Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳаммад Солеҳ: "Аз мероси Каримов бояд на танҳо узбекҳо, балки тоҷикон низ халос шаванд" ВИДЕО


Муҳаммад Солеҳ ҳангоми суҳбат. 10-уми декабри соли 2019. Прага
Муҳаммад Солеҳ ҳангоми суҳбат. 10-уми декабри соли 2019. Прага

Муҳаммад Солеҳ, раиси “Ҳаракати мардумии Узбекистон”, дар рӯзҳое, ки кишварҳои Аврупои Шарқӣ 30-юмин солгарди фурӯпошии Шӯравии пешинро таҷлил мекунанд, ба Прага омад. Ӯ дар интихоботи президентии соли 1991 дар Узбекистон рақиби Ислом Каримов буд ва соли 1994 кишварро тарк кард. Ҳоло дар хориҷа зиндагӣ мекунад. Муҳаммад Солеҳ ҳангоми сафараш ба Прага ба чанд суоли Радиои Озодӣ дар бораи вазъи ҳозираи Узбекистон ва равобити ин кишвар бо Тоҷикистон посух дод.​

Радиои Озодӣ: 25 сол мешавад, ки дар хориҷ аз Узбекистон зиндагӣ мекунед. Чаро то кунун ба ватан барнагаштед?

Муҳаммад Солеҳ: "Ба далелҳои сиёсӣ ҳанӯз натавонистаам ба Узбекистон баргардам. Режими Ислом Каримов дар 27 соли сари қудрат будан ба мо натанҳо ба ҳайси як рақиб, ҳатто ба ҳайси як душман менигарист. Моро ба мардум ба ҳайси душмани Узбекистон муаррифӣ мекард. Ба назар мерасад, роҳбарияти кунунӣ низ ҳанӯз аз ин андеша даст накашидааст. Ҳарчанд умед дорем, вале роҳи бозгашт ба Узбекистон ҳанӯз баста аст."

Радиои Озодӣ: Оё хоҳиши баргаштан ба Узбекистонро дар ҷое матраҳ кардед? Оё дар ин бора бо намояндаҳои давлат ҳам мулоқот доштед?

Муҳаммад Солеҳ: "Албатта. Ман мулоқоте анҷом надодаам, вале ба таври расмӣ нома навиштам. Номаи якум барои сипосгузорӣ аз озодшавии бародарам буд ва дар номаи дувум хоҳиши баргаштан ба Узбекистонро карда будам. Аз давлати Узбекистон тақозо кардам, ки маро ба таври расмӣ сафед кунанд. Ин номаро шахсан ба президент Шавкат Мирзиёев фиристодам, вале ҳеч ҷавоб наомад.

Радиои Озодӣ: Ба ҳар ҳол, Шавкат Мирзиёев бо “ҳарифи доимӣ”-и Шумо -- Ислом Каримов -- фарқ мекунад, вале фикр мекунед, чиро ба баргаштани Шумо ба Узбекистон мамониат мекунанд?

Муҳаммад Солеҳ: "Ман низ фикр мекардам, ки Шавкат Мирзиёев сиёсатмадорест, ки бо Каримов куллан фарқ мекунад. Фикр мекардам, ӯ шахси дигар аст ва ақидаи дигар дорад. Вале дидам, ки сиёсати ӯ нисбат ба ман аз сиёсати Каримов тафовут надорад. Инро пас аз се сол мегӯям, чун ман тӯли ин муддат аз ин мард таваққуъ доштам, ки ислоҳоти дохилиро ба анҷом мерасонад. Ман, ба ҳайси роҳбари мухолифин ва пайравонам дар ҳаракат, се соли гузаштаро бо интизорӣ сипарӣ кардем. Мутаассифона, ҳеч гуна тағйироти сиёсӣ рух надод.

Видеои суҳбатро дар инҷо бинед:

Муҳаммад Солеҳ: Дар ҳар ҷое, ки зулм аст, ба зидди он хоҳам буд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:15:44 0:00

Радиои Озодӣ: Фикр мекунед, ки ҳеч ислоҳоте анҷом нашуд?

Муҳаммад Солеҳ: "Ислоҳоти сиёсӣ набуд. Ман инро бо боварӣ мегӯям. Оре, дар заминаи иқтисодӣ баъзе аз таҳаввулот рух дод. Иқдоме ба сӯи озодигароӣ дида мешуд. Вале, аз нигоҳи сиёсӣ ҳеч тағйирот анҷом нашуд. Агар тағйироте мешуд, имрӯз фақат ҳамон чаҳор ҳизбе, ки дар даврони Каримов таъсис шуда буданд, дар интихоботи қарибулвуқуъ ширкат намекарданд. Аммо фақат ҳамин чаҳор ҳизб бе ҳеч тағйир дар интихобот ширкат меварзанд. Яъне, дар фазои сиёсӣ ҳизби тозае ҳанӯз пайдо нашудаааст."

Радиои Озодӣ: Сиёсати хориҷии кишварро чӣ гуна арзёбӣ мекунед? Агар ба муносиботи Узбекистон бо Тоҷикистон бингарем, мебинем, ки Шавкат Мирзиёев яхи равобитро об кард. Тавре ҷонибҳо мегӯянд, муносибатҳо ҳоло хеле хуб аст...

Муҳаммад Солеҳ
Муҳаммад Солеҳ

Муҳаммад Солеҳ: "Мо инро бо хушнудӣ пазируфтем. Хусусан, дар муносибате, ки бо Тоҷикистон доштем, бидуни шак, бунбастро аз байн бурд. Ман ин кори хуби Мирзиёевро ошкоро эътироф ва дастгирӣ кардам. Дар ҳақиқат, он садди оҳанине, ки дар марзи ин ду кишвар ва кишварҳои дигари ҳамсоя, мисли Қирғизистону Қазоқистон, дар замони Каримов вуҷуд дошт, аз байн рафт. Ман аз ин рӯйдод хеле хушҳол шудам ва пуштибонӣ кардам. Бале, дар сиёсати бурунмарзӣ, аз ҷумла дар равобит бо кишварҳои ҳамсоя, дигаргуниҳо ҳастанд. Вале манзури ман сиёсати дохилии Мирзиёев аст. Дар дохили кишвар ислоҳоти сиёсӣ анҷом нашуд."

Радиои Озодӣ: Барои анҷоми ислоҳоти дохилӣ ба Мирзиёев ва тими ӯ чӣ намерасад, ба назари Шумо?

Муҳаммад Солеҳ: "Ҷасорат намерасад. Агар ҷасурӣ мекард ва ба мо – мухолифини режим – иҷоза медод, ки ба кишвар баргардем, ба ҳайси нерӯҳои мухолифин аз сиёсати Мирзиёев пуштибонӣ мекардем. Албата, интиқодро низ қатъ намекардем. Дар чунин сурате, ин режим метавонист ба дунё бо тасвире тоза худро муаррифӣ кунад. Ин амр амалан барои Узбекистон метавонист хеле муфид бошад. Агар мухолифин ба Узбекистон баргарданд, обрӯи Мирзиёев ва эътибори Узбекистон ба ҳайси як кишвари демократӣ дар арсаи ҷаҳонӣ боло мерафт. Баргаштани нерӯҳои мухолифин ба кишвар барои давлат дар амал ба абзоре муҳим тадбил меёфт. Афсӯс, давлат аз ин фурсат истифода накард. Табиист, ки ин далоили айнӣ ва зеҳнӣ дорад. Вале, агар ҳатто ин далоилро канор гузорем, боз ҳам дар ин вазъият нақши шахси аввал муассир аст. Агар шахси аввал барои бахшидани мухолифини давлат ҷасорат пайдо мекард ва ин тасмимро мегирифт, ин имкон пайдо мешуд, ки давлат дар арсаи байналмилалӣ бо тасвире тоза худро муаррифӣ кунад."

