Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷӯрабек Набиев: "Ҳоло шавқи сурудхонӣ дар дилам намурдааст." ВИДЕО


Ҷӯрабек Набиев
Ҷӯрабек Набиев

Ҷӯрабек Набиев, ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, мегӯяд, ҳукумати вилояти Суғд қарори таҷлил аз 80-солагии ӯро қабул карда, вале ба далели бемории ҳамагир ҳанӯз санаву маҳалли баргузории онро дақиқ нанамудааст.

Ин дар ҳолест, ки аз оғози имсол мақомот дар бораи сабт нашудани беморӣ гузориш медиҳанд ва дар гӯшаҳое аз кишвар маҳфилҳои гуногун баргузор мешаванд.

Ман ин забонро омӯхтам ва фаҳмишу донишам зиёд шуду кам нагардид. Аз ҳамин забон баҳра бурдаам, чунки аз Ҳофизи Шерозиву Камоли Хуҷандӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ ғазалҳо сурудаам.”
Ҷӯрабек Набиев

Хабарнигори Радиои Озодӣ ҳафтаи гузашта бо Ҷӯрабек Набиев дар бораи ҷойгоҳи шашмақому кӯчидани ӯ ба Узбекистон ва масоили дигар суҳбат кард, аммо дар оғоз пурсид, ки ҳоло чӣ кор мекунад?

Ҷӯрабек Набиев: "Ҳоло шавқу завқи сурудхонӣ дар дилам намурдааст. Дар хона бекор нанишаста, ғазалҳои нав ҷустуҷӯ мекунам ва ба баъзе аз онҳо оҳанг мебандам. Ду-се ғазал аз Камоли Хуҷандӣ интихоб кардаам, вале оҳангаш ҳанӯз хом аст."

Радиои Озодӣ: Ихтисоси Шумо табиатшиносист, чӣ гуна ба майдони ҳунар омадед?

Ҷӯрабек Набиев: “Дарди мусиқиву овозхонӣ аз бачагӣ бо ман аст. Мардуми мо ҳунарро дӯст медоранд, сурудро хуб гӯш мекунанд, аммо намехоҳанд, фарзандонашон ҳунарманд шаванд. Шояд таъсири уламои дин аст, ки мусиқиву овозхониро ҳарому нодуруст шумурдаанд. Дар оғоз ба донишкадаи омӯзгорӣ дохил шудам ва хостам, онро нахонаму беҳтараш дар театр кор кунам. Модарам рад карда, гуфтанд, “ту аввал ҳамин донишкадаро хатм мекунӣ, баъд дар ҳар куҷое хостӣ, кор кун.”

Радиои Озодӣ: Ба ҳар ҳол, солҳои дароз дар Театри мазҳака ва мусиқии Камоли Хуҷандӣ кор кардед. Як муддат роҳбар ҳам будед, аммо аз соли 2000 то 2008 камнамо будед, куҷо рафтед?

Ҷӯрабек Набиев: “Аз соли 2000 то 2007 ба Тошканд рафта будам. Ҳар кас фикру бардошти худро дорад, вале ман зиндагии худро дорам. Он вақт ба нафақа баромада будам. Сабаби аввалини ба Узбекистон рафтанам писарам Шӯҳрат шуд, ки дар Консерваторияи Тошканд мехонд. Хостам, ҳамонро хатм кунад. Ба ҷуз ин, як дӯсти нағзамон, раиси Консерватория шуд ва маро ба кор даъват кард. Шаш сол дар онҷо кор кардам. Маро ватанфурӯш ҳам гуфтанд, миллатфурӯш ҳам гуфтанд. Одамон аз ҳар куҷо ба ман ин гапҳоро мерасониданд. Хурсанд будам, ки дар ёди ҳамонҳо ҳастам, барои ман ҳамин бас буд.”

Навори суҳбатро дар инҷо бинед:

Гуфтугӯ бо Ҷӯрабек Набиев
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:26:28 0:00

Радиои Озодӣ: Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон ҳастед, вале дар ҷое хондам, ки Шуморо ҳунарманди мардумии Узбекистон низ мегӯянд. Чаро?

Ҷӯрабек Набиев: “Ман аз ҳукумати Узбекистон ягон мукофот ва ё унвоне нагирифтаам. Мардум ба маъракаҳо даъват мекарданд ва баъзан худашон ҳамин хел муаррифӣ менамуданд. Гузашта аз ин, дар вақти дар Тошканд буданам, муносибати Узбекистону Тоҷикистон ниҳоят тезутунд буд. Ҳатто ҳис мекардам, ки мардум барои ба забон оврадани номи Тоҷикистон меҳаросанд. Дар ду-се барномаи ҳунарӣ даъват карда буданд. Рафтам. Маро Артисти халқии Узбекистон эълон карданд. Баъдан дар консерти калон дар театри Ҳамза аз коргардон илтимос намудам, ки маро Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон гӯянд. Ё агар номи Тоҷикистонро гирифтан нахоҳанд, навбат танҳо ба Ҷӯрабек Набиев гӯянд, кофист. Дар ҳамон вақт номи Тоҷикистонро эълон карданд.”

Радиои Озодӣ: Дар Узбекистон ҳаводорони зиёд доред?

Ҷӯрабек Набиев: “Дар Тошканд зиёд ҳастанд, чунки ба тӯю маъракаҳо ва ба консертҳо мерафтем. Бисёр даъват мекарданд. Дар давраҳои пеш Тоҷикистону Узбекистонро фарқ намекарданд, ҷудо намекарданд, як давлат буданд. Дар баъзе вилоятҳо, ба монанди Самарқанду Бухоро тоҷикҳо ҳастанд. Ба Фарғона ва Андиҷон борҳо рафтаам. То Хоразм мерафтам, бисёр хуб қабул карда буданд. Ман сурудҳои хоразмиро бисёр дӯст медорам ва медонам.”

Радиои Озодӣ: Чӣ гуна ба Тоҷикистон баргаштед?

Ҷӯрабек Набиев: “Таҳсили фарзандам ба поён расид. Ин як. Ба ғайр аз ин, рафтуо бисёр душвор шуд ва мушкили ҳуҷҷатҳо пеш омад. Ду писарам дар ин ҷо буданд ва ду писарам бо ман дар Узбекистон. Набераҳо бе мушкил дар мактаби миёна дар онҷо мехонданд. Вақте калон шуданд, бояд ба ягон ҷо дохил шуда, таҳсил мекарданд. Агар дар онҷо мехонданд, бояд ба мисли шаҳрванди хориҷӣ пули калон месупоридем.”

Радиои Озодӣ: Баъди баргаштан ба Тоҷикистон чӣ кор мекардед?

Ҷӯрабек Набиев: “Дар Коллеҷи мусиқӣ шаш сол ҳамчун омӯзгор кор кардам. Дар ягон ансамбл набудам.”

Радиои Озодӣ: Ҳоло нафақаро аз Тоҷикистон мегиред ё аз Узбекистон?

Ҷӯрабек Набиев: “Не, фақат аз Тоҷикистон. Вақте дар Консерваторияи Тошканд кор мекардам, гуфта буданд, ки ҳуҷҷатҳоятонро кӯчонда ба Узбекистон биёред, аммо ман набурдам. Омада, нафақаамро аз ин ҷо мегирифтам.”

Радиои Озодӣ: Як чиз ҷолиб аст, ки Шумо узбекзабон ҳастед, вале таронаҳои тоҷикиро хуб ва бо назокату шириниҳояш мехонед...

Ҷӯрабек Набиев
Ҷӯрабек Набиев

Ҷӯрабек Набиев: “Сабабаш муҳаббат ба ҳамин забон аст. Шояд дар баёни ман камбудҳо зиёданд, аммо дар тӯли ин қадар сол ягон кас маҷбур накардааст, ки суруди тоҷикӣ хонам. Худам хондам. Дар аввал сурудҳои шӯхи узбекиро медонистаму ҳозир зиёдтар дар эҷоди ман сурудҳои тоҷикӣ аст. Ман ин забонро омӯхтам ва фаҳмишу донишам зиёд шуду кам нагардид. Аз ҳамин забон баҳра бурдаам, чунки аз Ҳофизи Шерозиву Камоли Хуҷандӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ ғазалҳо сурудаам.”

Радиои Озодӣ: Дар ҷое гуфтаед, ки бештар ҳунари Барно Исҳоқова бароятон илҳом бахшиду мояи омӯзиш шуд. То куҷо дуруст аст?

Ҷӯрабек Набиев: “Худо раҳмат кунад. Шашмақомро бисёр баҷо мехонданд. Овози ниҳоят хуб доштанд. Ин муъҷиза буд. Аз айёми ҷавонӣ ғоибона аз он кас бисёр чизро омӯхтаам. Аз ин рӯ, устоди худ мешуморам. Ба ҷуз ин, устодашон Нериё Аминов дар шашмақомдонию шашмақомсароӣ ниҳоят бузург буданд. Аз он кас 5-10 асар мерос мондааст."

Радиои Озодӣ: Дар Тоҷикистон рӯзи шашмақом дорем ва беш аз 20 сол аст, ки онро таҷлил мекунем, вале баъзеҳо мегӯянд, талошҳо кофӣ нест...

Ҷӯрабек Набиев: “Ман низ дар ин бора бисёр фикр мекунам. Бо фармони президент як санаро рӯзи шашмақом эълон карданд. Ин барои ҳунармандон шараф аст. Моро бисёр хурсанд кард. Дар маркази ноҳияҳову шаҳрҳо гурӯҳҳои шашмақомхонӣ вуҷуд дорад, лекин ба онҳо таваҷҷуҳ нест. Онҳо фақат вуҷуд доранду бас. Ба кору бори онҳо ягон кас аҳамият намедиҳад. Деҳқон пахтаву гандум мекорад ва ба умеди ҳосилаш ҳаст. Аз гуруҳҳои шашмақомхонӣ ҳам ҳосил гирифтан зарур аст. Бояд барои боло бурдани маънавиёту маърифати мардум хидмат кунанд. Мо бояд тарбиятгар бошем. Барои кафкӯбӣ ва ё пул аз қафои мухлисон наравем, балки онҳо барои гирифтани маънӣ аз паси мо оянд."

Радиои Озодӣ: Вазъи шашмақом дар Узбекистон чӣ гуна аст?

Ҷӯрабек Набиев: “Дар Узбекистон рӯзи шашмақом эълон накардаанд, лекин дар онҷо гуруҳҳо ташкил шуд. Бе фармон. Дар Тошканд як маркази ҷудогонаи шашмақом ташкил кардаанд. Ба онҳо дар тамоми Узбекистон мусиқишинос, навозандаи моҳир Абдуҳошим Исмоилов, роҳбарӣ мекунад. Ҳозир таваҷҷуҳ ба шашмақом дар онҷо баланд аст."

ҶӮРАБЕК НАБИЕВ
Соли 1941 дар Хуҷанд таваллуд шуда, соли 1963 донишгоҳро хатм кардааст. То оғози солҳои навадум дар Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ кор карда, як муддат раёсати онро ба уҳда дошт. То соли 1997 гурӯҳи “Дурдона”-ро роҳбарӣ мекард. Соли 2000-ум ба Узбекистон кӯчид, вале баъди ҳафт сол дубора баргашт. Муаллифи беш аз 200 оҳангу суруд аз шоирони классики тоҷику узбек аст. Соли 1971 унвони Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистони Шӯравӣ ва соли 1980 соҳиби унвони Ҳунарманди халқии Тоҷикистон гардидааст. Ҳамзамон дорандаи ҷоизаи “Қартаи тиллоӣ” дар солҳои 80-ум аст.
XS
SM
MD
LG