Дар пайи ҳушдори Лаҳистон (Полша) дар бораи эҳтимоли ҳамлаҳои Русия ба ин кишвар дар зимистони оянда, мақомҳои хадамоти кашфи Аврупо низ дар гуфтугӯ бо рӯзномаи бритониёии "Guardian" ин эҳтимолро матраҳ кардаанд, ки Русия барои озмоиши тавон ва вокуниши НАТО дар ояндаи наздик даст ба иқдоме бизанад.
Ин ҳушдор пас аз он матраҳ шуд, ки Доналд Туск, нахуствазири Лаҳистон, рӯзи 17-уми сентябр ба порлумони ин кишвар гуфт, арзёбиҳои истихборотӣ нишон медиҳанд, ки Русия мумкин аст дар моҳҳои оянда ҳамлае паҳподӣ ё мушакӣ ба хоки яке аз кишварҳои аъзои НАТО анҷом диҳад.
Эммануэл Макрон, раисҷумҳури Фаронса, низ ҳушдорҳои Тускро "мустанад ва қобили боварӣ" хонд ва рӯзи 18-уми сентябр раҳбарони ҳизбҳо ва номзадҳои интихоботи президентии соли 2027-ро барои нишасти изтирорӣ дар Порис (Париж) даъват кард. Дар ин нишаст, аз ҷумла дар бораи маълумоти вобаста ба афзоиши таҳдиди Русия гуфтугӯ шуд.
АФЗОИШИ НИГАРОНИҲО АЗ ЭҲТИМОЛИ ҲАМЛА
Ин нигарониҳо ҳамзамон бо афзоиши ҳамлаҳои ҳавоии Русия ва Украина алайҳи якдигар дар ҳафтаҳои охир матраҳ мешавад. Киев субҳи 20-уми сентябр садҳо паҳпод ва мушакро ба тарафи Маскав ва минтақаҳои дигари Русия партоб кард. Ин ҳамлаҳо яке аз калонтарин ҳамлаҳои ҳавоии Украина давоми таҷовузи Русия ба ин кишвар буд.
Ин ҳушдорҳо пас аз он расонаӣ мешавад, ки Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, чанд рӯз пеш ба хабарнигорон гуфт, бо Владимир Путин, раисҷумҳури Русия "суҳбатҳои хубе" дошт ва бовар дорад, ки ӯ ба қаламрави НАТО ҳамла нахоҳад кард.
Рӯзномаи бритониёии "Guardian" дар гуфтугӯҳои ҷудогонае, ки тайи ҳафтаи гузашта дар гӯшаҳои гуногуни Аврупо анҷом дод, дидгоҳи се мақоми баландпояи истихборотии Аврупо дар бораи таҳдиди эҳтимолӣ аз сӯи Маскавро бозтоб додааст.
Михаил Коуделка, раиси Хадамоти амнияти Ҷумҳурии Чех (BIS) гуфт, илова бар афзоиши фаъолиятҳои паҳподӣ, як ҳамлаи маҳдуд ба хоки яке аз кишварҳои узви НАТО, ки бо Русия марз дорад, низ метавонад бахше аз барномаҳои Кремл бошад.
Ӯ дар як мусоҳибаи камсобиқа дар қароргоҳи ин созмон дар Прага гуфт, "ин имкон вуҷуд дорад. Ин иқдом метавонад шомили як ҳуҷуми маҳдуд, иқдомоти таҳрикомез ё амалиёти парчами дурӯғин ва маъракаи густурдаи нуфуз бошад". Коуделка афзуд, ин сенария мумкин аст давоми "чанд моҳ, на чанд сол" рух диҳад.
ЭҲТИЁТКОРИИ КИШВАРҲОИ НАЗДИ БАЛТИК
Бо ин ҳол, мақомҳои Эстония, Латвия ва Литва -- се кишвари Назди Балтик, ки бо Русия марзи муштарак доранд, дар бораи эҳтимоли ҳуҷум ё печидатар шудани вазъ, эҳтиёткороона суҳбат кардаанд.
