Як гурӯҳ аз коршиносони Сандуқи Байналмилалии Пул (IMF) ду ҳафта бо мақомот ва вакилони мардумӣ дар Тоҷикистон шаффофияти молӣ ва харҷи пулҳои давлатиро баррасӣ кардаанд. Кори онҳо 11-уми ноябр ба поён расид. Гузориш ва машваратҳои нави созмон ба Тоҷикистон дертар таҳияву нашр хоҳад шуд.
Шаффофияти хароҷот дар Тоҷикистон, ки барои фасоду коррупсия ва тамаркузи қудрат дар дасти хонаводаи президент Эмомалӣ Раҳмон танқид мешавад, як мавзӯи доғ мебошад. Ва ин мавзуъ дар таърихи ҳамкориҳои 33-солаи Тоҷикистону Сандуқи Байналмилалии Пул ҳам рӯ задааст.
Каримҷон Аҳмадов, муовини пешини вазири иқтисод, ки таҷрибаи ҳамкорӣ бо Сандуқи Байналмилалии Пулро дорад, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, Тоҷикистон дар радабандии шаффофияти буҷа дар ҷойгоҳи 47-ум ва дар сатҳи поин қарор дорад. Сатҳи миёна аз 61 ва болотар аз он шуруъ мешавад.
"СБП мехоҳад, роҳҳои боло бурдани шаффофияти молиро дар Тоҷикистон маълум кунад ва имтиёзҳое, ки онҳо ба ширкатҳои азиме ба мисли "Талко" ва “Барқи Тоҷик" фароҳам кардаанд, бекор шаванд ва ин пулҳо ба буҷа бирезанд, то ки хеч хатари хароҷоти пинҳонӣ набошад," – шарҳ дод ӯ.
Созмонҳои молие чун Сандуқи Байналмилалии Пул ва Бонки Ҷаҳонӣ борҳо аз додани имтиёз ба ширкатҳои алоҳида дар Тоҷикистон интиқод карда, гуфтаанд, ин раванд шаффоф нест ва танҳо ширкатҳои "худӣ ва наздик ба ҳукумат" аз сабукиҳо бархурдор мешаванд. Мақомдорони тоҷик, аз ҷумла Хуршед Каримзода, раиси Хадамоти гумрук, пештар ин гуна танқидҳоро рад карда, гуфтаанд, Тоҷикистон "ширкати угай надорад" ва имтиёзҳо ба ҳама баробар дода мешавад.
Тоҷикистон кишвари нодор аст. Мақомот наметавонанд нархи барқро то он сатҳе бардоранд, ки имтиёзҳо бекор шаванд. Ин чиз барои аҳолӣ гарон меафтад. Аз назари коррупсия дар Тоҷикистон ҳама медонад, ки кӣ кадом соҳаро дар даст дорад, вале ҳамкорӣ идома меёбад...Каримҷон Аҳмадов
Каримҷон Аҳмадов мегӯяд, ҳоло буҷаи Тоҷикистон бо додани имтиёз 7 миллиард сомониро аз даст медиҳад: "Ин пул барои пардохти фоиз ё баҳраҳои қарзи кишвар кофист, вале ин пул ба буҷа ворид намешавад. Яъне, ин то 20-25%-и маблағҳоеро ташкил медиҳад, ки аз фаъолияти корхонаҳо бояд ба буҷа бирезанд, вале онҳо аз ин чиз озод ҳастанд. Ин чиз аллакай ношаффофиро ба вуҷуд меорад. Ба илова Бонки миллӣ то ҳол ба як ниҳоди мустақил табдил дода нашудааст, дар ҳоле, ки бояд чунин бошад. Ин як ниҳоди вобаста аз ҳукумат шудааст. Ин чизҳо бояд ислоҳ шаванд."
