову Эрон пас аз музокироти дарозу печидае рӯзи 18-уми июн ба эъломияи тафоҳумномаи сулҳ байни ду кишвар имзо гузоштанд, ки хатми тамоми даргириҳоро дар Халиҷи Форс дар назар дорад.