Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лукашенко: "Мехоҳем, ки барои Тоҷикистон кадрҳои баландихтисос омода кунем". АКС.ВИДЕО


Дар пайи мулоқоти президентҳои Тоҷикистон ва Беларус Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко дар Душанбе, 15 санади ҳамкорӣ ва созишномаҳо ба имзо расид. Раҳбарони ду кишвар гуфтанд, қасд доранд ҳамкориҳоро ба сатҳи шарикии стратегӣ боло баранд. Александр Лукашенко шаби 14 ба 15-уми май бо як сафари дурӯза вориди Душанбе шуд.

"Аз бахши илм то саноат"

Дар ҷараёни музокироти рӯзи 15-уми май дар Душанбе, Беларус ва Тоҷикистон ба истилоҳ "харитаи роҳ"-ро қабул карданд, ки ҳамкориҳои ду кишварро дар солҳои 2019-2020 дар назар мегирад. Ин санад ҳамкориҳоро дар чандин бахши калидии сиёсиву иқтисодиву гуманитарӣ муайян мекунад. Бахши вижаи ин санад ҳамкориҳои вазоратхонаҳои кишоварзии ду кишварро дар назар мегирад.

Дар доираи сафари Александр Лукашенко ба Тоҷикистон дар кишвар рӯзҳои фарҳанг ва кинои Беларуссия шурӯъ шуд. Инчунин Намоишгоҳи маҳсулоти саноати миллии Беларуссия дар Душанбе оғоз гардид.

Дар миёни санадҳои имзошуда – созишномаи ҳамкориҳои миёни вазоратҳои умури хориҷаи ду кишвар, қарордоди ҳамкории Кумитаҳои назорати давлатии Беларус ва Палати ҳисоби Тоҷикистон, ҳамкориҳои миёни академияи илмҳои ду кишвар дар бахши табодули илмӣ, созишномаи ҳамкорҳои вазоратҳои умури дохила ва беҳдошт дар бахши судиву экспертӣ, ҳамкориҳо дар бахши фанновариҳои навини миёни вазоратҳои саноат, ҳамкориҳои миёни кумитаҳои ҳолатҳои изтирорӣ, созишномаи ҳамкории вазоратҳои маориф дар бахши тарбияи томактабӣ ва ғайра. Дар бахши ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ як барномаи фарогири кори муштарак қабул шуд, ки дар амалисозии он шаҳрдориҳои Минск ва Душанбе иштирок хоҳанд кард.

Муқоисаи Тоҷикистону Чин

Александр Лукашенко бо як сафари расмӣ шоми 14-уми май вориди Тоҷикистон шуд ва дар нимаи дуюми рӯзи 15-уми май бо президент Эмомалӣ Раҳмон дидору гуфтугӯ анҷом дод. Президент Эмомалӣ Раҳмон Беларусро як шарики калидии Тоҷикистон номид. "Мо ба сафари расмии шумо аҳамияти калон зоҳир мекунем. Мутмаин ҳастам, ки натиҷаҳои ин мулоқот ба дӯстии наздику ҳамкориҳои судмади ду кишвар илҳоми тоза мебахшад",-афзуд Эмомалӣ Раҳмон.

Имзои 15 санади ҳамкорӣ миёни Белорус ва Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:03:28 0:00

Дар навбати худ, ба навиштаи хабарнигори оҷонсии БЕЛТА, Лукашенко аз суръати рушди иқтисоди Тоҷикистон ситоиш ва ба ҳамкорҳои дарозмуддати байни ду давлат изҳори умедворӣ кардааст. Хабаргузорӣ аз қавли Лукашенко менависад, ки ӯ суръати рушди иқтисоди Тоҷикистонро бо Чин қиёс карда гуфтааст: "Мо аз ҷараёни рушди Тоҷикистон бодиққат назорат мекунем. Ман аз суръати ин рушд шод мешавам. Ҳамеша таъкид мекунам, ки суръати рушди ин кишвар аз Ҷумҳурии Халқии Чин ҳам беҳтар аст."

