Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, рӯзи 20-уми май дар шаҳри Пекин бо Си Ҷинпин раҳбари Чин дидор ва гуфтугӯ кард. Меҳвари музокирот амиқтар кардани робитаҳо дар арсаи энержӣ ва намоиши ҷабҳаи воҳид дар баробари он чизе буд, ки ҳарду раҳбар онро «низоми ҷаҳонии таҳти нуфузи Ғарб» меноманд.
Си Ҷинпин дар оғози дидор дар Толори Бузурги Мардум гуфт, Чин ва Русия бояд дастгирии якдигарро барои «рушд ва эҳё» идома диҳанд. Владимир Путин равобити дуҷонибаро дар «сатҳи бесобиқа» арзёбӣ кард ва гуфт, Русия дар сояи ҷанги Эрон ва баста шудани гулӯгоҳи Ҳурмуз, ки бозори ҷаҳонии нафту газро ба мушкил гирифтор кард, як «таъминкунандаи боэътимоди энержӣ» боқӣ мемонад.
Мулоқот дар ҳоле баргузор мешавад, ки Русия талош дорад, қарордодҳои нави дарозмуддати энержиро бо Чин ба имзо бирасонад. Маскав аз ҷумла хоҳони пешрафт дар тарҳи сохтмони лӯлаи гази «Қудрати Сибир-2» аст, ки замони дарозест ба таъхир афтодааст. Ин тарҳ барои Маскав, ки пас аз ҳамлаи Русия ба Украина бозорҳои Аврупоро аз даст дод, аҳамияти ҳаётӣ дорад.
Ҳенрик Вахтмейстер, пажӯҳишгари Маркази Чин дар Пажӯҳишгоҳи Умури Байналмилалии Шветсия ба Радиои Озодӣ гуфт: «То кунун Чин ин масъаларо тӯл медод, аммо мумкин аст, дар ин нишаст вазъ тағйир ёбад».
Дар интизори 21 санади нав
Ҷанг дар Эрон ва ба ҳам задани ҳаракати киштиҳо дар тангии Ҳурмуз, нигарониҳои Пекинро дар мавриди амнияти таъминоти нафту газ ва нооромии дубора дар бозорҳои ҷаҳонии нафт бештар ва зарурати ин музокиротро бештар кардааст.
Таҳлилгарон мегӯянд, ин буҳрон мавқеи Маскавро қавитар кард, то ба Чин нишон диҳад, ки интиқоли нафту газ аз роҳи заминии Русия метавонад, ба Пекин дар коҳиш додани вобастагии худ аз роҳҳои осебпазири баҳрӣ кумак кунад. Агарчӣ Пекин ҳамчунон эҳтиёт мекунад, то ба Русия беш аз ҳад пойбанд нашавад.
Ҳенрик Вахтмейстер гуфт: «Русия ба даромад аз ин тиҷорат хеле бештар ниёз дорад, назар ба он ки Чин ба таври хос ба нафту гази Русия эҳтиёҷ дошта бошад. Русия харидорони алтернативии кам дорад ва ба далели таҳримҳо нафти худро арзон мефурӯшад. Аммо Чин таъминкунандагони зиёд дорад ва як иқтисоди бисёр бузургтар аст».
Сафари Путин чаҳор рӯз пас аз он сурат гирифт, ки Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико пас аз гуфтугу бо Си Ҷинпин Пекинро тарк кард. Ин сафар ҳамчунин нишон медиҳад, ки шарикии Чин ва Русия то чӣ андоза нобаробар шудааст.
Аз сабаби онки иқтисоди Русия зери фишори таҳримҳои Ғарб ва ҷанги тӯлонӣ дар Украина ранҷ мекашад, Маскав барои тиҷорат, фанноварӣ ва даромадҳо аз фурӯши нафту газ беш аз пеш ба Чин вобаста шудааст.
Си Ҷинпин ва Владимир Путин нахуст пушти дарҳои баста ва «дар доираи маҳдуд музокирот» анҷом доданд, ки одатан барои баррасии мавзӯъҳои ҳассос пешбинӣ шудаанд. Сипас музокироти васеъ бо ҳузури ҳайатҳои ду тараф идома кард.
Бино ба иттилои ҳукумати Русия, интизор меравад, ки ду раҳбар шоми 20-уми май шоҳиди имзои 21 санад бошанд, аз ҷумла баёнияи муштарак дар бораи таҳкими «шарикии ҳамаҷониба ва ҳамкориҳои стратегӣ» ва эъломияи дигар дар мавриди тарғиби «ҷаҳони чандқутбӣ» ва «шеваи нави равобити байналмилалӣ».
Ишораи нозук ба Амрикову ҳампаймонҳояш?
Дар баёнияе, ки расонаҳои давлатии Чин нашр карданд, Си Ҷинпин гуфтааст, ки фазои байналмилалӣ «печида ва ноустувор шуда, амалкардҳои якҷонибаи султаталабӣ авҷ гирифтааст». Ин суханон ба таври васеъ ҳамчун ишора ба Иёлоти Муттаҳида ва ҳампаймонҳои он маънидод мешавад.
Ӯ ҳамчунин гуфтааст, Чин ва Русия тавонистанд, равобитро аз роҳи «эътимоди мутақобилаи сиёсӣ ва ҳамкориҳои стратегӣ» амиқтар кунанд. Владимир Путин аз Си Ҷинпин даъват кард, ки соли оянда ба Русия сафар кунад ва гуфт, равобити Маскаву Пекин ба «суботи ҷаҳонӣ» кумак мекунад.
Русия шарикии худро бо Чин бештар ҳамчун далели нокомии талошҳои Ғарб барои инзивои Русия нишон медиҳад. Аммо ин равобит аз соли 2022, яъне пас аз оғози ҳамлаи густурдаи Маскав ба Украина, ба таври назаррас ба манфиати Чин чарх задааст.
Ҳоло Чин бузургтарин шарики тиҷоратии Русия аст ва тақрибан нисфи нафти содиротии Русияро мехарад. Ширкатҳои чинӣ ҳамчунин ба таъминкунандагони асосии молу маҳсулот, таҷҳизоти саноатӣ ва фанновариҳои дорои таъйиноти дугуна табдил ёфтаанд, ки ба гуфтаи мақомоти Ғарб, ба пойдории заминаҳои низомиву саноатии Русия кумак мекунанд.
Пекин мегӯяд, ки ба Русия аслиҳа намефурӯшад ва афзудааст, ки содироти маҳсулоти дорои таъйиноти дугунаро қатъӣ зери назорат дорад.
Ҷанги Эрон баҳсҳоро дар мавриди интиқоли гази Русия дубора зинда кард
Мавзӯе, ки дар ин нишаст бештар аз ҳама мавриди таваҷҷӯҳ аст, тарҳи лӯлаи гази «Қудрати Сибир-2» мебошад. Дар сурати бунёд, қарор аст, ин дӯлаи 2600-километрӣ солона 50 миллиард метри мукааб гази табиии Русияро аз тариқи Муғулистон ба Чин интиқол диҳад.
Русия солҳост, ки барои бунёди лӯла пофишорӣ мекунад, аммо музокирот бар сари қимати тарҳ ва нигарониҳои Пекин аз вобастагии беш аз ҳад ба энержии Русия, борҳо қатъ шуда буд. Ҷанг дар Эрон мумкин аст, ин ҳисобҳоро тағйир диҳад.
Бо халалдор шудани ҳаракат дар роҳҳои киштиронӣ аз тариқи гулӯгоҳи Ҳурмуз, интиқоли иловагии газ аз роҳи заминии Русия барои Чин аз назари стратегӣ ҷолибтар шудааст. Чин бахши аъзами нафт ва гази моеъи худро аз тариқи роҳҳои баҳрӣ ворид мекунад, ки дар сурати сар задани низоъҳо осебпазиранд. Бо ин ҳол, таҳлилгарон ҳушдор медиҳанд, ки гумон аст, ки Пекин ба ин зудӣ гузашт кунад.
Майкл Кимиҷ, директори Пажӯҳишгоҳи Кеннан, як маркази мутолиотӣ дар Вашингтон ба Радиои Озодӣ гуфт: «Аз як нигоҳ, Русия як роҳи ҳалии ин мушкили Чин аст, аммо роҳи ҳалли зуд нест. Махсусан агар ҷанг дар Эрон дар ду-се моҳи оянда ҳаллу фасл шавад».
Чин солҳост, ки манобеи воридоти нафту гази худро гуногун кардааст ва амнияти таъминоти энержии дохилиро аз тариқи фанновариҳои сабз мустаҳкам мекунад ва ҳамзамон хоҳони дастрасӣ ба нафту гази Осиёи Марказӣ ва Ховари Миёна аст.
Ин сафар дар замоне сурат мегирад, ки аз имзои қарордоди шарикии стратегӣ миёни Чин ва Русия 30 сол ва аз имзои Муоҳидаи ҳусни ҳамҷаворӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ миёни ду кишвар 25 сол сипарӣ мешавад.