Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

На боҷ, на молиёт. Имтиёзҳои зиёди ҳукумат ба "Руфтоб" дар Тоҷикистон

Номи ширкати "Руфтоб" дар аввали моҳи майи имсол дар як хабари Кумитаи сармоягузорӣ расонаӣ шуд, вале мақомот номи моликашро эълон накарданд
Номи ширкати "Руфтоб" дар аввали моҳи майи имсол дар як хабари Кумитаи сармоягузорӣ расонаӣ шуд, вале мақомот номи моликашро эълон накарданд

Ҳукумати Тоҷикистон ба як ширкат барои насби панелҳои офтобӣ дар корхонаҳо имтиёз ва сабукиҳои зиёд додааст. Созишномаи сармоягузорӣ бо ширкати "Руфтоб" дар Маҷлиси Намояндагон тасдиқ шуд. Мақомот номи молики "Руфтоб"-ро эълон намекунанд, вале ҳукумат дар солҳои охир бештар ба ширкатҳои наздик ба мансабдорони баландпоя чунин "саховатмандӣ" нишон додааст.

Фаррух Юсуфзода, муовини аввали раиси Кумитаи сармоягузорӣ, рӯзи 26-уми майи имсол дар ҳузури вакилон, гуфт, "мақсади асосии лоиҳа муҷаҳҳаз гардондани корхонаҳо ва истифодабарандагони дигар бо панелҳои офтобӣ, афзоиши истеҳсоли нерӯи барқи офтобӣ, коҳиш додани норасоии иқтидор дар низоми энергетикӣ ва сабук намудани шабакаҳои барқ дар соатҳои авҷи сарборӣ мебошад."

Мақомот мегӯянд, ширкати "Руфтоб" то соли 2030 бо иқтидори то 2000 мегават панелҳои офтобӣ насб мекунад. Сармоягузорӣ дар ин тарҳ, ба иттилои расмӣ, то 1 миллиард доллари Амрико пешбинӣ шудааст.

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Ба гуфтаи муовини аввали раиси Кумитаи сармоягузорӣ, ҳукумат ба ширкати "Руфтоб" имтиёз ва сабукиҳои зиёде додааст. Аз ҷумла, ин ширкат аз рӯзи фаъолияти тиҷоратияш ба муҳлати панҷ сол аз пардохти андоз ё молиёт аз фоидаи шахсони ҳуқуқӣ озод буда, дар идомаи кораш фақат нисфи ин молиётро месупорад.

Ҳамчунин, ширкати "Руфтоб" аз пардохти ними андоз аз даромади шахсони воқеӣ ва андози иҷтимоӣ нисбат ба шаҳрвандони хориҷӣ озод шудааст. "Воридоти таҷҳизот, панелҳои офтобӣ, мошинҳо, мавод ва дигар молу маҳсулоти зарурӣ барои сохтмон ва татбиқи лоиҳа аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷу пардохтҳои гумрукӣ пурра озод карда мешаванд," – гуфт Фаррух Юсуфзода.

Номи "Руфтоб" аввали моҳи майи имсол дар як хабари Кумитаи сармоягузорӣ расонаӣ шуд. Дар бораи ин ширкат дар манобеи боз маълумот нест. Мақомот низ номи соҳиби ин ширкатро нагуфтаанд.

Ҳукумати Тоҷикистон дар охири соли 2025 воридоти панелҳои офтобиро аз пардохти боҷи гумрукӣ ва андоз аз арзиши иловашуда озод кард, аммо дар бораи додани имтиёзи зиёд ба ягон ширкат гузорише нашр нашуд.

Сокинони Тоҷикистон дар фаслҳои тирамоҳ ва зимистон аз камбуди шадиди нерӯи барқ азият мекашанд ва мақомот сабаби инро камбуди об дар обанборҳо мегӯянд. Ҳукумати Тоҷикистон насби панелҳои офтобиро як роҳи ҳалли масъала медонад. Қарор аст, имсол дар ноҳияҳои Ҷайҳун ва Ашт ду нерӯгоҳи офтобӣ бо иқтидори 500 мегават соат барқ сохта шавад.

Созмонҳои байнулмилалӣ борҳо аз додани имтиёз ба ширкатҳои алоҳида дар Тоҷикистон интиқод карда гуфтаанд, ин раванд шаффоф нест ва танҳо ширкатҳои "худӣ ва наздик ба ҳукумат" аз имтиёзҳо бархурдор мешаванд. Мақомдорони тоҷик, аз ҷумла Хуршед Каримзода, раиси Хадамоти гумрук, ин гуна танқидҳоро рад карда гуфтанд, Тоҷикистон "ширкати угай надорад" ва имтиёзҳо ба ҳама баробар дода мешавад.

Сандуқи Байналмилалии Пул ва Бонки Ҷаҳонӣ дар гузоришҳои худ гуфтаанд, имтиёз додан ба ширкатҳои алоҳида таҷрибаи хуб нест, чун дар шароити иқтисоди бозорӣ миёни ширкатҳо рақобати носолимро ба вуҷуд меорад ва аз тарафи дигар буҷаи кишвар аз даромад маҳрум мемонад.

Гӯшаҳо
XS
SM
MD
LG