Моҷарои соли 2007
Муовини пешини вазири иқтисод афзуд, ҳайати коршиносони СБП ҳамин чизҳоро санҷида, ба вазорату идораҳои ҳукуматӣ машваратҳо медиҳад. "Мо медонем, ки дар таърихи муносибатҳои СБП ва Тоҷикистон моҷарои соли 2007 дар бораи истифодаи ғайриҳадафмандонаи пулҳо ҷой дошт ва дар матбуот нашр шуд," – афзуд ӯ.
Ишораи Каримҷон Аҳмадов ба моҷарои пешниҳоди иттилои бардурӯғ аст, ки Тоҷикистонро тақрибан даҳ сол аз қарзҳои боимтиёзу грантҳои Сандуқи Байналмилалии Пул бенасиб гузошт.
Пайрав Чоршанбиев, рӯзноманигор ва шореҳи иқтисодии нашрияи "Азия-Плюс", аз он ҳодиса чунин ёд овард: "Моҳи декабри соли 2007 ва январи соли 2008 мақомоти Тоҷикистон ба СБП маълумоти навро дар бораи захираҳои пул ва амалиёти Бонки Миллӣ пешкаш карданд. Маълум шуд, ки иттилои пешинае, ки СБП бар асоси он ба Тоҷикистон қарз медод, нодуруст будааст. Ин созмон талаб кард, ки Тоҷикистон тахминан 47,4 миллион доллар қарзро ҳамроҳи баҳрааш пеш аз муҳлат ба СБП баргардонад."
Ин ҳодиса, ки барои матбуот ва ҷомеаи Тоҷикистон ошкор гардид ва мақомот ҳам тасдиқ карданд, ба обрӯи кишвар латма зад. Ба гуфтаи Чоршанбиев, баъд аз ин як аудити мустақили кори Бонки Миллӣ аз назари амалиёти моливу гузоришдиҳии ин ниҳод барпо ва дар пайи он машваратҳое барои мудирияти беҳтари бонк дода шуд. "Раҳбарияти Сандуқи Байналмилалии Пул соли 2009 нашри хулосаҳои асосии аудитро истиқбол намуда, гуфт, иҷрои машваратҳояшро пайгирӣ хоҳад кард," -- нақл кард Пайрав Чоршанбиев.
Сандуқи Байналмилалии Пул соли 2020, дар аҳди бемории ҳамагири коронавирус, ба Тоҷикистон 189,5 миллион доллар қарзи боимтиёз ҷудо кард, аммо ба шарти он ки Душанбе бояд дар бораи харҷи ин маблағ ҳар се моҳ гузориш диҳад ва матни онро манзури омма кунад. Ҳайати Сандуқи Байналмилалии Пул моҳи апрели соли 2025 низ дар Душанбе мавзӯи мудирияти пулҳои давлатиро мавриди баррасӣ қарор дода буд.
“Пулҳо шаффоф сарф намешаванд”
Каримҷон Аҳмадов, муовини пешини вазири иқтисод мегӯяд, баъд аз моҷарои соли 2007 Тоҷикистон ба унвони як шарики боэътимод обрӯяшро “хеле аз даст дод”.
Вай афзуд: “Мушкил дар ин аст, ки Тоҷикистон вомбаргҳои давлатӣ баровард ва бояд ҳамзамон қарзи хориҷиашро ҳам пардохт кунад. Барои иҷрои ин амалҳо, Сандуқи Байналмилалии Пул хоҳад ё нахоҳад, кишвар бояд сатҳи эътимодашро бо ниҳодҳои байналмилалии молӣ бояд боло барад. Бидуни ин, дастрасӣ ба захираҳои қарзӣ имкон надорад. Аз ин рӯ, ба бовари ман, ҳатто дар ҳамин сатҳи бисёр баланди беэътимодии ниҳодҳои байналмилалӣ ба ҷумҳурӣ, онҳо ҳам дигар илоҷе ба ҷуз ислоҳи вазъ надоранд ва даст ба амалҳое зананд, ки барои дарки беҳтари воқеиятҳои Тоҷикистон равона шудааст."
