Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фарҳоди Дарё мегӯяд, рӯзе мерасад, ки ба Афғонистон бармегардаду месарояд


Фарҳод Дарё дар Тоҷикистон ҳам маҳбубияти зиёд дорад.
Фарҳод Дарё дар Тоҷикистон ҳам маҳбубияти зиёд дорад.

Фарҳоди Дарё, овозхони маъруфи афғон мегӯяд, дубора рӯзе фаро хоҳад расид, ки метавонад дар ватанаш дар назди мухлисони хеш овоз бихонад.

Ӯ, ки ба тозагӣ дар шаҳрҳои гуногуни Австралия панҷ консерт дод, рӯзи 25-уми июн дар мусоҳибае бо Радиои Озодӣ гуфт: “Чашм дар роҳи рӯзе ҳастам, таранги (садои) мусиқӣ дар осмони Афғонистон ранг бидиҳад ва маҳдудиятҳое, ки болои мусиқиву ҳунар таҳмил шуда, бардошта шавад. Ва ман битавонам, дубора фарёди худро мисли қадим аз варзишгоҳи бузурги Кобул, то баландиҳои Кӯҳи Бобо ва Ҳиндукуш бирасонам, бихонам. Ин рӯз расиданӣ ҳаст.”

Фарҳоди Дарё, ки дар Амрико зиндагӣ мекунад, гоҳ-гоҳе дар кишварҳои гуногуни дунё консерт медиҳад. Ӯ то замони бозгашти Толибон ба қудрат дар моҳи августи соли 2022 дар Афғонистон ҳам барномаҳои ҳунарӣ баргузор мекард. Ӯ мусиқиро як пули нерӯманд ва муассир барои наздик кардани инсонҳо ба якдигар медонад.

Фарҳоди Дарё мегӯяд: “Мусиқӣ бузургтарин ва муассиртарин васила барои наздикии инсонҳост. Бидуни ин ки касе ба забони каси дигар фикр кунад, ба қавму миллияту решаҳое, ки якеро ба ҳам наздик ва якеро аз ҳам дур мекунад, ба ӯ фикр кунанд, ба тафовутҳо фикр кунанд. Ва ин пул ҳар қадар, ки тавил (дароз) бошад, оҳиста-оҳиста ба як мӯй мерасад ва лаҳзаи хосе мешавад, ки боз ҳамон як мӯй пул ҳам аз байн меравад ва дигар ҳеч фосила байни инсонҳо намемонад. Мусиқӣ ҳамин мӯъҷизаро дорад.”

Фарҳоди Дарё ҳамчунин ибрози умедворӣ кард, ки маҳдудиятҳо бар омӯзиши духтарон дар Афғонистон поён ёбад ва ба гуфтаи ӯ “занги мактаб баландтар ва пуртанинтар аз гузашта ба садо дарояд.” Овозхони афғон замоне дар ин бора суҳбат мекунад, ки Толибон пас аз бозгашт ба қудрат дар Афғонистон пахш кардану шунидани мусиқиро манъ карданд ва онро ҳаром медонанд.

Толибон ҳамчунин иҷоза намедиҳанд, ки духтарон таҳсилро болотар аз синфи 6 идома бидиҳанд ва ҳаққи кор дар муассисаҳои зиёдеро надоранд. Илова бар ин ҳама бар асоси қонунҳои амри маъруф ва наҳйи мункари Толибон шунидани шунидани наът ва ё овозхонӣ ва ё қироати зан дар байни издиҳом мамнӯъ аст.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG