Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ин пирӯзии шуҷоат бар хавф аст." Ҳизби ҳоким дар Сербистон чӣ гуна ноком шуд?

Намояндагони "Рӯйхати донишҷӯён" баъд аз эълони нахустин натиҷаҳои интихоботи порлумонии Сербистон. 25-уми октябри соли 2026
Намояндагони "Рӯйхати донишҷӯён" баъд аз эълони нахустин натиҷаҳои интихоботи порлумонии Сербистон. 25-уми октябри соли 2026

Ҳамагӣ чанд соат пас аз поёни интихоботи порлумонӣ дар Сербия, Александр Вучич, президенти акнун собиқ ва яке аз симоҳои асосӣ дар саҳнаи сиёсии ин кишвар, эътироф кард, ки ҳизби ӯ аз ҳаракатҳои сиёсии зери назари донишҷӯёни эътирозгар ноком шудааст.

Ӯ шоми 25-уми октябр гуфт: "Ҳоло натиҷаҳои ниҳоиро дар даст надорем. Бисёриҳо шояд ба ҳайрат оянд ва шумо шоҳиди он мешавед, ки чӣ хел баъзеҳо мардумро фиреб кардаанд. Барои намуна, мехоҳам ба шумо расонам, ки мо дар ин интихобот ноком шудем. "Рӯйхати донишҷӯён" дастболо шуд. Онҳо аз 135 то 140 курсӣ дар ихтиёр хоҳанд дошту ҳизби мо 105 курсӣ."

Александр Вучич
Александр Вучич

Вучич афзуд, кадом гурӯҳи дигаре шомили порлумон нахоҳад шуд. "Ҷамоаи маҷористониҳо соҳиби се курсӣ ва ҷамоаи албаниҳо як курсӣ дар ихтиёр хоҳанд дошт. Умедворам, маро барои ин ҳол гунаҳкор намекунед," – илова кард ӯ.

Барои 250 курсии порлумони Сербистон 18 ҳизбу гурӯҳи сиёсӣ ва беш аз 2400 номзад сабқат кардаанд. Шореҳони зиёд шикасти Вучичро ба бохти сарвазири собиқи Маҷористон Виктор Орбан, ки ҳамеша аз ҳомиёни Владимир Путин дар Иттиҳоди Аврупо буд, шабеҳ медонанд. Вай дар интихоботи порлумонии моҳи апрел, баъди 16 сол курсии нахуствазириро дар Маҷористон аз даст дод.

Раҳбарони ҳаракати Донишҷӯён дар Сербистон исрор меварзанд, ки онҳо ба бунёди давлате замина хоҳанд гузошт, ки дар он ҳақиқат, садои мардум, ҳокимияти қонун ва ояндаи нек кафолат дода шавад.

Радомир Сайчич
Радомир Сайчич

Радомир Сайчич, номзад ба вакили порлумон аз ҳаракати донишҷӯён, гуфт, "ин пирӯзии шуҷоат бар хавф ва зӯроварӣ аст. Сербистон бояд тағйир ёбад. Сипос аз шумо, ки ягон лаҳза, ягон қадам, ягон соат ақибнишинӣ накардед. Сипос аз ҳар касе, ки садо баланд кард, канори ҳам саф кашид. Шумо нишон додед, ки ояндаи мо дар дасти чанд каси баргузида набуда, дар дасти мардум аст."

Интихоботи рӯзи 25-уми октябр дар Сербистон роҳро барои ҳамоиш бо Аврупо ва дур шудан аз зери нуфузи Кремл боз мекунад.

Раиси Шӯрои Аврупо Антонио Коста натиҷаҳои интихоботро хуш пазируфта, изҳори умед кардааст, ки акнун талошу ислоҳот барои узвияти ин кишвар дар Иттиҳоди Аврупо бештар хоҳад шуд.

Дар овоздиҳии рӯзи якшанбе аз миёни 6,6 миллион раъйдиҳандаи серб беш аз 70 дарсад овоз додаанд. Аслан ин маърака пеш аз муҳлати муқарраршуда барпо гардид, зеро фоҷеа дар бинои нави Вокзали роҳи оҳани шаҳри Нови Сад дар соли 2024-ум боис ба эътирозҳои бепоёни мардумӣ ва истеъфои Вучич аз мақоми раисҷумҳур дар моҳи сентябри гузашта гардида буд. Ҳамин тариқ кӯшиши президенти собиқ, ки мехост аз курсии президент ба мақоми сарвазир гузарад, шикаст хӯрд.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Пирӯзии мухолифон дар интихоботи Сербистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:26 0:00
Гӯшаҳо

Гуфтугӯ

​
XS
SM
MD
LG