Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷузъиёти ҳамла дар Фархор аз забони шоҳиде, ки зинда монд


Марзи Тоҷикистон бо Афғонистон. Ҳодиса дар ин ҷо рух дод

Сафархон Раҳимов, ронандаи трактори Идораи ҷангали ноҳияи Фархор, дар ҳамлаи гурӯҳи мусаллаҳ дар марз бо Афғонистон ҷон ба саломат бурд. Ӯ яке аз се савори мошини “Нива”-е буд, ки рӯзи 26-уми август мавриди тирборони гурӯҳҳи номаълум қарор гирифт. Дар пайи ин ҳамла Ҳамрохон Саидов, корманди 66-солаи идораи ҷангал ва Давлат Сангинов, корманди 64-солаи хоҷагии зотпарварии “Ҳисор” дар ноҳияи Фархор кушта шуданд.

  • Сафархон Раҳимов рӯзи 30-юми август дар суҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, дар ин ҳамла аз рони пояш захмӣ шуд. Ҳоло захмаш хуб шудааст, вале мегӯяд, ҳар шаб хоби даҳшатнок мебинад.
Сахт тарсидам. Ба ҳадде, ки чӣ тавр то қисми ҳарбӣ расиданамро нафаҳмидам. Бонги хатар зада шуд ва сарбозон ба по хестанд. Ҳама ба ҷойи ҳодиса рафтанд.

“Мо барои алафдаравӣ рафта будем. Хоҷагии ҷангал дар наздикии қисми ҳарбӣ боғ ҳам дорад. Дохили онро бояд тоза мекардем, об додан осон шавад. Аммо то он замин норасида ин ҳодиса рух дод. Якбора мошини моро тирборон карданд”, - ба ёд овард ӯ.

Радиои Озодӣ: Шумо дар кадом курсии мошин нишаста будед ва дар кадом лаҳза тир парронданд?

Сафархон Раҳимов: “Ду нафар дар пеш буд ва ман дар қафо нишаста будам. Мо дар миёни қисми низомии севум ва чаҳорум ҳаракат мекардем. Аз лаби сарҳад, рӯдхонаи Панҷ, тахминан 100-150 метр дур ҳаракат мекардем. Ба фикрам, ҳамлагарон сарҳади худамонро гузашта буданд. Агар аз он тараф мешуданд, моро намедиданд. Онҷо ба ҳадде қамишу алаф баланд аст, ки аз дур ҳатто тракторро дида намешавад. Ба миёни ин алафзор як роҳи нонамоён аст, ки мо аз онҷо мегузаштем. Мошин ҳаракат дошт, ки якбора садои тир баланд шуд. Худамро зуд ба фарши мошин ба шикам партофтам. Дар ҳамин лаҳза, тахминан як дақиқа тирпаронӣ қатъ шуд. Шояд тирҳояшон тамом шуд ё дар силоҳашон аз нав тир мегузоштанд, ки тирпарронӣ накарданд. Дарро боз карда, худамро ба берун ҳаво додам. Даҳ метр ба шикам рафтам ва хестаму ба сӯи қисми низомӣ давидам. Шамол буд ва найзор меҷунбид. Дар миёни найзор маро дида наметавонистанд. Тахминан сесад метр рафта будам, ки бо гранатомет буд ё кадом силоҳи вазнини дигар тир парронданд, ки чангу хок ба осмон хест.”

Радиои Озодӣ: Вақте аз дохили мошин берун шудед, ҳамроҳонатон дар кадом ҳол қарор доштанд? Зинда буданд?

Сафархон Раҳимов: “Ба фикрам, онҳо дар тирпарронии аввал мурда буданд. Вақте тирборон шуд, мошин 60 метр ҳаракат кард ва худаш истод. Тир зоҳиран аз тарафи нишасти ронанда зада шуд. Аввал ронандаро заданд. Ронандаи мошин Ҳамрохон Саидов буд. Вақте тири аввал парронда шуд, худро ба замин партофтам ва аз ронанда хоҳиш кардам, зудтар ронад. Вале ба куҷои баданаш тир расида буд, ки “Оҳ, мурдам” гуфту тамом. Ҳамин сухани охираш буд. Ҳамроҳи дувумам ҳатто садо набаровард. Ба ҳадде пеши мошинро тирборон карданд, ки ҷойи тасвир кардан надорад. Ба фикрам, маро дар миёни найзор надиданд. Ҳодиса соати сеи баъди зуҳр рух дод ва дар соати севуним худамро дар қисми ҳарбӣ гирифтам ва ба сарбозон хабар додам.”

Радиои Озодӣ: Ҳамлагарон кӣ буданд, чӣ гуна либос доштанд ва оё чизе пеш аз ҳамла ё пас аз он аз онҳо шунидед?

Сафархон Раҳимов: “Боз мегӯям, ки алаф бисёр баланд буд. Тамоман надидам, ки кӣ буданд. Ин суолҳоро ҳам муфаттишон вақти тафтиш пурсида буданд. Ба ҷуз аз садои тир, дигар садое аз онҳо нашунидам. Ҳатто дар гармогармӣ захмӣ шуданамро ҳис накардам. Дар ду ҷои баданам захми хурд ҳаст ва духтурон гуфтанд, ки порачаи хурди оҳанро гирифтаанд. Фақат, сахт тарсидам. Ба ҳадде, ки чӣ тавр то қисми ҳарбӣ расиданамро нафаҳмидам. Бонги хатар зада шуд ва ҳама сарбозон ба по хестанд. Ҳама ба ҷойи ҳодиса рафтанд. Дар ҳаво ду чархбол пайдо шуд. Дигар чӣ шуд, намедонам. Дар дилам ҳанӯз тарс ҳаст. Пеши чашмам он ду ҳамроҳи ҳалокшудаам меояд ва садои тир дар гӯшҳоям садо медиҳанд. Аммо онҳо чаро моро заданд ва чӣ ҳадаф доштанд, намедонам.”

Мақомоти марзбонии Тоҷикистон мегӯянд, афроди силоҳбадасти ношинос рӯзи 26-уми август ба таври ғайриқонунӣ марзи Афғонистону Тоҷикистонро убур карда, дар роҳ ба сӯи мошини сокинони Фархор оташ кушоданд. Дар натиҷа, ду нафар кушта ва як нафар захмӣ шуд. Бархе манбаъҳо ҳамлагаронро аъзои Толибон номиданд.

Ба дунбол бархе аз манобеъ иддао карданд, ки ё чархболҳои Тоҷикистон ваё Русия маҳалли Толибонро дар вилояти Тахор ҳадаф қарор додааст. Ҷониби Тоҷикистон гуфт, ҷустуҷӯи гуруҳи мусаллаҳи ношинос идома дорад, аммо онҳо дар хоки Афғонистон ҳеч амалиёт накардаанд. Русия низ чунин иддаоро рад намуд. Сухангӯи Толибон гуфт, Тоҷикистон бо қочоқбарони маводи мухаддир даргир шудааст, на инки ба онҳо ҳамла кардааст.

Тафсилотро дар инҷо бихонед:

Толибон: Тоҷикистон ба қочоқбарон ҳамла кард, на ба мо​

Шарҳҳоро бинед (9)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG