Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Аз сулҳофарӣ то худкомагӣ" Шебу фарози сиёсати дохилии Тоҷикистон дар 28 соли истиқлолият


Тоҷикистон дар 28 соли истиқлолияташ давраҳои гуногунеро аз сар гузаронд ва буҳрону ошӯбро ба сулҳу субот табдил дод. Аммо ин ҳаракат оё ба самти суботи пойдору ҳамешагӣ ҷараён гирифт ё тағйири сиёсатҳо онро ба нуқтаҳои шиноси таърих бозмегардонад?

Дар остонаи 28-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон Радиои Озодӣ аз коршиносон пурсид, ки дар ин давра сиёсати дохилии кишвар дастхуши чӣ шебу фарозҳое буд ва ин дигаргуниҳо ба шаклу шева сурат гирифтанд ва чӣ натиҷа доданд ва кадом санҷишҳо пушти сар шудаву ҷумҳурии ҷавони 28-сола дар рӯбарӯйи кадом душвориҳо қарор дорад?

Қадамҳои нахустин

Тоҷикистон кишвари дорои беш аз 9 миллион аҳолӣ аст, ки ду даҳсола ба ин сӯ ҳамроҳ бо ҳамсоягони худ наздики 30 сол аст ҳайсият ва узвияти комили худ дар ҷомеаи байналмилалӣ ҳифз кардааст. Дар таърихи муосири худ, кишвар борҳо дар остонаи фурӯпошии давлат қарор гирифта, вале бо вуҷуди ҳамаи сахтиҳо тавонистааст, он марҳалаҳои сангинро паси сар кунад. Дар баробари ин, вазъи иқтисодиву иҷтимоии он ниёзманди беҳбуд ва сиёсию амниятияш ташнаи суботу истеҳком боқӣ мондаанд.

Дар миёни доираҳои коршиносӣ онҳое кам нестанд, ки мушкилоти имрӯзи кишварро ба душвориҳои сиёсие, ки дар аввалҳои ба даст овардани истиқлол рух доданд, пайванд медиҳанд.

28 сол пеш, 9-уми сентябри соли 1991, ҷаласаи Шӯрои Олии Тоҷикистон қарор ва эъломияи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро пазируфт.

Чунин тасмими сиёсӣ идомаи мантиқии ҳисси бедории худшиносии миллӣ дар миёни ҷавонон буд, ки амалан баъди эъломи бозсозии горбачёвӣ рӯ зад. Вале дар баробари ин ҳисси бедорӣ сатҳи баланди минтақагаройӣ дар шуури сиёсии шаҳрвандон авҷ гирифт, ки нақши калоне дар сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар дошт. Ҷанги шаҳрвандӣ панҷ сол давом кард (1992-1997).

Низои шаҳрвандӣ ва вазъи баъдиҷангӣ давраи муҳиме дар таърихи Тоҷикистон гардид. Дар ин давра, тавре коршиносон таъкид мекунанд, сиёсати дохилӣ шаклҳои мухталифе гирифт: аз сулҳсозӣ ва мусолиҳаи тарафҳо то ба мутамарказ намудани қудрат ва сипас -- таъсиси ҳокимияти худкомаи яккатоз.

"Шарқ нозукиҳои худро дорад"

"Идеяҳои сиёсиву иқтисодии навлибералӣ дар Тоҷикистон дар ибтидо ба таври ошкоро зоҳир шуд. Зодагони минтақаҳои гуногун ба тақсими захираҳои иқтисодиву сиёсӣ пардохтанд. Дар ин давра Русия кишварҳои пасошӯравиро ба ҳоли худ гузошт, ҳарчанд онҳо начандон инро мехостанд. Ҳамаи ин дар пасманзари ҷамъ шудани мушкилоти иҷтимоиву иқтисодӣ, ки яке болои дигаре зам мешуд, рух дод", -- мегӯяд ходими калони илмии Маркази омӯзиши Осиёи Марказӣ, Қафқоз ва Уралу Волгаи Пажуҳишгоҳи шарқшиносии Академияи улуми Русия Азиз Ниёзӣ.

Ӯ мегӯяд, хатми хунрезӣ ва дастёбӣ ба тавофуқ миёни ҳукумат ва мухолифонаш, ки тибқи он мухолифон 30 дарсади ҳукуматро ба даст оварданд, таҷрибаи нодире гардид, сарфи назар он ки вазъ баъдтар ба таври бунёдӣ тағйир ёфт. "Аз сӯйи дигар, ин ҷо Шарқ аст. Дар Шарқ ҳукумат тадриҷан ҳама чизро дар қабзаи худ мегирад ва ин аз махсусиятҳои фарҳанги сиёсии инҷост", -- шарҳ медиҳад коршинос.

Бояд гуфт, ки фаъолияти меросбари воқеии Иттиҳоди мухолифони тоҷик дар даврони баъдиҷангӣ - Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) - аз моҳи сентябри соли 2015 ба ин сӯ манъ ва худи ҳизб террористӣ эълон шудааст. Ҳарчанд раҳбарони ҳизб дар хориҷа онро бофтаи мақомот медонанд.

"Аз марказгароӣ ба саркӯб"

"Дар ибтидо, дар раванди марҳилаи аввали баъдиҷангӣ, ҳукумати Тоҷикистон сиёсати мудовими мутамарказ ва тақвият бахшидани ҳукумати марказиро дар маҳалҳо пеш гирифт. Ин таъсири мусбат дошт, зеро суботи сиёсиро таҳким бахшид ва кишварро аз вомондаҳои ҷангсолорони ҳар ду ҷониб раҳо кард. Аз соли 2008 тадриҷан пардохтан ба як сиёсати дохилии шадидтар дар баробари мухолифони сиёсӣ, расонаҳои мустақил ва ҷомеаи шаҳрвандӣ роҳандозӣ шуд", -- ба ёд меоварад сиёсатшиноси тоҷик Парвиз Муллоҷонов.

Ба гуфтаи ӯ, аз ин давра гирифта, ҳама гуна танқид ба маънои талоши барҳам задани субот дар кишвар арзёбӣ мешуд. Аммо заминаи асосии вазъ ба буҳрони иқтисодии солҳои ахир ва кам шудани даромад аз муҳоҷирати меҳнатӣ бастагӣ дошт.

Зимнан, ҳаҷми маблағҳои фиристодаи муҳоҷирон дар солҳои гуногун то 49.6%-и ММД-и Тоҷикистон мерасид ва дар соли 2016 ҷумҳурӣ аз рӯйи ин шохис дар таҳлили Бонки Ҷаҳонӣ "Migration and Remittances Factbook 2016" дар миёни 214 кишвари ҷаҳон ҷойи аввалро гирифта буд.

"Ҳифзи тавозун"

Сиёсатшиноси дигари тоҷик, ки нахост, аз ӯ ном бурда шавад, мегӯяд, яке аз вижагиҳои намоёни сиёсати дохилии ҳукумат ин нигоҳ доштани мувозинат дар замони поксозии кишвар аз фармондеҳону ҷангсолорони гуногун буд. "Пеш аз он ки иқдомоти саркӯбгарона дар баробари фармондеҳони мухолифон гирифта шаванд, чунин иқдомот дар баробари чеҳраҳои маъруфи “Фронти халқӣ” низ татбиқ шуд. Дар солҳои 2000-ум дигар дарк шуда буд, ки ин афрод барои ҳукумат хатарзоянд", -- гуфт ҳамсуҳбати мо.

Ба андешаи ӯ, агар аз соли 2002 то соли 2008 дар кишвар мутаносибан сиёсати мусолиматомез мушоҳида шуда бошад, баъдан ҳаводиси шаҳри Кӯлоб дар соли 2008, ноҳияи Тавилдара дар соли 2009, ҳаводиси Ғарм дар соли 2010, ҳаводиси соли 2012-и Хоруғ нишондиҳандаи шадидтар шудани режим буд.

Ин коршинос ҳангоми суҳбат дар мавриди сиёсати дохилӣ, ҳамчунин ба тағйир дода шудани Қонуни Асосӣ дар солҳои 1999, 2003 ва 2016 таъкид мекунад. Баъди раъйпурсии соли 1999 муҳлати салоҳияти президент аз 5 ба 7 сол дароз карда шуд ва палатаи болоии порлумон таъсис ёфт, ки президент болои он таъсири мустақим дорад. Дар натиҷаи райъпурсии соли 2003 ҳадди ниҳоии синни номзад ба мақоми президентӣ, ки пештар 65-сол буд бекор ва меъёре ворид гардид, ки иҷоза медод мақоми президентӣ ду бор пайи ҳам ба даст оварда шавад. Райъпурсии сеюм дар соли 2016 ба шахсони аз 30-сола боло имкон дод, ки мақоми сарвари давлатро соҳиб шаванд ва ба Қонуни асосӣ мафҳуми “Пешвои миллат” ворид карда шуд, ки барои он дигар ҳеч маҳдудияте дар интихоб шудан ба унвони сардори давлат вуҷуд надошт ва ҳамчунин таъсиси ҳизби диниро манъ гардид.

"Мутамарказ намудани қудрат ба хотири оромӣ буд"

Сайфулло Сафаров, муовини пешини мудири Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, мутамарказ намудани қудрат дар Тоҷикистон мусоидат намуд, ки дар кишвар бо фарқ аз Қирғизистон ва Афғонистон сулҳ ва оромӣ ҳифз шавад ва Душанбе дар ин маврид комёбтар бадар омад.

Ӯ афзуд: "Дар натиҷа мо тақрибан зерсохтҳоро бунёд кардем, аз буҳрони иртибототӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ берун омадем, то ҳадди муайяне масъалаи амнияти озуқавориро ҳал кардем ва баъди ба кор андохтани чархаи дувуми нерӯгоҳи Роғун қадами бузурге дар масири истиқлоли иқтисодӣ ва саноатӣ кардани иқтисоди ҷумҳурӣ мегузорем."

Сафаров мегӯяд, андешаҳо дар мавриди инҳисор ё монополияи қудрат дар Тоҷикистон ва набуди озодии сухан асос надоранд. "ҲНИТ ва Ҳизби Коммунист дар интихоботи ахири порлумонӣ натавонистанд, вориди порлумон шаванд, зеро ҷойи онҳоро ҳизбҳои дигаре, ки ба талаботи ҷомеа ҷавобгӯй буданд, гирифтанд. Он чи марбут ба расонаҳо аст, дар мо озодии баён хеле пеш рафтааст ва он нашрияҳое, ки баста шуданд, аз уҳдаи супоридани андоз набаромаданд", -- шарҳ медиҳад коршинос.

Кишварро чӣ интизор аст?

Ба гуфтаи Сайфулло Сафаров, кишвар дар даҳсолаи наздик ба ҳадафҳои стратегии худ мерасад, нерӯгоҳи Роғунро пурра ба кор медарорад ва демократкониеро, ки такя бар рақобати сиёсӣ дар дохили давлат дорад, идома медиҳад.

Аммо на ҳама коршиносон ба хушбиниҳои Сафаров шариканд. Парвиз Муллоҷонов мегӯяд, набуди мухолифони воқеӣ ва расонаҳои мустақил дар Тоҷикистон ба ҷойгоҳи кишвар дар раддабандиҳои байналмилалӣ таъсир мегузорад ва ин ҳол идома хоҳад дошт.

"Қарзи берунӣ ва вобастагӣ аз Чин зиёд мешавад. Аз ҳама фоҷиабортарин – набуди ислоҳоти воқеист. Зарур аст, ки ислоҳоти зудҳангом ва ҳамафарогире барои эҷоди ҷойи кор ва баргашти муҳоҷирон аз Русия роҳандозӣ шавад. Иқтисоди “интиқоли маблағҳо” дар дурнамои дарозмуддат пояи устувор намебошад", --шарҳ дод сиёсатшинос.

Ҳамсуҳбати дигари Радиои Озодӣ, коршинос аз Тоҷикистон муборизаи дохилии гуруҳҳои гуногунро барои қудрат аз эҳтимол дур намедонад. “Аксаран дар ин гуна режимҳо нақши калонро атрофиёни президент мебозанд, ки ба хотири тавҷеҳи зарурати худ душманони сунъии гуногуне месозанд. Дар ин марҳила ҳам истифода аз ин гуна сенарияҳо истисно нест", -- мегӯяд коршинос.

Дар маҷмуъ, аксари ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ ҳам ба дастовардҳо ва ҳам ба камбудҳои сиёсатҳои ҳукумат дар давоми 28 сол ишора карданд. Аксари баҳогузории онҳоро ин андеша ба ҳам меовард, ки раванди тақвияти қудрат дар Тоҷикистон дар пасманзари бад шудани нишондоҳои иқтисодӣ ва сатҳи зиндагии мардум сурат мегирад ва ин чизест, ки ҳукумат бояд ба он таваҷҷуҳ намояд.

XS
SM
MD
LG