Мусоҳиби мо гуфт, то ҳол корхонаҳои азим дар Тоҷикистон шеваи гузоришдиҳии байналмилалиро дуруст ба кор намебаранд ва ин чиз қабули қарорро дар бораи додани қарзҳои нав бо мушкил рӯбарӯ мекунад: "Барои намуна, дар робита бо нерӯгоҳи барқи обии "Роғун". СБП то ҳол таъкид мекунад, ки маблағгузорӣ кардани ин тарҳ аз буҷа дуруст нест. Нобоварӣ вуҷуд дорад, чунки пулҳо шаффоф сарф намешаванд. На ҷомеа ва на ниҳодҳои байналмилалӣ намедонанд. Онҳо ҳаминро мехоҳанд ислоҳ кунанд."
Мансабдорони Тоҷикистон мегӯянд, ки пулҳои ҷудошуда барои сохтмони "Роғун" дурусту шаффоф харҷ мешаванд. Аз ҷумла, Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молия, моҳи июли имсол дар нишасти матбуотӣ гуфт, "ширкати байналмилалии “Tractebel Engineering S.A” тамоми кору сохтмону маблағгузории иншоотро назорат мебарад."
Набуди шаффофият яке аз мушкилотест, ки намегузорад, сармоягузорони хориҷӣ ба Тоҷикистон биёянд ё онро кишвари олуда ба фасод ва номуносиб барои ҳамкорӣ ва сармоягузорӣ медонанд. Вазорати корҳои хориҷии Амрико моҳи апрели соли 2026 дар гузориши солонааш гуфт, “бо вуҷуди нашр кардани нуктаҳои асосии буҷаи давлатӣ дар Интернет, Тоҷикистон натавонистааст ба меъёрҳои ҳадди ақали байнулмилалӣ дар заминаи шаффофияти молӣ ҷавобгӯ бошад.”
“Илоҷи дигар нест”
Каримҷон Аҳмадов, муовини собиқи вазири иқтисод, мегӯяд, дар Тоҷикистон қонунҳои зиёд таҳия шудаанд, вале онҳо иҷро намешаванд: "Ман дар таҳияи барномаи аввали ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон иштирок кардаву амалан раҳбар будам. Он замон дар ҳукумат бо мо англисҳо кор мекарданд. Ҳамеша ба ман мегуфтанд, ки ҳамаи ин навиштаҳоро дар коғаз чоп кардаву қонунҳоро қабул кардан ҳанӯз ба маънои иҷро нест."
Як сабабаш, ба гуфтаи ӯ, ин аст, ки "Тоҷикистон кишвари нодор аст. Масалан, мақомот наметавонанд нархи барқро то он сатҳе бардоранд, ки имтиёзҳо бекор шаванд. Ин чиз барои аҳолӣ гарон меафтад. Аз назари коррупсия дар Тоҷикистон ҳама медонад, ки кӣ кадом соҳаро дар даст дорад. Вале ҳамкорӣ идома меёбад, чунки Тоҷикистон давлати мустақил аст ва ҳама мехоҳад як нуқтаи ҳамкориро биёбад ва илоҷе ҷуз мубодила бо хориҷа вуҷуд надорад, қарзи давлатиро додан лозим аст. Тоҷикистон ҳам бояд ҳаракат кунад ва ниҳодҳои молии байналмилалӣ ҳам, то ки як роҳи муштараке пайдо шавад. Илоҷи дигар нест."
Сандуқи Байналмилалии Пул, ки дар ташаккул ва тақвияти низоми молии Тоҷикистони мустақил саҳмгузор мебошад, дар давоми беш аз сӣ соли ҳамкорӣ бо ин кишвар барои мубориза бо фақру бебизоатӣ, рушди иқтисодӣ ва барқарории давраи баъди пандемияи ковид садҳо миллион доллар қарзу грант додааст.
Гуфтугӯ