Онҳо ба имкониятҳои маҳдуди Русия бинобар ҷанг дар Украина ишора карда ва ҳушдор додаанд, ки бузургнамоии эҳтимолии ҳамла, мумкин аст дар ростои манфиатҳои Кремл бошад.
Нормундс Межвиетс, мудири кулли Хадамоти амнияти давлатии Литва (VDD) дар мусоҳибае дар қароргоҳи ин созмон дар Рига гуфт, "мо нишонае аз як ҳамлаи қарибулвуқуъ намебинем". Ӯ пазируфт, ки нишонаҳое дар бораи ин ки Маскав дар ҳоли омодасозӣ барои иқдомоти қотеътар дар Аврупо аст, вуҷуд дорад, аммо гуфт, мушаххас нест ин барномаҳо танҳо бахше аз як стратегияи бесуботсозӣ ҳастанд ё на.
Сиёсатмадорони кишварҳои Балтик, ки солҳо кишварҳои Аврупои ғарбиро ба нармиш дар баробари Русия муттаҳам мекунад, акнун дар мавқеияти бисёр номаълум қарор гирифтанд ва аз бархе раҳбарони кишварҳои ғарбӣ мехоҳад дар изҳороти умумии худ оромтар бошанд, зеро нигаронанд суҳбат дар бораи як ҳуҷуми қарибулвуқуъ, ба ҷомеа ва иқтисоди онҳо осеб бизанад.
"ВАҲШАТ" ДАР ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ
Йонатан Всевиов, дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Эстония, рӯзи 18-уми сентябр "ваҳшати бавуҷудома дар шабакаҳои иҷтимоӣ" тайи рӯзҳои охир дар бораи эҳтимоли ҳамлаи Русия ба Аврупоро маҳкум кард.
Ӯ дар шабакаи иҷтимоии "Х" навишт, "агар далеле барои тарс аз ҳамла вуҷуд дошта бошад, мутмаин бошед, ки онро ба таври ошкор эълон хоҳем кард. То он вақт ором бошед, ба кори худ идома диҳед ва аз Украина ҳимоят кунед".
Йонатан Всевиов афзуд, "пеш аз соли 2022, мо доиман ба шарикони худ дар Аврупои ғарбӣ дар бораи таҳдиди Русия ҳушдор медодем, аммо бештари вақтҳо касе ба суханони мо гӯш намедод. Дар соли 2022 нигоҳи шарикони мо тағйир кард. Онҳо гуфтанд, ки маълум шуд, кишварҳои Балтик ва Лаҳистон дуруст мегуфтанд".
НОМАЕ, КИ АВРУПОРО НИГАРОН КАРД
Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ дар охирҳои моҳи август номаеро ифшо кард, ки аз нигаронии афзоянда дар бораи таҷовузи Русия ба се кишвари Назди Балтик парда бармедорад ва бо ишора ба "афзоиши батакрори нақзи ҳарими ҳавоӣ", аз "печидагии вазъият" мегӯяд.
Ин нома ба Урсула фон дер Ляйен, раиси Комиссияи Аврупо фиристода шуда буд. Ин нома занги хатаре буд, ки дар тобистон дар бораи таҷовузи Русия ба садо даромад ва дар ниҳоят ба сафари ғайримунтазираи раиси CIA ба Маскав дар рӯзи 23-юми август хатм шуд.
Манбаъҳои огоҳ аз ин сафар рӯзи 24-уми август дар гуфтугӯ бо Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ тасдиқ карданд, ки раиси CIA ба Маскав рафт, то ба Кремл дар бораи афзоиши таниш бо муттаҳидони Амрико, ба вижа Эстония, Латвия ва Литва ҳушдор диҳад ва Маскавро аз ин кор барҳазар дорад.
Ин иқдом пас аз гузориши рӯзномаи The Wall Street Journal сурат мегирад, ки бо такя ба манбаъҳои истихборотии Амрико эълон карда буд, ки Русия мумкин аст тирамоҳи имсол тавоноии НАТО-ро бо як ҳамлаи маҳдуд озмоиш кунад.
Гуфтугӯ