Радиои Озодӣ: Агар ба фаъолияти мухолифин дар кишварҳои дигари Осиёи Миёна ҳам назар афканем, мебинем, ки онҳо умдатан дар хориҷ аз кишвар фаъолият мекунанд. Сабабаш чист?

Муҳаммад Солеҳ: "Сабаб ин аст, ки пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ низоми сиёсӣ тағйир наёфт. Пайравони Ҳизби коммунист ҳамчунон дар сари қудратанд. Яъне, зеҳнияти коммунистӣ ҳанӯз ҳам дар кишварҳои мо тағйир наёфтааст. Дар кишварҳои Балтик ин низом барҳам хӯрд, ҳатто дар Русия низ барҳам хӯрд. Албатта, коммунистҳо дар он кишвар ҳанӯз ҳам фаъоланд. Вале агар ба муҳити сиёсӣ нигоҳ кунем, мебинем, ки танҳо кишварҳои Осиёи Марказӣ бидуни тағйир мондаанд."

Радиои Озодӣ: Ба назари Шумо, иллаташ чист?

Муҳаммад Солеҳ: "Иллаташ, ба назари ман, ин аст, ки зеҳнияти сиёсӣ дар ин минтақа бидуни тағйир мондааст. Зеҳнияти коммунистӣ дар мо тағйир накардааст, афсӯс."

Радиои Озодӣ: Барои тағйири ин вазъият, ба назари Шумо, чӣ бояд кард?

Муҳаммад Солеҳ
Муҳаммад Солеҳ

Муҳаммад Солеҳ: "Тағйири ин вазъият ба иродаи мардум вобаста аст. Барои ин бояд шароит ва заминаҳои таърихӣ фароҳам шавад. Мутаассифона, дар ин муддат замина фароҳам нашуд. Бедорӣ ва тамоюл ба озодие, ки дар даврони бозсозӣ (перестройка) дар мардум пайдо шуда буд, дар натиҷаи истибдоде, ки тӯли 25 соли ахир ҳоким буд, хеле заиф шуд. Он шӯру шавқе, ки дар мардум барои озодӣ пайдо шуда буд, ба андозае, ки интизор доштем, натавонист такомул ёбад. Дарвоқеъ, 25 сол фурсати андаке нест. Дар ин муддат мо мунтазир мондем, вале хусусан мардуми Узбекистон зери зулму саркӯбҳои сангине қарор доштанд. Бузургтарини онҳо ҳодисаи Андиҷон буд. Медонед, онҷо садҳо нафар кушта шуданд. Ба ғайр аз ин қатли ом, ҳазорҳо нафари дигар дар зиндонҳо кушта шуданд, бадарға шуданд. Яъне сиёсати қатлу саркӯб дар ҳеч ҷумҳурии дигари Шӯравии собиқ ба андозаи Узбекистон рӯй надодааст. Барои ҳамин, дар сафи мухолифин будан дар Узбекистон масъалаи ҳаёту мамот буд. Агар садои мухолифин имрӯз низ вуҷуд дошта бошад, фикр мекунам, пас, шамъи умеди мардум то ҳанӯз фурӯзон аст."

Радиои Озодӣ: ​Вақте роҷеъ ба равобити байни Узбекистону Тоҷикистон ҳарф мезанем, эҳсос мекунем, ки баъди ба сари қудрат омаданаш Мирзиёев сиёсатеро, ки дар даврони Каримов ҳукмфармо буд, аз байн бурд. Аз ҷумла поксозии минаҳо дар марз ва ғайра. Шумо аввалин сиёсатмадоре ҳастед, ки масъалаи минаҳоро матраҳ ва поксозии онҳоро тақозо карда будед. Барои боз ҳам хубтару қавитар кардани муносиботи ду кишвар чӣ бояд кард, ба назари Шумо?

Муҳаммад Солеҳ: "Якум, раводид бояд пурра бекор карда шавад. Байни на танҳо ин ду кишвар, балки тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ гумрук бояд аз байн бурда шавад. Ин кишварҳо бояд ба ҳайси қаламрави ягонаи иқтисодӣ эътироф шаванд. Албатта, ин кишварҳо дар сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ метавонанд тасмимҳои худро озодона бигиранд, вале инҷо бояд як минтақаи иқтисодии воҳид эҷод шавад. Тиҷорат ва ҳаракати мардум бояд озод бошад. Мо як мардум ҳастем. Узбек, тоҷик, қирғиз, қазоқ ва туркман мардуми як минтақа ҳастем. Метавон гуфт, як миллат ҳастем. Бояд ин ҷуғрофиёи воҳид дубора эҳё шавад. Мо мардуми бародар ҳастем. Мо набояд миллатгаро ва қавмгаро бошем. Мо ҳама мардуми бумӣ ҳастем. Тули қарнҳо якҷо зиндагӣ кардем ва ин бояд идома ёбад. Тухми душманиро роҳбароне мисли Каримов коштанд. Каримов минагузорӣ кард, Каримов раводид ҷорӣ кард. Ин корро на Тоҷикистон, на Қирғизистон ва на Қазоқистон накарданд. Аз мероси Каримов бояд на танҳо узбекҳо, балки тоҷикон, қирғизон ва қазоқон низ халос шаванд. Мо бояд мисли як халқ зиндагӣ кунем. Орзуи ман ин аст, дар замине ки Худо ба мо додааст, бояд мисли бародар зиндагӣ кунем."

Радиои Озодӣ: Дар ин авохир дар бораи пайвастани Узбекистон ба Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё, ки баъзе онро "боғчаи Русия" меноманд, суханони зиёде мешунавем. Назари Шумо ба ин масъала чист? Агар Узбекистон ва ё Тоҷикистон ба ин иттиҳодия бипайванданд, чӣ иттифоқе меуфтад?

Муҳаммад Солеҳ: "Паёмадҳои пайвастан ба ин иттиҳодияро имрӯз ҳам дар Қазоқистон мебинем ва ҳам дар Қирғизистон. Дар баъзе ҷойҳои Қирғизистон мардум алайҳи ин иттиҳодия эътироз мекунанд. Яъне, чизи хуберо дар ин иттиҳодия намебинам. Қазоқҳо низ аз узвият дар ин иттиҳодия норозӣ ҳастанд. Ҳатто Лукашенко аз ин иттиҳодия шикоят мекунад. Бо вуҷуди ин ҳама, боварам намеояд, ки Узбекистон ба ин иттиҳодия таваҷҷуҳ дорад. Агар як узви ин иттиҳодия мегуфт, ки аз ин созмон хеле розӣ аст, зиндагии мардум пас аз пайвастан ба он беҳтар шудааст, он вақт мешуд дар бораи пайвастан ба ин ниҳод фикр кард. Вале вақте ки ҳама норозӣ ҳастанд, Узбекистон барои боз ҳам бадтар кардани вазъияти худ чиро бояд ин корро кунад? Ба фикри ман, ҳам Тоҷикистон ва ҳам Узбекистон аз ин иттиҳодия бояд фосила бигиранд. Мо бояд ин навъ ҳамгироиро дар минтақаи худ ривоҷ диҳем."

Радиои Озодӣ: Чӣ чизеро метавонед дар ин замина пешниҳод кунед?

Муҳаммад Солеҳ: "Дар навбати аввал байни кишварҳои ҳамсоя ва бародар бояд ҳамгироӣ бошад. Бояд як иттиҳодияи қавӣ ва дӯстона байни панҷ кишвари бародар бошад. Ман намегӯям як давлат, балки як иттиҳодия бошад, баъдан мо метавонем дар бораи иттиҳодҳои дигаре фикр кунем, агар муфид бошад. Дар марҳалаи кунунӣ аз ин иттиҳод Узбекистон ҳеч фоида намекунад."