"Техника хуб аст, муҳимтар аз ин кадр аст"

Александр Лукашенко дар ҳузури хабарнигорон гуфт, тиҷорати кишвараш бо Тоҷикистон босуръат рушд мекунад. Аз ҷумла ӯ афзуд, дар соли равон додугирифт бештар аз ду маротиба зиёд шудааст ва ин раванд ба қавли Лукашенко идома меёбад.

Лукашенко афзуд, кишвараш бар иловаи чаҳор факултети муштарак, мехоҳад боз дари Маркази таълим, илм ва фарҳанги Беларусияро дар Тоҷикистон боз кунад. Зеро ба қавли раиси ҷумҳури Беларуссия, "техника хуб аст, аммо муҳимтар аз он кадр аст."

"Гуфтан даркор аст, ки трактор, автомобил ва дигар техникаҳо хуб аст, ин пул аст. Аммо чизи муҳимтар аз ин одам яъне кадр аст. Агар кадрҳои баландихтисос тарбия накунем, ягон роҳ дигар ба мо кӯмак намекунад ва мо дигар роҳ низ надорем. Мо мехоҳем дар Тоҷикистон кадрҳои баландихтисосро омода кунем",--таъкид кард Александр Лукашенко.

Александр Лукашенко ҳамчунин гуфт, пешниҳоди ҳамтои тоҷикаш дар бораи ба сатҳи шарикии стратегӣ боло бурдани ҳамкориҳои ду кишварро ҷонибдорӣ мекунад. “Харитаи роҳ” ба қавли Лукашенко заминаи хубе барои ин кор хоҳад буд.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ аз Беларуссия ба унвони кишвари муҳим барои Тоҷикистон ном бурд. Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфт бо ҳамтои Беларусаш мувофиқа кардаанд, ки сатҳи ҳамкориҳои ду кишварро бахусус дар бахши агро-саноатӣ рушд диҳанд.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин гуфт, дар ин мулоқот вазъи Афғонистони ҳамсояи Тоҷикистон ҳам баррасӣ шуд. 1400 км марзи ду кишвар аз назари таҳдидҳои амниятӣ ҳамеша мавриди таваҷҷӯҳ хоҳад буд.

"Мо вазъи Афғонистонро муҳокима карда, аҳамияти мусоидат ба ин кишварро дар барқарорсозии сулҳ, субот ва таъмини рушди минбаъдаи он зикр намудем. Идома додани ҳамоҳангсозии талошҳо дар самти бартараф кардани таҳдидҳо ба амният тавассути сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти амният мақсаднок эътироф гардид",-афзуд Эмомалӣ Раҳмон.

Шарикони дерина

Зимнан, дар баробари қаробати сиёсии ду кишвар, ҳамкориҳои Минску Душанбе бештар хусусияти иқтисодиву гуманитарӣ дорад. Дар Беларус садҳо донишҷӯи тоҷик аз рӯи барномаҳои вижаи ҳукуматӣ таҳсил мекунанд. Беларус яке аз кишварҳои воридкунандаи молу маҳсулот ба Тоҷикистон ба шумор меравад.

Мубодилаи мол миёни Тоҷикистону Беларус зиёд нест, вале солҳои ахир ба тадриҷан зиёд мешавад. Дар соли гузашта ду тараф дар ҳаҷми бештар аз 30 миллион доллар додугирифт доштаанд.

Тоҷикистон дар ин солҳо барои сохтмони иншоотҳои энергетикӣ аз Беларус 1000 мошини боркашу калони сохтмонӣ ва таҷҳизоти истихроҷи маъдан харидааст. Қарор аст, дар ҷараёни сафари Александр Лукашенко, дар ноҳияи Ҳисор як корхонаи бастабандии тракторҳои Беларусӣ ифтитоҳ шавад.

Дар доираи сафари Александр Лукашенко ба Тоҷикистон дар кишвар рӯзҳои фарҳанг ва кинои Беларуссия шуруъ шуд. Инчунин Намоишгоҳи маҳсулоти саноати миллии Беларуссия дар Душанбе оғоз гардид.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG