Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намояндаи СҶТ дар Тоҷикистон: "Авҷи пандемияи коронавирус нагузаштааст"


Акс аз бойгонӣ

Бактигул Карриева, иҷрокунандаи вазифаи раҳбари намояндагии Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ (СҶТ) дар Тоҷикистон, гуфт, на дар Тоҷикистон ва на дар кишварҳои дигар авҷи пандемияи коронавирус ҳанӯз паси сар нашудааст. Карриева баъд аз тарки мақом кардани Галина Перфилева охири моҳи май ба ин вазифа таъин шуд. Пеш аз ин ӯ намояндаи СҶТ дар Туркманистон буд.

Ӯ рӯзи 5-уми июн дар мусоҳиба бо Радиои Озодӣ дар бораи фарқи омори расмиву ғайрирасмии фавтидагон ва гирифторони COVID-19 дар Тоҷикистон, тарзи муолиҷаи беморон ва худдорӣ аз маъракаҳои серҷамъият суҳбат кард.

Радиои Озодӣ: Оё Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ феҳрасти алтернативии қурбониёни COVID-19 дар Тоҷикистонро дар сомонаи https://kvtj.info таҳқиқ кард? Дар ҷомеа чунин бовар вуҷуд дорад, ки шумори воқеии қурбониёни коронавирус ба маротиб бештар аз омори расмӣ аст. Ҳайати коршиносони СҶТ ба журналистон ваъда доданд, ки ин рӯйхатро мавриди омӯзиш қарор медиҳанд...

Бактигул Карриева: Дар бораи ин сайт хабар дорем. Ба тамоми онҳое, ки азизонашонро аз даст доданд, изҳори ҳамдардӣ мекунем. СҶТ машварат медиҳад, ки тамоми ҳолатҳои фавт аз COVID-19 сабт шаванд. Ин омор бояд ҳолатҳои эҳтимолиро ҳам дар бар бигирад. Дар бисёр ҳолат имкони гузаштан аз тест вуҷуд надорад. Дар чунин ҳолатҳо агар хусусияти эҳтимолии марги инсон ба он монанд бошад, тахмин кардан мумкин аст, ки шахс аз COVID-19 фавтидааст. Бархе таҳрирҳо бо гузашти вақт ҳам ба омор ворид карда мешаванд, вале ин кор ба зиммаи худи кишварҳо аст. Дар шаҳодатномаи марги инсон одатан рамзи ICD, яъне ташхиси байналмилалии беморӣ ворид мешавад, ки он ба иллати COVID-19 даргузаштани инсонро ҳам ишора мекунад. Барои дарки мафҳуми ICD бояд гуфт, ки ин меъёри ҷаҳонии ташхиси маризӣ ва марги инсон мебошад. Чунин арзёбиро одатан табиб ҳангоми пур кардани шаҳодатномаи марг ва ё колбадшикофӣ баъд аз ташхиси ҷасад менависад. Вале бо вуҷуди чунин меъёри ҷаҳонӣ, дар таҷрибаи рамзгузорӣ ҳамеша шарҳҳои гуногун ба кор меравад. Мутаассифона, дар баъзе ҳолат марги одамони зиёд табибонеро, ки шаҳодатнома менависанд, зери фишор қарор медиҳад. Дар натиҷа, дар заминаи мувофиқати шаҳодатномаҳои марг дар байни кишварҳо маҳдудиятҳое муқаррар шудааст. Ба илова бояд гуфт, ки стратегияи тестгузаронӣ дар кишварҳои аврупоӣ аз ҳам фарқ мекунанд. Дар бисёр ҳолатҳо имкон дорад, ки тасдиқи озмоишгоҳии ин ки инсон бемори COVID-19 буд, вуҷуд надошта бошад.

Радиои Озодӣ: Дар бораи алгоритм ё дастурамали муолиҷаи беморони COVID-19 дар Тоҷикистон хабарҳо зиёданд. Чаро дар муолиҷаи ин беморӣ тафовут ҷой дорад? Назари Шумо ба сифати муолиҷаи беморон дар шифохонаҳои Тоҷикистон чӣ аст?

Бактигул Карриева: Ҳайат мо дар Тоҷикистон ба сарсупурдагии ходимони тиб ва ҳамоҳангии фаъолияти онҳо барои кумак ба шумори зиёди беморон баҳои баланд дод. Барои муолиҷаи COVID-19 ҳоло ҳеч методи тасдиқшудаи ниҳоӣ вуҷуд надорад. СҶТ барномаи бо номи “Муолиҷаи ҳамбастагӣ”-ро ҳамоҳанг мекунад. Ин як таҳқиқоти байналмилалии фарогир аст, ки барои ҷамъоварии маводи қобили эътимод ва таҳқиқи муассиртарин роҳи муолиҷа пешбинӣ шудааст. Дар ин таҳқиқот роҳҳои соддаи ҷамъоварии мавод ба кор бурда мешавад, то ки шифохонаҳои дорои беморони аз ҳад зиёд ҳам битавонанд дар он иштирок кунанд. Барномаи “Муолиҷаи ҳамбастагӣ” чаҳор навъи дору ва ё маҷмӯи доруҳоро месанҷад ва фоидаи онҳоро бо муолиҷаи маъмулӣ дар шифохонаҳои машғули табобати COVID-19 муқоиса мекунад. То замоне ки далели собит ба даст наояд, СҶТ аз шеваи муолиҷаи бедалели бархе табибон, анҷуманҳои тиббӣ, ки дар масъалаи COVID-19 ба худмуолиҷа машғуланд, ҳушдор медиҳад.

Радиои Озодӣ: Ҳамкорони аврупоии Шумо аз мақомоти Тоҷикистон хостанд, ки тести санҷишии бештар гирифта шавад ва 100-200 адад дар рӯзро кофӣ нест. Вале ба назар мерасад, то ҳол чизе тағйир наёфтааст, ё мо хато мекунем?

Бактигул Карриева: Сиёсати тестгузаронӣ дар ҳар кишвар аз ҳам фарқ мекунад. Бисёре аз кишварҳо дар Аврупо дар афзоиши тавонмандии худ барои тестгузаронӣ хеле пешрафт кардаанд, чунки дида мешавад, истифодаи маҷмӯи санҷишҳо, таҳқиқи тамосҳои шахси олуда бо дигарон, табобат ва дар инзиво гузоштани онҳо, фосилагириву риояи меъёрҳои беҳдорӣ як роҳи назорати эпидемия ва наҷоти ҷони инсонҳо аст. Машварати СҶТ ин аст, ки шумори ҳарчи бештари мардум, беморон ва гумонбарони COVID-19 аз санҷиш гузаранд, инчунин, бояд нафароне, ки бо онҳо дар тамос буданд ва нишонаҳои бемориро доранд, санҷида шаванд. Шумори бештари тестҳо барои маълум кардани шиддати сар задани беморӣ муҳим аст. СҶТ шумори тестҳои дар як рӯз дар ҳар кишвар анҷомшударо назорат намекунад. Саволҳои бештар дар бораи тестҳоро бояд ба мақомоти беҳдоштии кишвар равона кунед.

Радиои Озодӣ: Бархе мақомоти беҳдоштӣ мегӯянд, дар Тоҷикистон нуқтаи авҷи пандемия гузашт. Бо ин андеша розӣ ҳастед?

Бактигул Карриева: Гуфтани ин ки кишвар авҷи пандемияро пушти сар кард, хеле барвақт аст. Пандемия дар ҳар кишвар ба шаклҳои гуногун мушоҳида мешавад. Бояд вазъро аз наздик мушоҳида кард ва ҳолатҳои гирифторшавиро санҷида, роҳҳои олуда шудани дигаронро ҳам пайгирӣ намуд, то поинравии нишондодҳоро шоҳид шавем. Мавридҳои марг дар муқоиса бо ошкоршавии ҳодисаҳои нави гирифторӣ тахминан як ҳафта дер мекунад ва дар оянда кам хоҳад шуд. Агар дар кишвар тести зиёд барпо шавад, танҳо он замон ҳукумат метавонад бо дили пур бигӯяд, ки авҷи пандемия пушти сар шуд. Бо ин вуҷуд бояд корро дар самти ошкоркуниву санҷиши ҳодисаҳои шубҳаовар ба хотири то як адад овардани ин ҳодисаҳо идома бояд дод. Ин ба он маъност, ки интиқоли вирус ба дигарон имконпазир нашавад. Дар оянда бояд дар ҷомеа як назорати хуб аз вазъият ба роҳ монда шавад.

Радиои Озодӣ: Ба мо баъзе хабарҳо мерасад, ки мақомот дар Тоҷикистон гӯё дар фикри омодагӣ ба таҷлили бошукӯҳи ҷашни ваҳдат ҳастанд. Ҳанӯз дар ин бора тасдиқи расмӣ вуҷуд надорад, вале дар баъзе аз минтақаҳо чунин овозаҳо паҳн шудааст. Шумо дар ин бора чизе медонед?

Бактигул Карриева: Мо дар бораи ҳодисаҳои мушаххас суҳбат намекунем, вале ҳама гуна маъракаҳои серодам ҳамчун ҳодисаҳои зуд тағйирёбанда арзёбӣ мешаванд. СҶТ як дастури раҳбурдии наве нашр кард, ки ба ташкилкунандагон замон ва шеваи азсаргирии корҳоро машварат медиҳад. Ташкилкунандагон бояд хатарҳоро бо назардошти вижагиҳои маҳаллӣ, суръати паҳншавӣ, шумори мардум, наздикии онҳо дақиқ омӯхта, бояд бовар ҳосил кунанд, ки низоми ҷудо кардани одамон аз надикӣ ба ҳамдигар риоя мешавад.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (7)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG