Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷӯгиёни Афғонистон: "Мурдаҳоро шабона мегӯронем, то мардум набинад" ВИДЕО


Ҷӯгиёни Афғонистон
Ҷӯгиёни Афғонистон

Ҷӯгиён дар Афғонистон мегӯянд, аз ҳуқуқи бунёдии шаҳрвандиашон маҳруманд. Вале мақомот иддао доранд, ки ҷӯгиҳо мисли шаҳрвандони дигари Афғонистон аз тамоми ҳуқуқ бархӯрдоранд.

Илоҳаи 15-сола баъд аз адои синфи якум дигар ба мактаб нарафт. Ӯ мегӯяд, хоҳиши хондан дорад, вале ба мактаб рафта наметавонад. Ҳоло машғули дӯзандагӣ аст.

"Зиёд алоқа доштам, ки ба мактаб равам, аммо нашуд. Тазкира (санади ҳуввият) надоштам. Зиёд хафа ҳастам, ки ба мактаб рафта натавонистам. Аммо то мактаб нахонам, арӯсӣ намекунам. Мактаб, ки нахондӣ, мегӯянд, савод надорад", -- гуфт ӯ дар суҳбат ба хабарнигорони Радиои Афғонистони Озод.

Хондану ёд гирифтан танҳо орзуи Илоҳа нест. Ҳамқавмони дигари ӯ айни қиссаҳоро доранд.

Илоҳа
Илоҳа

Меҳмонгул мегӯяд, "зиёд алоқаманди дарс будам. Ба мактаб рафтем, устод ба мо дарс надод. Гуфт, шумо тазкира надоред, ҷӯгӣ ҳастед. Дигар нарафтем.”

Карим ҳам гуфт, "дар ҳукумати шаҳр будам, кор мекардам. Даҳ-понздаҳ рӯз гузашт. Фаҳмиданд, ки аз қавми ҷӯгӣ ҳастем, маро аз кор ронданд."

Ҷӯгиён дар минтақаи Чамани шаҳри Кобул зиндагӣ мекунанд. Мегӯянд, ки гузаштагонашон баъд аз омадани болшевикҳо аз қаламрави Тоҷикистон ба Афғонистон гурехтаанд.

Муҳиддин, як намояндаи қавми ҷӯгӣ, гуфт, "аз Тоҷикистон ҳастем. Аз худи Кӯлоби Тоҷикистон ҳастем. Вақте ҷанг дар онҷо шуруъ шуд, падарони мо, бобоҳои мо ба Афғонистон ҳиҷрат карданд."

"Мо 120 сол мешавад, ки дар ин ҷо ҳастем. Дар қавми ҷӯгӣ беш аз дусад хона буд, ҳоло аз 5 ҳазор хона гузаштааст. Ҳамааш бе сарнавишт аст, бе мулк аст, бе замин аст, бе ҷойдод аст. Тамоми хоки Афғонистонро нигоҳ кунед, ҳар кадом даҳ-бист сохтмон дорад, мо чӣ гуноҳ дорем, ки дар ин 120 сол ба мо як ҷой, як хонаро надоданд, ки инро ҳавлӣ куну дуруст карда бишин?", -- мепурсад Наҷмиддин.

Вакили ин қавм мегӯяд, ҷӯгиҳо ба далели надоштани шаҳрвандӣ мактабу шифохона ва ҳатто гӯристон надоранд. Собири Кӯлобӣ мегӯяд, "агар фарзандони мо ба мактаб раванд, ба номи "ҷӯгӣ" таҳқир мешаванд. На сарпаноҳ дорем, на ҷойи гӯручӯб. Агар як ҷаноза шавад, мебарем қабристон, дар он қабристон монеи гӯр кардан мешаванд. Аз он қабристон маҷбур ба қабристони дигар мебарем. Билохира рӯзи мо шом мешавад. Ӯро бо як бадбахтӣ шом гӯр мекунем, то мардум набинад.”

Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед:

"Мурдаҳоро шабона мегӯронем, то мардум набинад"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:47 0:00

Идораи омор ва Вазорати ақвому қабоили Афғонистон дар бораи теъдоди ҷӯгиҳо оморе дар даст надоранд. Муҳаммадяъқуб Аҳмадзай, муовини вазири ақвому қабоил мегӯяд, онҳо асосан дар се шаҳр зиндагӣ мекунанд.

Вай афзуд, "қавми ҷӯгӣ тақрибан 50-60 соли пеш аз кишварҳои Осиёи Миёна ба Афғонистон омадаанд. Бештар дар Мазори Шариф, Шибирғон ва Форёб истиқомат мекунанд."

Надоштани санади шаҳрвандӣ, сарпаноҳ, фақру тангдастӣ, маҳрумият аз ҳаққи таҳсилу кор аз мушкилоти аслии ҷӯгиҳо будааст. Аммо Абдулбосит Ансорӣ, сухангӯи Вазорати муҳоҷират мегӯяд, ҷӯгиҳо аз тамоми ҳуқуқ бархӯрдоранд.

“Соли 1998 байни идораи сабти асноди расмӣ ва Вазорати муҳоҷирин тафоҳумнома имзо шуд, ки ин қавм ҳам метавонад шиноснома бигиранд, дарс хонанд, таҳсил кунанд ва аз тамоми ҳуқуқ бархӯрдор бошанд”, -- гуфт Ансорӣ.

Бо вуҷуди ин, мисли Илоҳаву Меҳмонгул духтарони зиёди қавми ҷӯгӣ аз ин ҳуқуқи худ маҳруманд.

XS
SM
MD
LG