Радиои Озодӣ: Чӣ гуна метавон ин иттиҳодияи навро сохт, ба назари Шумо?

Муҳаммад Солеҳ: "Ба назари ман, ин кори мушкиле нест, агар мо аз сиёсати "мисли Каримов" даст кашем. Ба ҳамон ҳамгироии Шӯравӣ нигаред. Бо вуҷуди он ки аз байн рафт, аммо сояаш ҳанӯз ҳам ҳаст. Ман намегӯям, ки як кишвар бошем. Ба ин зарурате нест. Вале, мо бояд ҳатман ҳамгироии сиёсӣ дошта бошем. Зеро инро ҷуғрофиёи мо, фарҳанги мо, урфу одати мо тақозо мекунанд. Мо мардуми як минтақа нестем магар? Бидуни иттиҳоди воҳиди иқтисодӣ вазъи мо боз ҳам сангинтар мешавад. Агар ин корро ба анҷом расонем, ниёзе ба иттиҳодҳои дигаре нахоҳад буд. Ман ба ин бовар дорам."

Радиои Озодӣ: Баргардем ба суоли аввал: чаҳоряк қарн аст, ки берун аз Узбекистон ҳастед. Боз чӣ қадар омодаед инҷо мунтазир бимонед?

Муҳаммад Солеҳ: "Омодаам, то охири умр дар интизор бимонам. Аммо қисми асосии умри мо низ сипарӣ шуд. Ҳарчи Худо хост, ҳамон мешавад. Кори ман ростгӯ будан ва барои мардумам ақидаҳои хуби худро пешниҳод кардан аст. Аммо муваффақият аз Аллоҳ аст. То имрӯз мо ростгӯ будем ва ростгӯ хоҳем монд, ба амри Парвардигор. Ҷое, ки зулм аст, ба зидди он ҳамеша ҳарф хоҳам зад."

Радиои Озодӣ: Метавонед гӯед, ки дар Узбекистон имрӯз зулм ҳаст?

Муҳаммад Солеҳ: "Албатта. Бо вуҷуди ин ки ман барои мардум ва кишварам кори баде накардаам, маро иҷозаи вуруд ба кишвар намедиҳанд, ин худ зулм аст. Ин зулми азим аст. Ман чӣ кардам? Тамоми умр барои мардумам хидмат кардам. Ман инро метавонам бо рӯйи кушод ва сари баланд бигӯям. Ин ҳақиқатро мардуми ман низ медонанд. Инро Мирзиёев низ медонад. Ман инро ба таври мисол мегӯям: Чаро ба ман иҷоза намедиҳанд, ки ба ватанам баргардам? Ин гуна беадолатиҳо дар Узбекистон беҳисоб аст: иҷоза надодан ба фаъолияти мухолифин; раҳ надодан ба ислоҳот ва ғайра. Адолат ба ҳеч шакл ба ҷое нарасида. Албатта, Мирзиёев баъзе корҳоро анҷом медиҳад, пас аз се сол. Ин корро низ набояд анҷом медод? Ман ҳатто аз корҳои хурди Мирзиёев низ ҳамеша пуштибонӣ мекардам. Масалан, аз ибтикори ӯ барои наздикшавӣ бо Тоҷикистон ман ҳамаҷониба ҳимоят кардам. Ҳам бо Қирғизистон ва ҳам бо Қазоқистон. Боз шудани дарҳо неъмати бузурге буд. Ман хуб будани ин ибтикорро ошкоро эътироф кардам. Вале эроди ман ба сиёсати дохилии кишвар аст. То ислоҳоти сиёсӣ анҷом нашавад, озодии иқтисодӣ фароҳам намешавад. Сиёсати Каримов чунин буд: аввал иқтисод, баъд сиёсат. На. Қатъан на. Аввал сиёсат, баъд иқтисод аст. Агар ислоҳоти сиёсӣ нашавад, пешрафти иқтисодӣ низ имконпазир нест."

XS
SM
MD
LG